×

ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАР: ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Бозгашт ба мавод

ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАР: ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

ИОМДОА Сиёсат 26-08-2026 ш.Душанбе
ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАР: ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» якдилона қабул кард. Ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори рӯзномаи сулҳу амнияти глобалӣ эътироф шудааст. Қатъномаи мазкур идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат ва мактаби нодири сулҳофарии тоҷикон мебошад.

Тоҷикистон таҷрибаи беназири ба даст овардани сулҳ ва оштии миллиро дорад. Маҳз хирад, ҷасорати сиёсӣ ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, ваҳдату осоиштагии сартосарӣ таъмин гардид.

Имрӯз, ки ҷаҳони муосир бо буҳронҳои шадиди геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои нав ба нав рӯбарӯ аст, таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як намунаву дастури арзишманд хизмат мекунад. Пешниҳоди ин даҳсола аз ҷониби Роҳбари давлат нишонаи дурбинӣ ва масъулияти баланди шахсияти таърихӣ дар назди ояндаи инсоният аст.

Қатъномаи мазкур ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, бахусус ба иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» такя мекунад. Санади мазкур самтҳои зерини стратегиро барои ҷомеаи байналмилалӣ муайян менамояд, ки ин санад аз таҳкими амнияти глобалӣ, яъне аввалан - пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо тавассути дипломатия, муколама ва роҳҳои сиёсӣ, пешбурди фарҳанги сулҳ, дуввум - тарғиби таҳаммулпазирӣ, адами хушунат, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо, сеюм - ҳамбастагии байни наслҳо, ки ин аз дастгирии таомул ва муколамаи созанда миёни кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон маншаъ мегирад, чаҳорум - ҳифзи манфиатҳои оянда мебошад. Ба назар гирифтани ниёзҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳои байналмилалӣ.

Қабули якдилонаи ин қатънома аз ҷониби давлатҳои узви СММ гувоҳи нуфузи баланди байналмилалии Тоҷикистон ва эътирофи саҳми бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон қаблан низ бо ташаббусҳои глобалии худ дар соҳаи об ва иқлим машҳур буд ва ин иқдом мавқеи кишварро дар рӯзномаи сиёсӣ ва амниятии ҷаҳон боз ҳам устувор гардонд.

Қатънома аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки сулҳро на танҳо дар сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ, балки аз оила, ҷомеа ва кишвар оғоз карда, онро ҳамчун арзиши олии башарӣ ҳифз намоянд.

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон кардани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» як туҳфаи арзишманди миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ин иқдом собит месозад, ки Тоҷикистон на танҳо сулҳи худро устувор нигоҳ медорад, балки барои ояндаи орому осоиштаи кӯдакону ҷавонони тамоми сайёра саҳми беназир мегузорад.

Дар шароити муосири гузариши низоми сиёсии ҷаҳон ба сохти бисёрқутба ҳифзи сулҳ ба масъалаи калидии зиндамонии инсоният табдил ёфтааст. Дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамчун харитаи роҳ барои пешгирӣ аз бархӯрди қутбҳои қудратманд хидмат мекунад. Сулҳ дар ҷаҳони бисёрқутба кафолати ҳамзистии мусолиматомези мебошад.

ЗИЁЕВ Субҳиддин,

мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

МАҶИД Расул,

ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ