×

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 20-05-2026 ш.Душанбе
САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ масъалаи ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар як давлат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшидааст.

Дар ин раванд ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа, неруи созанда ва захираи стратегии давлат нақши муҳим мебозанд. Онҳо дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, инчунин дар таҳкими субот ва амнияти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Бо назардошти он ки аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба равандҳои давлатдорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин иштироки онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги миллӣ аз омилҳои асосии таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амнияти миллӣ мебошад.

Дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ ва раванди таҳаввулоти босуръати геосиёсӣ ҳифзи Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як кишвари соҳибтамаддун масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад. Давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи таърих омадааст, имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии муҳофизи ин неъмати бебаҳо пазируфта мешаванд. Дар ин давра сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҷавононро ҳамеша ҳамчун “созандагони Ватан”, “неруи пешбарандаи ҷомеа” ва “захираи стратегии давлат” эътироф менамоянд.

Яке аз аввалин санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар қабул гардид ва ҳуқуқу имтиёзҳои ҷавононро муайян намуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” мебошад. Ҳамчунин, ҳуҷҷати муҳимми дигар – Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021) — ҳадафи рушди нерӯи ҷавонон, баланд бардоштани нақши онҳо дар идоракунии давлатӣ ва ҷомеа, таҳкими ватандӯстӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ ва илмӣ, таълиму тарбияи босифат, ҷалби ҷавонон ба варзиш, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони болаёқатро пешбинӣ менамояд.

Маҳз бо ибтикороти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон квотаҳои президентӣ ҷиҳати таҳсили ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои ҷавонони минтақаҳои дурдаст, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни болаёқат ва аълохон таъсис дода шудаанд. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Яке аз механизмҳои калидии ҳифзи соҳибистиқлолӣ таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан аз таҳдидҳои муосир мебошад. Имрӯз сиёсати Роҳбари давлат ҷавононро ҳамчун сипари боэътимоди Ватан тарбия менамояд. Фаъолияти содиқонаи ҷавонон дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти қудратӣ, инчунин иштироки онҳо дар бунёди иншооти бузурги стратегӣ, аз ҷумла НБО “Роғун» ва дигар иншооти муҳимми давлатӣ, гувоҳи равшани садоқати онҳо ба Ватан, миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин замина, қисми зиёди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Имрӯз онҳо дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ амнияти марзи давлатиро аз таҳдидҳои беруна, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, таъмин менамоянд.

Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ танҳо ба таъмини амнияти марзӣ маҳдуд намешавад, зеро бо рушди техникаву технология “ҷангҳои иттилоотӣ” низ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ табдил ёфтаанд. Нақши ҷавонони худогоҳу худшинос дар муқовимат бо таҳдидҳои идеологӣ ва иттилоотӣ, пешгирии паҳншавии ғояҳои террористиву экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад.

Ҷавонони худшинос ва дорои тафаккури интиқодӣ маводи иттилоотии шабакаҳои иҷтимоиро ба таври амиқ таҳлил намуда, дар фазои интернетӣ бо доштани иммунитети устувори идеологӣ ба муқовимати таблиғоти зиддидавлатӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамин тариқ, саҳми ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсус ва ҳалкунанда дошта, иҷрои вазифаҳо ва масъулиятҳои зеринро тақозо менамояд:

____   ҷавонон ҳамчун неруи асосии ҷомеа, қувваи созанда ва захираи стратегии давлат дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар нақши муҳим мебозанд;

____  дар шароити муосир, ки таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва “ҷангҳои иттилоотӣ” афзоиш ёфтаанд, иштироки фаъоли ҷавонони худшиносу ватандӯст дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ боз ҳам заруртар мегардад;

____  ҷавонон бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бо саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои бузурги давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муассир мегузоранд;

____   ҷавонони Тоҷикистон на танҳо истифодабарандагони имтиёзҳо, балки шарикони фаъоли рушди устувори кишвар мебошанд ва ҳамчун кафолати устувории давлат, сипари боэътимоди амният ва насли созандаи имрӯзу ояндаи миллат арзёбӣ мегарданд.

САЛИМОВ Акбар

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ