×

САММИТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ МУКОЛАМАИ БИСЁРҶОНИБА ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ

Бозгашт ба мавод

САММИТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ МУКОЛАМАИ БИСЁРҶОНИБА ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ

ИОМДОА Сиёсат 16-09-2026 ш.Душанбе
САММИТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ  МУКОЛАМАИ БИСЁРҶОНИБА ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба марҳалаи нави муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардида, ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Дар марҳалаи ибтидоии ташаккули сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши равобит бо кишварҳои дуру наздик оғоз намуда, заминаи ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам овард. Дар ин замина, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф карда, бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

Аз ҷумла, Ҷумҳурии Корея  27 апрели  соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохта,  зина ба зина дар се даҳсолаи минбаъда робитаҳо аз сатҳи дипломатӣ ба ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва рушди байналмилалӣ густариш ёфтанд.

15 сентябри соли ҷорӣ сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии  Корея бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» сурат гирифт, ки ин мулоқот марҳалаи муҳим дар болоравии сатҳу сифати муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» (C5+1)  имрӯз ба яке аз муҳимтарин қолабҳои муколамаи бисёрҷониба дар фазои АвруОсиё табдил ёфтааст, зеро он манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва рушди институтсионалиро ба чорчӯбаи ягона хоҳад овард. Аҳамияти ин формат танҳо дар шумораи вохӯриҳо ё сатҳи намояндагӣ ифода наёфта, балки дар он зоҳир мегардад, ки он аз ибтидо ҳамчун воситаи асосии ҳуқуқии ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар шароити тағйирёбии бунёди сохторҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, рақобати абарқудратҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои стратегӣ, ин ҳамоиш хусусияти мубрам ва арзиши бештар касб менамояд. Барои кишварҳои минтақа он роҳи густариши шарикони хориҷӣ ва диверсификатсияи равобити байналмилалӣ буда, барои Ҷумҳурии Корея дар худ  имконоти таҳкими мавқеи иқтисодӣ, дастрасӣ ба бозор, захираҳои энергетикӣ  ва масирҳои нави транзитӣ ба шумор меравад. Аз нигоҳи таҳлилӣ, ин формат на танҳо ба ҳамкории дуҷониба, балки ба ташаккули ҳамкориҳои васеътар ва дар маҷмӯъ ҳамкориҳои минтақаӣ байни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои минтақаи Уқёнуси Ором мусоидат мекунад. Ин ҳамкорӣ ба Корея имкон медиҳад, ки дар масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақаро соҳиб гардад  ва мавқеи худро дар созмонҳои байналмилалӣ мустаҳкам намояд.

Қобил ба зикр аст, ки аз соли 2007 то имрӯз Кореяи Ҷанубӣ  бо ҷумҳуриҳои пасошуравии Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дошта, дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи иҷроияи котибот, ки 23 октябри соли  2025 дар Сеул баргузор шуда буд, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, котиботи форум ва сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои омодагӣ ба нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ карда буданд.

Дар оғози мулоқот  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо рушду густариши робитаҳо бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем”. Ҳамзамон сарвари давлат дар идома ба масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон ишора намуда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон  ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея”- ро муҳим арзёбӣ намуданд.

Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) аз  соли 2022 дар Душанбе  шуруъ гардида, дар се бахши афзалиятнок - рушди саноат ва гуногунсозии иқтисод, баланд бардоштани иқтидори кишоварзӣ ва дастгирии инфрасохтори сабз, инчунин тақвияти нерӯи корӣ таввасути барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Мавқеи стратегии Тоҷикистон ҳамчун кишвари шарик барои KOIKA имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои намунавӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ гарданд. Масалан, дар доираи ҳамкории дуҷониба мутахассисони тоҷик имконият доранд, ки дар марказҳои таълимии KOICA дар Сеул ва дигар шаҳрҳои Корея аз таҷрибаи пешрафтаи низоми таълими ин кишвар баҳраманд шаванд. Барои иштирок дар барномаҳои таълимии KOICA мутахассисони тоҷик бояд таввасути вазорату идораҳои дахлдор дархост пешниҳод кунанд. Интихоби иштирокчиён одатан дар асоси таҷрибаи касбӣ, сатҳи дониши забони англисӣ ва зарурати такмили ихтисос сурат мегирад.

Дар доираи ин асноди расмӣ байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва Корея  “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминот”  миёни панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ва ташаббуси шарикии ояндаи зеҳни сунъӣ, илм ва технологияи Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид. Ҳамзамон дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки қабули ин санадҳо дар оянда метавонад робитаҳои дуҷонибаро тақвият дода, уфуқҳои васеъро барои  робитаҳои дипломатии ҳар ду  ҷониб  бозкушоӣ  намояд.

ДОСТИЕВА Дилафрӯз,

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ