9 ноябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, саноат ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки густариши муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад. Ҳамзамон, ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи формати «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» таъкид намуданд, ки дар заминаи он муносибатҳои байни ду минтақа ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шудаанд. Зимни мулоқот ба масъалаҳои рушди энергетикаи сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамчунин, имкониятҳои густариши робитаҳои нақлиётӣ, пайвастани кишвар ба долонҳои минтақавии нақлиётиву логистикӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба бозорҳои аврупоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Самти дигари муҳими музокиротро рушди саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коркарди захираҳои табиӣ ташкил дод, аз ҷумла, имкониятҳои ҷалби шарикони аврупоӣ ба корҳои иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, бо таҷҳизоти технологӣ таъмин намудани корхонаҳо ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ баррасӣ шуданд.
Бо вуҷуди ин, дар пасманзари баррасии доираи васеи масъалаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, масъалаи муҳимтаре ба миён меояд, ки ба таҳкими ҳузури иқтисодӣ ва геоиқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон алоқаманд аст. Иттиҳоди Аврупо на танҳо ба густариши муносибатҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон, балки ба соҳаҳое низ таваҷҷуҳ дорад, ки барои таъмини манфиатҳои стратегӣ ва иқтисодии дарозмуддати он аҳаммияти калидӣ доранд. Аз ҷумла, инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, энергетика ва захираҳои маъданӣ аз самтҳои афзалиятноки чунин ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд.
Бешубҳа, густариши муносибатҳо дар ин самтҳо барои Тоҷикистон имкониятҳои иловагии ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияҳои пешрафта ва навсозии инфрасохтори истеҳсолиро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, татбиқи чунин лоиҳаҳо арзёбии ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ ва хатарҳои эҳтимолиро тақозо менамояд. Зеро муносибатҳои иқтисодии асимметрӣ, ки дар доираи онҳо як ҷониб асосан таъминкунандаи захираҳои табиӣ ва ҷониби дигар соҳиби сармоя, технология ва иқтидори коркарди амиқи маҳсулот мебошад, метавонанд заминаи ташаккули вобастагии дарозмуддати иқтисодиро фароҳам созанд.
Аз ин лиҳоз, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи истихроҷ ва коркарди захираҳои маъданӣ бояд бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистон амалӣ карда шавад. Дар сурати маҳдуд гардидани ҳамкорӣ бо фароҳам овардани дастрасии сармоягузорони хориҷӣ ба конҳо ва содироти ашёи хом, қисми асосии арзиши иловашуда берун аз ҳудуди кишвар ташаккул хоҳад ёфт. Бинобар ин, муайян намудани шартҳои мутақобилан судманди сармоягузорӣ, таъмини иштироки фаъоли корхонаҳои ватанӣ, ташкили иқтидорҳои истеҳсолӣ ва рушди саноати коркарди дохилӣ бояд аз талаботи асосии чунин ҳамкориҳо бошанд.
Ҷанбаи дигари муҳими ҳамкорӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ марбут аст. Пайвастани Тоҷикистон ба долонҳои нави нақлиётӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба бозорҳои аврупоӣ метавонад имкониятҳои содиротии кишварро васеъ намуда, мавқеи онро дар низоми робитаҳои иқтисодии минтақавию байналмилалӣ таҳким бахшад. Ҳамзамон, чунин раванд метавонад вобастагии иқтисодии кишварро аз инфрасохтори транзитии беруна, масирҳои логистикӣ ва субъектҳои назораткунандаи занҷираҳои таъминот афзоиш диҳад.
Аз ин рӯ, татбиқи сиёсати диверсификатсияи масирҳои нақлиётӣ ва рушди инфрасохтори миллӣ бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ гардад.
Масъалаи интиқоли технология ва рушди иқтидори кадрии миллӣ низ аҳаммияти хосса дорад. Ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва муассисаҳои аврупоӣ метавонад ба суръат бахшидани навсозии саноат, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи идоракунӣ мусоидат намояд. Аммо барои истифодаи самараноки ин имкониятҳо зарур аст, ки масъалаҳои интиқоли технология, маҳаллисозии истеҳсолот, омодасозии мутахассисони ватанӣ ва дастрасии корхонаҳои миллӣ ба донишҳои техникӣ дар созишномаҳои сармоягузорӣ ба таври мушаххас инъикос карда шаванд. Ҳамзамон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини назорати зарурӣ бар инфрасохтору иншооти дорои аҳаммияти стратегӣ бояд аз принсипҳои асосии ҳамкориҳо боқӣ монанд.
Ҳамин тариқ, густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши аҳаммияти робитаҳои иқтисодии байни минтақаҳо барои кишвар имкониятҳои назаррас фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, самаранокии чунин шарикӣ на танҳо аз ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда ё шумораи лоиҳаҳои татбиқшаванда, балки пеш аз ҳама аз дараҷаи таъсири онҳо ба рушди иқтидори истеҳсолӣ, технологӣ ва иқтисодии миллӣ вобаста хоҳад буд.
Вазифаи асосии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи имкониятҳои шарикии аврупоӣ дар заминаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини тавозуни манфиатҳои тарафайн ва таҳкими истиқлоли иқтисодӣ мебошад. Танҳо дар чунин сурат ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо барои омили воқеии диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, рушди саноат ва таҳкими мавқеи геоиқтисодии Тоҷикистон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ табдил ёбанд.
Соҳиби Баҳруло,
ходими калони илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ