×

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА РУЗИ ЧАҲОНИИ ФУТБОЛ: ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Бозгашт ба мавод

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА РУЗИ ЧАҲОНИИ ФУТБОЛ: ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ҲУҚУҚӢ

ИОМДОА Дигар 20-05-2026 ш.Душанбе
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА РУЗИ ЧАҲОНИИ ФУТБОЛ: ҶАНБАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Футбол ҳамчун як падидаи чахонӣ миллионҳо одамонро муттаҳид мекунад ва ба ҳамгироии ичтимоӣ, сулҳ ва рушди устувор мусоидат менамояд. Дар соли 2024 Ассамблеям Генералии СММ 25-уми майро Рузи чаҳонии футбол эълон карда, аввалин шуда садсолагии мусобиқаи байналмилалии футболро, ки дар доираи Бозиҳои олимпии соли 1924 дар Париж баргузор шуда буд, чашн гирифт. Ин ташаббус нақши футболро дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), аз қабили тахкими саломатӣ, баробарӣ ва шарикӣ таъкид мекунад. Дар Тоҷикистон футбол ҷойгоҳи худро дорад ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шахри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ дар рушди он нақши беназир дорад.

Футбол дар Тоҷикистон дар солҳои 1920- ум дар доираи низоми варзишии Шуравӣ рушд ёфта, аввалин клубҳо ба мисли «Динамо» (Сталинобод, ҳоло Душанбе) таҳти сарпарастии иттифоқҳои касабаи ҷумҳурии онвақта барпо шуд. Дар соли 1937-ум дар дастаҳои футболи тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок доштанд ва солҳои 1950 клуби «Памир» (Душанбе) қувваи пешбар гардида, дар Лигаи якуми ИҶШС сазовори чойи ифтихорӣ гардид, гарчанде инфрасохтор хело маҳдуд буд.

Ба вазнинии солхои 1992-1997 (чанги тахмилӣ) нигоҳ накарда, дар соли 1994 Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, худи ҳамон сол ба ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳамроҳ шуд. Ин қадами муҳим барои ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонии футбол буд. Дар соли 1992 дастаи миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар чемпионати дохилӣ сарфи назар аз маҳдудияти захираҳо ширкат варзид. Аз солҳои 2000 сар карда Тоҷикистон ба барқарорсозии инфрасохтори варзишӣ шуруъ намуд, клубҳо ба мисли Истиқлол (Душанбе) дар лигаи миллӣ бартарӣ пайдо карданд ва сармоягузорӣ ба стадионҳо ва пойгоҳҳои тамринӣ афзуд. Аз соли 2012 муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун президенти ФФТ ба ислоҳоти васеъи футбол оғоз кард. Худи ҳамин сол Стадиони марказии Душанбе ва оҳиста оҳиста дигар стадионҳои кишвар аз таъмир бароварда шуданд.

Дар соли 2019 муҳтарам Рустами Эмомалӣ президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуда, нуфузи минтақавии футболи кишварро баланд бардошт. Баъди дуюмбора интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси президентӣ ФФТ соли 2024 барномаи ҷавонон ба мисли «Футбол барои ҳама» қабул карда шуд, ки ҳавасмандии наврасону чавононро ба футбол зиёд намуд.

Маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ ва CAFA 9 феврали 2024 ба СММ муроҷиат карда шуд, ки нақши футбол дар сатхи чахонӣ эътироф гардад ва 7 майи 2024 Ассамблеяи Генералии СММ дар ҷаласаи 80-уми иҷлосияи 78-ум бо катъномаи A/RES/78/281 25-уми майро Рузи чахонии футбол эълон карда шуд, ки аз чониби чомеаи чах,онй якдилона пазируфта шуд. Қатънома аҳамияти баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар руҳияи сулх, дустӣ, тахаммулпазирӣ ва бе табъизро таъкид мекунад. Катъномаи Ассамблеяи Генералии СММ (A/RES/78/281), ки 7 майи 2024 қабул шуд, 25-уми майро Рузи чаҳонии футбол эълон кард ва давлатҳоро даъват намуд, ки аз варзиш барои расидан ба ҲРУ истифода баранд. Ин Хадафҳо таҳкими саломатӣ (ҲРУ 3), баробарии гендерӣ (ҲРУ 5) ва шарикиро (ҲРУ 17) дар бар мегиранд. Мухтарам Рустами Эмомалӣ ин ҳадафхоро ба стратегияи ФФТ ворид карда, футболи занон ва барномаҳо барои кудакони осебпазирро рушд бахшид.

Аввалин мусобиқаи чахонӣ оид ба футбол, ки соли 1924 дар Париж баргузор шуд, дар он дастаҳои Африқо, Осиё ва Амрико иштирок намуданд, ки заминаро барои ҷаҳонишавии варзиш гузошт ва ин қатънома ба садсолагии ин чорабинӣ рост омад. Рузи ҷаҳонии футбол, ки аз чониби СММ эълон шудааст дастовардҳои варзиширо ва мероси фархангии футболро муаррифӣ менамояд Ин ташаббус дар расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла рӯзномаи Покистон «Ғазнавӣ» (9 майи 2024) ва маҷаллаи «Diva International»-H Женева, инъикос ёфт, ки аҳамияти онро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвари мо муарифӣ намуд.

Танзими ҳуқуқии футбол як низоми бисёрсатҳаест, ки қонунҳои миллӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва оинномаҳои созмонҳои варзиширо дар бар мегирад. Дар Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун президенти ФФТ дар мутобиқсозии ин меъёрҳо нақши асосиро бозидааст, ки рушди футболро мувофиқи стандартҳои чахонӣ мутобиқ намудааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчун созмони ҷамъияӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои чамъиятӣ» фаъолият мекунад. Ин қонун тартиби таъсис, идора ва фаъолияти молиявии федератсияҳои варзиширо танзим мекунад ва аз онхо шаффофият ва ҳисоботдиҳиро талаб менамояд. ФФТ таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ механизмҳои дохилии назорат, аз ҷумла аудит ва чораҳои зиддикоррупсионӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, Қонуни «Дар бораи тарбияи чисмонӣ ва варзиш» дастгирии давлатиро ба варзиш, аз ҷумла маблағгузории инфрасохтор ва барномаҳои омодасозии варзишгаронро муайян мекунад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ФФТ дар татбиқи барномаҳои миллии варзишӣ ҳамкорӣ мекунад. ФИФА ва АФОМ стандартҳои ҷаҳонии идоракунии футболро муқаррар мекунад, ки масъалаҳои асосии баргузории мусобиқаҳо, интиқоли бозигарон ва чораҳои зиддидопингиро дар бар мегиранд. Дар соли 2018 таҳти роҳбарии муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон Барномаҳои омӯзишӣ барои доварон ва бозигарон таҳия намуда, механизмҳои назорати букмекериро ҷорӣ карданд.

Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” 25 май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол ворид гардад ва ин пешниҳод аҳамияти ҳуқуқии ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалиро дар сатҳи миллӣ таъкид намуда, Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанг дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.

Муҳтарам Рустами Эмомаӣ ҳамчун президенти АФОМ меъёрҳои ҳуқуқиро дар Осиёи Марказӣ мутобиқ намуда, ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва табодули таҷриба мусоидат намуд. Ташаббусҳои ӯ чорчӯбаи ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқи бозигарони ҷавон ва муррабиён фароҳам овард. Ӯ футболро дар Тоҷикистон ба як воситаи ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди миллӣ табдил дод. Ташаббусҳои ӯ инфрасохтор, барномаҳои ҷавонон ва ҳамкориҳои байналмилалиро фаро мегиранд, ки  бо Рӯзи ҷаҳонии футбол мутобиқ мекунанд. Таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ иншоотҳои муҳим ба мисли Стадиони марказии Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб, ки таввасути буҷетҳои маблағгузорӣ мешаванд, навсозӣ шуданд. Дар соли 2023 ФФТ барномаҳои сохтмони стадионҳои хурдро дар деҳот оғоз кард, ки дастрасии кӯдакон ва ҷавононро ба футбол зиёд намуд. Таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмоммалӣ академияҳои футбол, ба мисли Академияи ДФ “Истиқлол”, ки садҳо кӯдаконро таълим медиҳад, таъсис шуда, Барномаи «Футбол барои мактабҳо» варзишро ба муассисахои таълимӣ ворид намуд ва ба рушди тарбияи ҷисмонӣ мусоидат намуда истодааст.

Дар соли 2018 бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ лигаи футболи занона таъсис дода шуд, ки дар мусобщахои гуногун ширкат варзида ба дастовардхои варзишӣ ноил мегарданд. Ин чорачуихо ба Хддафхои Рушди Устувор №5, ки баробарии гендериро мукаррар менамояд, мусоидат мекунад. Яке аз хизматҳои беназири муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабули Барномаи «Футбол бар зидди камбизоатӣ» мебошад, ки дар заминаи он ба кудакони оилаҳои камбизоат стипендияхои варзишӣ дода мешавад.

25 майи 2024 нахустин Рузи чаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, ки бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи СММ (A/RES/78/281) муқаррар шудааст. Дар фестивали футбол дар шаҳри Душанбе собиқ бозингари «Челси» Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин руз 600 кудакону наврасон иштирок намуда, тарзи хаёти солимро ба ҳамагон тарғиб намуданд. Дар ин руз инчунин дар 12 шаҳру ноҳия - Душанбе, Хучанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кулоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт - фестивалхои футбол бо иштироки 5000 кудак баргузор шуд.

Дар соли 2025 дар Тоҷикистон аз 19 то 25 май чорабиниҳои муҳимро ба нақша гирифта, баргузор мекунад, аз ҷумла зиёда аз 25 фестивали кудакона, бозии ситораҳои Тоҷикистон ва Русия, Суперҷоми Тоҷикистон - 2025, бозиҳои Суперлигаи футзал, оғози Лигаи бонувон, мусобиқаҳои кудакону наврасон, мастер - классҳо бо мунтахаби Тоҷикистон.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ инфрасохторро навсозӣ карда, футболи ҷавонон ва занонро рушд дод ва робитаҳои байналмилалиро таҳким бахшид. Ҳамчун рохбари ФФТ ва АФОМ пешниҳоди ӯ дар 9 феврали 2024 ба СММ барои эълони 25 май ҳамчун Рузи ҷаҳонии футбол, ки 7 майи 2024 бо катъномаи A/RES/78/281 кабул шуд ва шахсияти ӯро ҳамчун пешвои варзиши байналмилалӣ тасдиқ намуд.

Ояндаи футбол дар Тоҷикистон ба рақамисозӣ (масалан, чорӣ кардани VAR), рушди киберварзиш ва ҷалби мураббиёни хориҷӣ вобаста аст. Рузи ҷаҳонии футбол платформа барои пешбурди ин ташаббус хоҳад шуд. ФИФА эълон кард, ки аз 21 то 25 майи 2025 Хафтаи ҷаҳонии футбол баргузор мегардад. Чорабиниҳои Тоҷикистон аз 19 то 25 май бо ин ҳафта ҳамоҳанг шуда, имкониятҳои нави хамкорӣ ва сармоягузориро мекушоянд.

Ташаббусҳои мухтарам Рустами Эмомалӣ метавонад барои рушди футбол дар кишвархои дигар намуна бошад. Барои таҳкими мавқеи футбол дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи он дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби ман панҷ пешниҳоди зерин манзур мегардад:

1.     Кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи футбол”. Барои муайян кардани асосҳои ҳуқуқии рушди футбол дар Тоҷикистон зарур аст, ки қонуни махсус “Дар бораи футбол” қабул карда шавад. Ин қонун бояд масъалаҳои маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ, стандартҳои инфрасохтори варзишӣ, хифзи хуқуқии бозигарон ва мураббиён, инчунин механизми ҷалби сармоя ба футболро танзим намояд.

2.   Таъсиси Маркази миллии омодасозии футболбозон. Бо максади тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани рақобатпазирии дастаҳои миллӣ, пешниҳод мешавад, ки дар Душанбе Маркази миллии омодасозии футболбозон таъсис дода шавад. Ин марказ метавонад бо дастгирии ФИФА ва КФО бо технологияҳои муосир, аз кабили системаи VAR ва таҷҳизоти таҳлили бозиҳо муҷҷаҳаз гардад. Марказ бояд ҷавонони тамоми минтақаҳои дурдастро фарогир бошад.

3.   Тавсеаи барномаи футболи мактабӣ. Барои оммавӣ гардонидани футбол миёни кудакон ва наврасон, зарур аст, ки барномаи “Футбол дар мактабҳо” тавсеа дода шавад. Ин барнома бояд дар тамми мактабҳои Тоҷикистон ҷорӣ гардад, бо таъмини мураббиёни касбӣ, таҷҳизоти варзишӣ ва мусобиқаҳои мунтазами мактабӣ равон гардад.

4.   Ҷалби сармояи хориҷӣ ба клубҳои футбол. Барои баланд бардоштани сатҳи касбияти клубҳои Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ки механизми ҷалби сармояи хориҷӣ ба клубҳои Лигаи олӣ таҳия гардад.  Ин метавонад тавассути эҷоди шароити мусоиди андозбандӣ, хамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалӣ ва баргузории мусобиқаҳои минтақавӣ  бо иштироки клубхои хориҷӣ амалӣ шавад.

5.   Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи футбол. Барои рушди футбол дар Тоҷикистон зарур аст, ки хамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли ФИФА, КФО ва UEFA гусгариш ёбанд. Ин метавонад тавассути баргузории мунтазами мастер - классхо бо мураббиёни хориҷӣ, табодули таҷриба бо федератсияҳои пешрафта ва

ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои омодасозии мураббиён ва доварон амалӣ гардад.

 

ҚУРБОНОВА Ширин

сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

доктори илмҳои таърих,