×

ПЕШНИҲОДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР „РАВАНДИ АҚАБА“: АҲАМИЯТИ АМИҚИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОИ ОН

Бозгашт ба мавод

ПЕШНИҲОДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР „РАВАНДИ АҚАБА“: АҲАМИЯТИ АМИҚИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОИ ОН

ИОМДОА Сиёсат 09-11-2026 ш.Душанбе
ПЕШНИҲОДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР „РАВАНДИ АҚАБА“: АҲАМИЯТИ АМИҚИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОИ ОН

(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, Остона,5-6 ноябри соли 2026)

Ҷаҳони муосир дар давраи нави технологӣ қарор дорад, ки дар он технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ на танҳо иқтисод, балки низоми амнияти байналмилалиро низ шакл медиҳанд. Дар ин замина, баргузории нишасти байналмилалии «Раванди Ақаба» дар шаҳри Остона нишон дод, ки амнияти рақамӣ ба як бахши ҷудонашавандаи геополитикаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба як ҷанбаи муҳим — хавфи истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор ва усулҳои пешгирии он ҷалб намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки пешрафти бесобиқаи фанновариҳо барои густариши арсаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф ва такмили низоми идоракунии давлатӣ имконоти фаровон фароҳам меоварад. Дар айни замон технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, хусусияти ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои нави амниятиро ба вуҷуд меоранд. Дар ин замина имкони истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва тундгаро боиси нигаронии амиқ мебошад. Сохторҳои террористӣ ва ифротгаро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби пайравони нав, таъсиррасонӣ ба афкори умум ва тавлиди иттилооти бардурӯғ аз имкониятҳои технологияҳои муосир васеъ истифода мебаранд.   Он ҳам боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир, хусусан силоҳи қатли ом истифода намоянд, ки хатарҳои ҷиддии амниятиро эҷод менамояд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша дар шакл ва воситаҳои зерин амалӣ мегардад. Пеш аз ҳама, агар дар даҳсолаҳои аввали асри XXI гурӯҳҳои террористӣ аз интернет танҳо барои таблиғот ва ҷалби аъзо истифода мебурданд, акнун дар соли 2026 онҳо ба истифодаи алгоритмҳои интеллектуалӣ ва таҳрҳои васеъ гузаштаанд. Системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд нуқтаҳои заифи кодҳои компютерии инфрасохтори муҳими давлатиро (системаҳои энергетикӣ, бонкӣ, таъминоти об ва алоқа) мустақилона ошкор ва ба онҳо ҳамла кунанд. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар биоинформатика ва химия метавонад ба гурӯҳҳои ҷинояткор имкон диҳад, ки формулаҳои нави силоҳҳои биологӣ ё кимиёвиро бе мушкили дар лабораторияҳои гаронқиммат таҳия созанд. Инчунин, истифодаи ғаразноки зеҳни сунъӣ барои буҳронҳоро дар давлатҳо ба вуҷуд овардан истифода мегардад. Алгоритмҳои тавлиди аксу видеоҳои сохта ва матнҳои бо зеҳни сунъӣ навишташуда  воситаи асосии манипулятсияи шуури ҷамъиятӣ ва эҷоди бӯҳронҳои сиёсиро дар дохили давлатҳо тавлид месозанд.

Барои муқовимат ба ин таҳдидҳои нави геополитикӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доктринаи чормарҳаларо пешниҳод намуд. Ҳар як аз ин самтҳо дорои заминаи амиқи стратегӣ ва амалӣ мебошад. Аз ҷумла:

- истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ. Ин пешниҳод ба зарурати бартараф намудани «холигии ҳуқуқӣ» дар ҳуқуқи байналмилалӣ далолат мекунад. Имрӯз ягон конвенсияи ҷаҳонии фарогир, ки истифодаи зеҳни сунъиро дар соҳаи амният танзим кунад, вуҷуд надорад. Тоҷикистон хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти сарпарастии СММ «Кодекси байналмилалии рафтор дар соҳаи зеҳни сунъӣ»-ро таҳия намояд. Масъулиятнокӣ маънои онро дорад, ки давлатҳо ва ширкатҳои коркардкунандаи технологияҳо бояд барои оқибатҳои геополитикии маҳсулоти худ ҷавобгӯ бошанд.

-  танзими қатъии технологияҳо ва муҳофизати соҳибихтиёрии технологӣ. Пешгирӣ аз ворид шудани зеҳни сунъӣ ба дасти доираҳои экстремистӣ назорати қатъии занҷираи таъминоти технологиро талаб мекунад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бояд соҳибихтиёрии рақамии худро ҳифз намоянд. Ин банд даъват ба ширкатҳои бузурги технологӣ мебошад, то алгоритмҳои худро тарзе маҳдуд созанд, ки истифодаи онҳо бо мақсадҳои низомию харобкорӣ аз ҷониби шахсони сеюм ғайриимкон гардад.

- ҳамоҳангсозии мақомоти амниятӣ ва мубодилаи иттилооти оперативӣ. Дар киберфазо мафҳуми «сарҳади давлатӣ» маънои анъанавии худро гум мекунад. Ҳамла метавонад аз сервере дар як қитъа оғоз шуда, ба инфрасохтори қитъаи дигар зарар расонад. Аз ин рӯ, усулҳои муҳофизати инфиродии давлатҳо натиҷабахш нестанд. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъол кардани ҳамкории мустақими хадамоти махсус ва ташкили Марказҳои муштараки мубориза бо кибертаҳдидҳо, василаи воқеии муқовимат мебошад.

- омилҳои инсонӣ: Баланд бардоштани саводи рақамии ҷавонон ва амнияти идеологӣ. Ин самт унсури аз ҳама муҳим ва ояндадори консепсияи Тоҷикистон аст. Аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷавонон гурӯҳи аз ҳама осебпазир дар баробари ифротгароии маҷозӣ мебошанд. Алгоритмҳои муосири шабакаҳои иҷтимоӣ тарзе сохта шудаанд, ки таваҷҷуҳи корбарро ба маводҳои экстремалӣ ва радикалӣ ҷалб кунанд. Баланд бардоштани саводи рақамии ҷавонон на танҳо омӯхтани фанҳои компютерӣ, балки ташаккули «тафаккури интиқодӣ дар фазои маҷозӣ» аст. Ин усул ба ҷавонон имкон медиҳад, ки иттилооти саҳеҳро аз фейкҳо ва идеологияҳои харобкор мустақилона фарқ кунанд ва устувории психологии худро нигоҳ доранд.

         Ҳамин тариқ, таҳлили консептуалии пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» дар Остона (ноябри соли 2026) нишон медиҳад, ки амнияти рақамӣ акнун ба асоси соҳибихтиёрии давлатҳо дар асри XXI табдил ёфтааст. Нигоҳи стратегии Тоҷикистон, ки чор самти калидиро (аз танзими ҳуқуқӣ то тарбияи рақамии ҷавонон) дар бар мегирад, як тарҳи фарогир ва мукаммал барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Пешниҳоди ҳамкории зич миёни «Раванди Душанбе» ва «Раванди Ақаба» нишондиҳандаи дипломатияи фаъоли Тоҷикистон аст. Ин иқдом собит месозад, ки ягон давлат, ҳатто бо технологияҳои пешрафтатарин, наметавонад ба танҳоӣ дар баробари киберҷиноятҳои фаромиллӣ истодагарӣ кунад.

РАҲИМОВ Дилшод.

ходими хурди илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши маъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ