Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню йорк дар санаи 25 сентябри соли 2024 баргузор гардид, ибратомӯз буда, авзои сиёсии ҷаҳони муосир ва паёмадҳои табиии осебпазирро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ мекунад. Оғози ин суханронӣ далели вазъи нобаҳангоми сиёсӣ дар сайёра маҳсуб мешавад. Бинобар ин, Пешвои миллат барҳақ аҳволи башарро дар замони муосир хеле ҳассос муаррифӣ намуданд: “Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару тахдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар ин замина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ ба мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад” [2].
Бояд мутазаккир шуд, ки бо дарназардошти буҳрон дар сиёсати байналмилалӣ ва тақвият пазируфтани “ҷанги сард” миёни қудратҳои ҷаҳонӣ зарурати рӯоварии ашхоси сиёсатпеша ба сулҳу салоҳ ва баҳамоварӣ пайдо шудааст. Аз ҳамин хотир, Пешвои миллат зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ягона роҳи воҳид бобати ҳамзистии минбаъда созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда маҳсуб мешавад: “Мусаллам аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад. Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем” [2].
Мусаллам аст, ки айни замон дар манотиқи гуногуни сайёраамон ҷангу низоъҳои хатаровар ба осоишу оромии башар халал ворид сохта, сарнавишти минбаъдаи инсонҳоро зери суол мегузоранд. Қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд зимни татбиқи ҷанги сард бар ҳарифони хеш дар манотиқи гуногуни сайёра ғолиб оянд. Онҳо фаромӯш сохтаанд, ки ҷанги сард ғолибу мағлубро ба бор намеорад. Ба ибораи дигар, агар хулоса шавад, ки чунин тарҳрезӣ шудани ҷанг барои қудратҳои ҷаҳонӣ аз хотири ҳифзи манофеъ ва амният аст, хато хоҳад буд, чунки таҳия ва татбиқи ҷанг дар манотиқи мухталиф пеш аз ҳама, тиҷорат ва судҷӯйӣ мебошад. Маҳз барои татбиқи бузургтарин тиҷорати сатҳи ҷаҳонӣ, ки ҷанг асту қудратҳои ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунанд, ки силоҳи гаронқадрро ба маърази тамошо гузошта аз фурӯши он суд бинанд, омили асосии татбиқи ҷангҳо дар манотиқи гуногун маҳсуб мешавад. Ҳар яке ҳастии худро дар побанд намудани минтақаҳои нав дида, дар ҳалоки башар сахткӯш мебошанд, чунки афзудани теъдоди одамон имрӯз беш аз пеш ашхоси сиёсатпешаро бобати кам кардану татбиқи меъёри нуфузи инсонҳо ба фикр водор кардааст.
Бинобар ин, бо дарназардошти сатҳи ҷаҳонии татбиқи сиёсат Пешвои миллат таваққуф намуда, зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки алайҳи ҷангҳои хонумонсӯз сулҳу созишро истифода карда, бобати амну осоиши башар чораҷӯйӣ бояд кард. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби СММ Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул гардад: “Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки барои тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешем. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад” [2].
Дар замони муосир тарғибу интишори афкори исломситезӣ мушоҳида мешавад. Ҳанӯз дар даҳсолаи ахири садаи XX ҷомеашиносони амрикоӣ бобати таҳияи афкори исломситезӣ доктрини “Давлати исломӣ”-ро муносиб дида, сиёсисозии динро ҷиҳати бад кардани муслимини ҷаҳон айни мудаао донистанд. Вақте ки доктринаи мазкур татбиқ гардид, баъзе пайравони дини ислом ба он мутаваҷҷеҳ гашта, оқибат аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ суиистифода шуданд. Бархе аз ҳамватанони мо низ ба ин фитна гирифтор омада, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомил гардиданд ва дар пайдоиши афкори исломситезӣ саҳм гузоштанд. Боқимондаҳои ин ҷараён алҳол бо дастури хоҷагони хориҷии худ таҳти унвони “Бахши хуросонии Давлати исломӣ” дар марзҳои Аврупои Шарқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳадафҳои исломситезон ба тахрибкорӣ машғул мебошанд, ки намунае аз кирдорҳояшон дар амалҳои террористон сабти ном шудааст. Бинобар ин, айни замон ногувор сохтани вазъи дохилй ва мавқеи байналмилалии кишваре бо истифода аз шаҳрвандони гумроҳгардида кори ончунон мушкил наменамояд ва қудратҳо ҷиҳати ҳифзу паҳншавии мавқеи геосиёсии худ омодаанд дилхоҳ давлати рӯ ба инкишофро бо гуноҳи терроризм айбдор кунанд. Магар амалҳои терорристии муосир идомаи фаъолияти “Давлати исломӣ” нестанд, ки масъулини соҳаи истихбороти Ғарб онро барои ҳифзу интишори манфиатҳои худ таҳия ва роҳандозӣ сохтанд?
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуданд, ки аксар кишварҳои рӯ ба инкишофро афзоиши афкори исломситезӣ ва сиёсати духӯраи қудратҳои ҷаҳонӣ нигарон кардааст: “Мо бар ин назарем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ бояд амалҳои муштарак ва муассирро анҷом диҳад. Дар баробари ин, солҳои охир афзоиши афкори исломситезй, инчунин, падидаи истифода аз “сиёсати духура” дар муносибатҳои байналмилали боиси нигаронӣ гардидааст” [2].
Дар воқеъ, падидаи маъмул дар муносибатҳои байналмилалӣ стандартҳои дугона мебошад, ки ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати баъзе давлатҳост, дар ҳоле ки истифодаи расмии стандартҳои дугона тибқи қонунгузории байналмилалӣ рад карда мешавад. Мо дар муносибатҳои байналхалқӣ бисёр ҳаводиси стандартҳои дугонаро дида метавонем ва мисоли равшани он мубориза бо терроризм аст. Ғарб аз он истифода мекунанд, ки терроризм як падидаи хеле мураккаб ва зиддиятнок буда, шаклҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Баъзе давлатҳои Ғарб ҳанӯз дар замони ҷанги сард он қувваҳоеро, ки ба усулҳои террористии муборизаи мусаллаҳона истифода мекарданд, агар ин ба манфиатҳои онҳо мувофиқ бошад. Масалан, дар Афғонистон онҳо терроризмро дар бархурд бо Иттиҳоди Шуравӣ дастгирӣ менамуданд. Ғарб низ нисбат ба рақибони сиёсии худ аз сиёсати стандартҳои дугона истифода мекунад, ки онро дар мисолҳои гуногун мушоҳида кардан мумкин аст. Самти дигар, ки дар он стандартҳои дугона амал мекунанд, соҳаи тиҷорати байналмилалии силоҳ аст. Бинобар ин, манзури Пешвои миллат аз сиёсати духӯра ҳамон стандартҳои дугона аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ бо истифода аз он ақибмондагии кишварҳои рӯ ба инкишофро таманно менамоянд. Муноқишаҳои мусаллаҳона майдони мусоид барои татбиқи стандартҳои дугона мебошанд. Аксар вақт ин мавзуъ бо мушкилоти терроризм мепайвандад ва дар ин ҷо мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки аз овардани онҳо ҷиҳати амну субот дар минтақа худдорӣ мекунем. Амалияи истифодаи стандартҳои дугона дар муносибатҳои байналхалқӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин гуна падидаҳои сиёсӣ аз ҷиҳати ахлоқӣ дурусттар пеш бурдани сиёсатро чун қоида кишварҳои тараққикардаи Ғарб истифода мебаранд. Чунки дар ин мубориза ҳамаи воситаҳо хубанд.
Никколо Макиавелли ин падидаро риоя намуда, таъкид мекард, ки дар сиёсат барои эҳсос ҷой нест ва сиёсатмадори хуб метавонад ба манфиати давлат дӯстро баробари душман фиреб диҳад. Аммо, мутаассифона, он чизе, ки барои як халқ хуб аст, барои дигараш бад аст. Таъкиди Пешвои миллат низ аз истифодаи “сиёсати духӯра” маҳз ҳамин аст: чизе ки барои шумо қобили қабул мебошад, барои мо зиён мерасонад. Масалан, зимни баррасии қазияи Фаластин, Сарвари давлат роҳи сулҳу созишро аз ҳама гуна зуҳуроти стандартҳои дугона авлотар дониста, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсис намудани давлати мустақили Фаластин мебошад: “Тоҷикистон бар он назар аст, ки ҳалли ниҳоӣ ва воқеии ин қазия танҳо тавассути иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 имконпазир мебошад. Умед дорем, ки ҷонибҳои даргир барои оташбас ва роҳандозии музокироти сулҳ икдом карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати эҳёи суботи пойдор дар Фаластин тадбирҳои муассир хоҳад андешид” [2].
Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бавижа, Сарвари сиёсии он нисбат ба кишварҳои ҳамсоя дар рӯҳияи некандешӣ роҳандозӣ шуда, ормонҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллатро иқтизо менамояд. Бояд мутазаккир шуд, ки Роҳбари давлат дар тӯли 30 соли охир бобати баррасии қазияи Афғонистон аз минбарҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати рафъи ақибмондагӣ ва таъмини рушду тараққии ҳамсоякишвар ҳарф мезананд. Аз ҷумла, зимни суханрониашон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар санаи 25 сентябри соли 2024 баргузор гардид, таъкид намуданд: “Ҳамчунин, мо ҷонибдори истиқрори сулҳу суботи пойдор ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистони ҳамсоя ҳастем. Ба ин мақсад Тоҷикистон ҳамеша омодаи мусоидат дар масири эҳё ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти осоишта дар Афғонистон мебошад” [2].
Шарқи Наздикро дуруст яке аз минтақаҳои таркишовари ҷаҳон меноманд. ки бо низоъҳои сершумори мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароии динӣ алоқаманд аст. Дар солҳои охир минтақаи Шарқи Наздик ба меҳвари низоъҳои байналхалқӣ табдил ёфт, ки на танҳо ба давлатҳои алоҳидаи Шарқи Наздик дахл дорад, балки тамоми системаи амнияти минтақаро зери хатар мегузоранд. Яке аз мушкилоти муҳими амнияти минтақавӣ дар Шарқи Наздик ин муттаҳид нашудани манфиатҳо, ақидаҳо ва принсипҳои аксарияти фаъолони минтақавӣ мебошад. Кишварҳо наметавонанд дар бисёр масъалаҳои муҳим ва низоъҳои ҷорӣ ба далели чанде ба мувофиқа бирасанд. Сабаб мубориза барои сарварӣ дар минтақа, вобастагии ҳарбӣ аз Ғарб, ихтилофи динӣ-мазҳабӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Илова бар ин, омили муҳимми тезутунд шудани вазъи минтақавӣ дахолати фаъоли бозигарони беруназминтақавӣ маҳсуб мешавад. Аксар вақт субъектҳои ғайриминтақавӣ, ки ба ҳалли буҳрони минтақа дахолат мекунанд, манфиатҳои якхела доранд, вале нақшаи умумии амалиёт надоранд, ки ин вазъиятро боз ҳам тезутунд мегардонад.
Ҳамаи ин омилҳо ба кишварҳо имкон намедиҳад, ки ягон иттиҳодияи қавии ҳамгироӣ таъсис диҳанд, ки дар шароити ноустувории тартиботи ҷаҳонӣ боқӣ монда, ба ҳалли масъала ва канорагирӣ аз низоъҳои дарозмуддат саҳм гузоранд. Илова бар ин, ин омилҳо на танҳо ба беҳбудии ҳадди ақали муносибатҳо мусоидат намекунанд, балки танҳо ихтилофҳои амиқи байни субъектҳои минтақавиро амиқтар мекунанд. Аз ҳамин хотир, Шарқи Наздик яке аз махзанҳои зиддиятҳое мебошад, ки ба амнияти ҷаҳон тахдид мекунанд.
Башар алҳол дар қиёс бо дирӯз бештар пешрафт мекунад, агарчи рушди бесобиқаи техника ба буҳрони маънавӣ мусоидат намудааст, лекин камолу тақвият ёфтани инсон дар замони муосир бештар ба мушоҳида мерасад. Новобаста аз ивазшавиҳою тағйирёбиҳо, мо эҳсос мекунем, ки такмил меёбем ва чунин рушди ҳангуфт ба эътиқоди башар ҳеҷ рабте надорад. Бинобар ин, Пешвои миллат зимни суханронии худ ба масъалаҳое таваҷҷуҳ намудаанд, ки барои инсон таъсиргузоранд ва мавриди баррасӣ қарор додани онҳо аз минбарҳои СММ шоистаи таҳсин мебошад. Масалан, соҳаи обу бехдошт дар суханони Сарвари давлат чунин инъикос шудаанд: “Дар асоси маълумоти ниҳодҳои марбутаи Созмони Милал, пешрафт дар соҳаи об ва беҳдошт, бо вуҷуди беҳбудиҳои алоҳида, ҳанӯз қонеъкунанда нест. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳое, ки аз натиҷаи Конфронси оби соли 2023 дар “Рӯзномаи амали об” бармеояд, бо ҳама тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъол дорад” [2].
Бояд мутазаккир шуд, ки ташаббусҳои созандаи дохиливу байналхалқии Пешвои миллат алҳол дар фазову вақти холӣ пайдо нагардидаанд. Аз рӯзе, ки ба Сарвари давлатамон минбар омода намуданд, номбурда нахустин ҳарфашон ин буд: Ман ба шумо сулҳ меорам. Ба ибораи дигар, ду самти асосии гуфтаҳову навиштаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми беш аз сӣ панҷ соли охир сулҳу озодӣ ва обу ободӣ маҳсуб мешавад. Сулҳхоҳиву сулҳҷӯйии Пешвои миллат шоистаи таҳсин буда, айни замон ба таҳқиқи холисона ниёз дорад, зеро мо чунин ташаббуси созандаро дар сатҳи байналмилалӣ мушоҳида намекунем, ки раҳбари давлате пайваста аз минбарҳои бошукуҳ бобати сулҳу осоиш ҳарф занад. Бинобар ин, қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”, ки ташаббуси башардустонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад аҳамияти таърихӣ дошта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷонибҳои даргир сари ин масъала андеша кунанд.
ҚУРБОНОВА Ширин,
сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои таърих
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Арунова М. Афганская прблема и соседные мусульманские страны. - М.: 2014, - 200 с.
2. Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид. 25.09.2024.