Дар шароити рушди босуръати шаҳрҳо ва афзоиши нақши пойтахтҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳо масъалаи идоракунии самараноки шаҳрӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Пойтахт на танҳо маркази сиёсӣ ва маъмурии давлат, балки оинаи дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меъмории он ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба марҳилаи нави рушди шаҳрсозӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ворид гардидааст. Дар ин раванд фаъолияти роҳбарияти шаҳр, аз ҷумла Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ, мавқеи муҳим дорад. Дар тӯли солҳои роҳбарии ӯ Душанбе тадриҷан ба самти шаҳри муосир, рақобатпазир, сабз, технологӣ ва барои зиндагӣ муносиб ҳаракат намуда истодааст.
Яке аз хусусиятҳои фаъолияти муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар идоракунии пойтахтро метавон пайвастани таҷрибаи идоракунии давлатӣ бо равишҳои нави шаҳрсозӣ ва технологияҳои муосир арзёбӣ намуд.Мудирияти шаҳр дар шароити имрӯза танҳо сохтмони биноҳо нест. Он маҷмӯи масъалаҳои нақлиёт, экология, иқтисод, сармоягузорӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва истифодаи технологияҳои рақамиро дар бар мегирад.
Аз ин нуқтаи назар, сиёсати рушди Душанбе бештар хусусияти комплексӣ ва бисёрсамта касб намудааст.Тасдиқи онро метавон дар барномаҳои рушди шаҳр, қарорҳои Раиси шаҳр ва лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ мушоҳида кард.
Яке аз самтҳои намоёни фаъолияти роҳбарияти шаҳр навсозии симои меъморӣ ва инфрасохтории пойтахт мебошад.Таҳия ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, №212 тасдиқ шудааст, барои муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи пойтахт заминаи муҳими ҳуқуқӣ ва шаҳрсозӣ фароҳам овард.Дар пойтахт биноҳои маъмурию истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ, иншооти варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёд гардидаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳими шаҳрҳои муосир ташкили низоми самараноки нақлиётӣ мебошад. Дар Душанбе дар солҳои охир ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ва гузариш ба воситаҳои нақлиёти экологӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати муосири Душанбе гузариш ба иқтисоди сабз ва нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Солҳои охир дар шаҳр автобусҳои барқӣ ба истифода дода шуда истодаанд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои иҷораи автомобилӣ ва соҳибкорон теъдоди зиёди воситаи нақлиёти барқӣ ворид карда шуда, парки нақлиёти ширкатҳои иҷора пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронида шудааст.
Ин иқдомро метавон ҳамчун яке аз намунаҳои татбиқи принсипҳои рушди устувор, кам кардани ифлосшавии ҳаво ва ташаккули шаҳри экологӣ арзёбӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳануз аз овони хурдсолӣ ҳамроҳ бо Пешвои муаззами миллат дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат намуда, дар руҳияи ободкорӣ тарбия ёфтааст, ки имрузҳо ба ҳайси Раиси шаҳр ҳамин гуна ормонҳои судмандро дар амал татбиқ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи пойтахт талош меварзад.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии шаҳри Душанбе рушди соҳаи маориф мебошад. Дар ин самт масъалаҳои сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил, баланд бардоштани сифати таълим ва рушди сатҳи касбии омӯзгорон аҳаммияти махсус пайдо кардаанд.
Роҳбарияти шаҳр маорифро на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун асоси рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ менамояд. Дар гузоришҳои расмӣ таъкид шудааст, ки масъалаи беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон ва касбияти омӯзгорон таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти шаҳр қарор дорад.
Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамчун роҳбари ҷавон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар Душанбе барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, рушди ҷаҳонбинии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии падидаҳои номатлуб амалӣ мегарданд.
Дар соли 2026 роҳбарияти шаҳр ба масъалаҳои татбиқи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, қочоқи инсон, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм ва экстремизм, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст.
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 апрели соли 2022 Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026 тасдиқ гардид. Ҳадафи он рушди варзиши оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули шахсияти солим ва дастгирии варзишгарони пойтахт мебошад.
Душанбе имрӯз имкони баргузории мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баландро дорад. Дар пойтахт барои рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла намудҳои обӣ, футбол, гӯштин, дзюдо ва дигар намудҳо, инфрасохтори муосир ташаккул ёфтааст.
Яке аз ташаббусҳое, ки аз доираи пойтахт берун баромада, аҳаммияти байналмилалӣ пайдо кардааст, рушди футбол ва истифодаи дипломатияи варзишӣ мебошад. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамчун Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи футбол фаъолият дорад. Ташаббуси роҳбарияти футболи Тоҷикистон дар мавриди эътирофи нақши футбол дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа 25 май ҳар сол ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад.
Ин далели он аст, ки фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар самти варзиш метавонад ҳамчун яке аз унсурҳои дипломатияи ҷамъиятӣ ва варзишии Тоҷикистон арзёбӣ гардад.
Дар сиёсати шаҳрсозии Душанбе ба рушди муҳити зист ва фазои сабз низ аҳаммияти ҷиддӣ дода мешавад. Ин сиёсати шаҳрдорӣ ба ташаккули муҳити мусоиди зиндагӣ, фароғат ва рушди фарҳанги шаҳрӣ мусоидат мекунад.
Пойтахти Тоҷикистон узви як қатор созмонҳои байналмилалии шаҳрҳо, аз ҷумла Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои калон, Созмони байналмилалии шаҳрҳои бародаршаҳр ва иттиҳодияҳои байналмилалии мақомоти маҳаллӣ мебошад. Имрӯз Душанбе бо 21 шаҳр дар Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва кишварҳои ИДМ муносибатҳои бародаршаҳрӣ дорад.
Дар солҳои охир муносибатҳои шаҳрӣ бо шаҳрҳои Пекин, Ханҷоу, Доҳа, Исломобод ва дигар шаҳрҳо низ густариш ёфтаанд. Масалан, соли 2023 байни Душанбе ва Пекин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва байни Душанбе ва Ханҷоу Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. Ин равандро метавон ҳамчун дипломатияи шаҳрӣ арзёбӣ намуд, ки барои ҷалби сармоя, табодули таҷриба, рушди сайёҳӣ, фарҳанг ва робитаҳои иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо обрӯи байналмилалии пойтахтро баланд мебардорад, балки ба рушди сайёҳӣ, хизматрасонӣ, тиҷорат ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти муҳтарам Рустам Эмомалиро ташаббускорӣ ва таваҷҷуҳ ба натиҷаи амалии қарорҳо ташкил медиҳад.
Дар шароити шаҳрсозии муосир роҳбар бояд на танҳо мушкилотро муайян намояд, балки барои ҳалли онҳо механизмҳои мушаххас пешниҳод кунад. Аз ин нуқтаи назар, барномаҳои рушди нақлиёти барқӣ, рушди варзиш, сиёсати ҷавонон, ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот, навсозии роҳҳо ва муносибатҳои байналмилалии шаҳрӣ метавонанд ҳамчун намунаҳои чунин муносибати комплексӣ арзёбӣ гарданд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар мақоми Раиси шаҳри Душанбе ба як давраи муҳими навсозии пойтахти Тоҷикистон рост меояд.
Дар солҳои охир дар Душанбе тағйироти назаррас дар соҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, роҳу нақлиёт, иқтисод, сармоягузорӣ, истеҳсолот, маориф, ҷавонон, варзиш, экология ва ҳамкориҳои байналмилалии шаҳрӣ ба амал омадааст.
Аз ин рӯ, унвони «Роҳбари ҷавон, ташаббускор ва бунёдкор» метавонад се хусусияти асосии фаъолияти ӯро инъикос намояд:
Якум, ҷавонӣ - ҳамчун омодагӣ ба қабули усулҳои нави идоракунӣ, технология ва таҷрибаи муосири шаҳрсозӣ;
Дуюм, ташаббускорӣ - ҳамчун қобилияти пешниҳоди барномаҳо ва лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр;
Сеюм, бунёдкорӣ - ҳамчун фаъолияти амалӣ дар сохтмон, навсозии инфрасохтор, рушди иқтисодӣ ва ташаккули муҳити мусоиди иҷтимоӣ.
Душанбе имрӯз на танҳо маркази маъмурии Тоҷикистон, балки симои муосири давлат, маркази ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва майдони муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар ин замина, таҷрибаи рушди Душанбе дар тули қариб 10 соли роҳбарии муҳтарам Рустам Эмомалӣ метавонад аз нуқтаи назари идоракунии шаҳр, рушди устувор, шаҳрсозии муосир, дипломатияи шаҳрӣ ва ҷалби ҷавонон ба раванди созандагӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирад.
Бо туфайли ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббусҳои муҳтарам Рустам Эмомалӣ шаҳри Душанбе имруз воқеан ҳам ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва оинаи рушди давлати тоҷикон мубаддал шудааст.
ҚУРБОНОВА Ширин,
сарходими илмии шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои таърих