×

САММИТИ ҲАФТУМИ МҲТБО ДАР БОКУ: ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲ, ЭЪТИМОД ВА ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁ

Бозгашт ба мавод

САММИТИ ҲАФТУМИ МҲТБО ДАР БОКУ: ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲ, ЭЪТИМОД ВА ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁ

ИОМДОА Сиёсат 16-10-2026 ш.Душанбе
САММИТИ ҲАФТУМИ МҲТБО ДАР БОКУ: ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲ, ЭЪТИМОД ВА ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁ

Дар ҳошияи  сафари

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ба шаҳри Боку,Ҷумҳурии Озарбойҷон

ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, 14-15 октябри 2026

         Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) – созмони байнидавлатии минтақавӣ мебошад, ки бо мақсади таҳкими сулҳ, амният, субот ва ҳамкории байни давлатҳои Осиё 5 октябри соли 1992  таъсис ёфтааст. Ин созмон 28 давлати аъзо дошта, бо 11 созмони байналмилалӣ ва минтақавиро дар мақоми нозир ва шарик ҳамкорӣ мекунад. МҲТБО ҳамкориҳоро миёни кишварҳои иштироккунанда дар панҷ самт, аз ҷумла, ҳарбӣ – сиёсӣ (1), иқтисодӣ (2), экологӣ (3), гуманитарӣ (4) ва мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои нав (5) инкишоф медиҳад. Шурӯъ аз лаҳзаи таъсис то имрӯз 6 саммити сарони давлатҳо (Алмаато – 2002, Алмаато – 2006, Истанбул – 2010, Шанхай  – 2014, Душанбе – 2019, Остона – 2022) ва 7 ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (Алмаато – 1999, Алмаато – 2004, Алмаато – 2010, Остона – 2012, Пекин – 2019, Остона – 2021, Боку - 2024) баргузор кардааст. Ҳамзамон ҷаласаҳои кумитаҳо ва гурӯҳҳои корӣ низ мунтазам баргузор гаштааст.

         Имсол 15 октябри соли 2026 саммити ҳафтуми сарони давлатҳои иштироккунандаи МҲТБО дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.  Саммити ҳафтуми МҲТБО роҳбарони минтақавиро барои таҳкими ӯҳдадориҳои муштараки худ ба муколама, тақвияти эътимоди мутақобила ва ҳамкории созанда муттаҳид намуд. Ин Саммит ҳамчун платформаи муҳим барои тақвияти чораҳои эътимодсозӣ, пешбурди сулҳ, амният, субот ва рушди устувор ва пешбурди равишҳои бисёрҷониба ба масъалаҳои дорои манфиатҳои муштарак хидмат хоҳад кард.

         Ин ҷаласа дар замоне баргузор мешавад, ки қобилияти давлатҳо барои идомаи муколама ва пайдо кардани нуқтаи назари муштарак аҳамияти хоса дорад. Дар шароити мураккаб шудани вазъияти байналмилалӣ, таваҷҷӯҳ ба МҲТБО пеш аз ҳама ба нақши он ҳамчун як форуми бисёрҷониба барои муколама, ки кишварҳоро бо мавқеъҳои гуногуни сиёсӣ ва манфиатҳои миллии худ муттаҳид мекунад, вобаста аст. Бартарии асосии ин формат хусусияти фарогири он аст. МҲТБО як блоки низомӣ-сиёсӣ нест ва ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии давлатҳои иштирокчӣ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ маҳдуд намекунад. Фаъолияти МҲТБО бар асоси принсипҳои ризоият, соҳибихтиёрӣ, баробарӣ ва эҳтироми мутақобила сурат мегирад. Ин ба давлатҳо бо манфиатҳои гуногун имкон медиҳад, ки муколамаи мунтазамро идома диҳанд. Ин принсипҳо асоси равишеро ташкил медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи МҲТБО пайваста риоя мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти нақши ин сохтор ҳамчун воситаи татбиқи чораҳои эътимод ва густариши ҳамкории амалӣ байни кишварҳои Осиё саъй мекунад.

         Рӯзи 14 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 7-умин саммити МҲТБО бо сафари корӣ ба Озарбойҷон сафар намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини сарвазири Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Дар доираи ин сафар бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дидору гуфтугӯ анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Тақвияти ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбати ҷонибҳо буд.

         Баъдан рӯзи 15 октябр дар саммити ҳафтуми  МҲТБО иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Пешвои миллат масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, рушди иқтисодию технологӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ ва иброз намуданд.

         Пешвои миллат ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, афзоиши рақобатҳои геосиёӣ ва низоъҳои мусаллаҳона ишора намуда, зарурати ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими эътимоду ҳамдигарфаҳмиро таъкид намуданд. Яке аз масъалаҳои суханронии Пешвои миллат ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ дастгирӣ шудааст. Инчунин дар суханронии худ Пешвои миллат масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шуморидан ва таваҷҷуҳи кившарҳои иштирокдорро ба онро ҷалб намуданд.

         Дар чаҳорчӯби 7-умин ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Эъломияи Боку қабул гардид. Ин санад баҳои баланди кишварҳои узвро ба раёсати Озарбойҷон дар МҲТБО инъикос намуда, ташаббусҳои пешниҳодкарда ва чорабиниҳои ташкилкардаи ин кишварро дар соҳаҳои гуногун дар давоми давраи дусолаи раёсаташ, қобили таҳсин мешуморад.

         Эъломияи Боку муқаррароти мушаххасро оид ба пешбурди тартиботи байналмилалӣ, инчунин чораҳо барои мубориза бо хатарҳои мавҷуда дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар бар мегирад. Дар санад, ҳамчунин, ба ташвиқи таҳаммулпазирӣ ва муколамаи байни тамаддунҳо, инчунин густариши истифодаи илм, маориф ва навоварӣ ба хотири таъмини амният ва шукуфоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Илова бар ин, дар он имкониятҳо ва хатарҳои марбут ба рушди зеҳни сунъӣ қайд гардидаанд.

         Эъломия ҳамчунин бандҳоеро дар бораи рушди робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои узв, таҳкими пайвастагиҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иқтисоди рақамӣ, инчунин таъмини амнияти энергетикиро дар бар мегирад.

         Саммити ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гашт, барои таҳкими сулҳу субот, эътимоди мутақобила ва густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни кишварҳои қитъаи Осиё равона шуда буд. Натиҷаи он барои рушди муколамаи созанда, ҳалли осоиштаи мушкилоти минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар роҳи таъмини амният ва рушди устувор аҳаммияти муҳим доранд.

ШАРИФЗОДА Искандар,

ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ