Муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар даҳсолаи охир яке аз намунаҳои устувортарини ҳамкории дуҷониба дар фазои пасошӯравӣ ба ҳисоб мераванд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона, ки 5–7 ноябри соли 2026 сурат гирифт, аз ду ҷиҳат аҳамияти махсус дорад. Аввалан, ин сафар нахустин мулоқоти сатҳи олӣ пас аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ (14 майи соли 2026) буд. Сониян, он бо як амали рамзӣ ҳамроҳ гардид: ба Сарвари давлати Тоҷикистон ордени нав таъсисёфтаи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ супорида шуд, ки онро яке аз ҷоизаҳои олии давлатии Қазоқистон медонанд.
Таҳаввули мазкур қонунияти муайянеро нишон медиҳад: ҳар як модели нави муносибат аввал дар шакли эъломияи сиёсӣ («ҳуқуқи нарм») пешниҳод мешавад ва пас аз озмоиш дар амал ба шакли шартномаи ҳатмӣ мегузарад. Масалан, Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ дар сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар моҳи майи соли 2023 қабул гардида буд [1]. Пас аз ҳаждаҳ моҳ, 22 августи соли 2024, дар Душанбе Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ба имзо расид [4]. Ин усули «тадриҷан ҳуқуқӣ намудан» хоси дипломатияи Осиёи Марказӣ буда, ба тарафҳо имкон медиҳад, ки хавфҳои сиёсиро пеш аз қабули ӯҳдадориҳои ҳатмӣ арзёбӣ намоянд.
Шартномаи соли 2024 аз 26 модда иборат буда, ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, нақлиёту транзит, амнияти озуқаворӣ, саноат, обу энергетика, экология, рақамикунонӣ, маориф ва фарҳангу гуманитарӣ пешбинӣ мекунад [3]. Мувофиқи маълумоти Сенати Парлумони Қазоқистон, санад инчунин рушди ҳамгироии байниминтақавӣ ва робитаҳои байнипарлумониро тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ ба танзим медарорад [2]. Шартнома 14 майи соли 2026 эътибор пайдо кард [5]. Аз ин рӯ, сафари ноябрӣ нахустин санҷиши амалии он ба ҳисоб меравад.
Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ истилоҳи «ҳампаймонӣ» дар матни шартномаи дуҷонибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ маънои махсус дорад. Дар назарияи классикӣ иттифоқ пеш аз ҳама бо ӯҳдадориҳои мудофиаи мутақобила алоқаманд аст. Шартномаи тоҷику қазоқ бошад, модели васеътар ва бисёрсоҳаро пешниҳод менамояд. Дар он ҷузъи ҳарбӣ танҳо яке аз унсурҳост ва бо ӯҳдадориҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва технологӣ якҷоя меояд. Ба ақидаи мо, онро метавон «ҳампаймонии маҷмӯӣ» номид. Чунин модел барои давлатҳое мувофиқ аст, ки дар як вақт узви ИДМ, СААД ва СҲШ буда, сиёсати хориҷии бисёрвектораро пеш мебаранд.
Ҷоизаи давлатӣ дар ҳуқуқи конститутсионӣ шакли эътирофи расмии хизматҳои шахс аз ҷониби давлат аст. Вақте ки он ба сарвари давлати хориҷӣ супорида мешавад, вазифаи иловагӣ пайдо мекунад ва ба воситаи муоширати байнидавлатӣ табдил меёбад. Чунин амал ба сарвари давлат ҳуқуқ ё ӯҳдадории ҳуқуқии байналмилалӣ намедиҳад. Бо вуҷуди ин, он аҳамияти назарраси сиёсӣ дорад ва ҳамчун «санади якҷонибаи рамзӣ» сатҳи эътимодро сабт менамояд. Дар адабиёти илмӣ ин падида дар доираи консепсияи «дипломатияи нарм» ва «дипломатияи ҷамъиятӣ» омӯхта мешавад [14; 15].
Таҷрибаи муносибатҳои тоҷику қазоқ нишон медиҳад, ки ҷоизаҳои давлатӣ ба марҳилаҳои калидӣ мувофиқ меоянд. Соли 2023, ҳангоми имзои Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Алтын Қыран» сарфароз гардида буд [1]. Соли 2026, пас аз эътибор пайдо кардани Шартномаи ҳампаймонӣ, ба ӯ ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ супорида шуд. Ба ин тартиб, ҳар як зинаи нави ҳуқуқии муносибатҳо бо як рамзи нав тасдиқ мегардад ва ин аз мантиқи дохилии дипломатияи рамзӣ шаҳодат медиҳад.
Ташаббуси таъсиси ин орден аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар айёми Наврӯзи соли 2026, ҳангоми зиёрати шаҳри Туркистон ва мақбараи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ пешниҳод гардид. Пас аз он ба Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» тағйирот ворид ва фармони махсус имзо карда шуд [6]. Мувофиқи маълумоти «Kursiv Media», орден дар моҳи марти соли 2026 таъсис ёфта, барои саҳм дар рушди илм ва фарҳанг ва барои хизмат дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ супорида мешавад [7]. Нахустин дорандаи он майи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гардид. Сипас орден ба собиқ Директори генералии ЮНЕСКО Одре Азуле тақдим шуд [6; 8].
Аз ин рӯ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба доираи маҳдуди дорандагони ин ҷоиза шомил гардид, ки ҳамаашон шахсиятҳои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Ҳамзамон фарқияти муҳим вуҷуд дорад. Дар маросими Туркистон Қ.-Ҷ. Тоқаев ордени мазкурро «мукофоти дорои аҳамияти махсус барои тамоми ҷаҳони туркӣ» номида буд [9]. Ҳангоми супоридани он ба Пешвои тоҷикон бошад, таъкид бар мероси умумиминтақавӣ гузошта шуд. Ба гуфтаи ӯ, мероси Ясавӣ «ба тамоми тамаддун ва, албатта, ба мардумони Осиёи Марказӣ, ки дар он асрҳо анъанаҳои умумии маънавӣ ташаккул ва рушд ёфтаанд», тааллуқ дорад [10].
Ба назари мо, ин фарқият тасодуфӣ нест ва аз «мазмуни дугонаи» ордени Ясавӣ дарак медиҳад. Дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ он ҳамчун рамзи ҳамбастагии этномаданӣ истифода мешавад. Дар муносибат бо Тоҷикистон бошад, ҳамчун рамзи ҳамзистии фарҳангҳо ва мероси муштараки тамаддунии форсию туркии Мовароуннаҳр хизмат мекунад. Ин ҳолат бо далелҳои таърихӣ низ тасдиқ мешавад. Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (асри XII) дар Бухоро, дар маҳфили Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ таълим гирифтааст ва силсилаи тариқати ӯ бо анъанаи тасаввуфи форсизабон пайванди ногусастанӣ дорад. Мақбараи ӯ дар Туркистон, ки бо фармони Амир Темур бунёд ёфтааст, аз соли 2003 ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст [16].
Суханронии Президенти Қазоқистон дар маросими супоридани орден се ғояи асосиро дар бар мегирад.
· Ғояи мероси маънавӣ. Таълимоти Ясавӣ ба ахлоқ, адолат, шафқат ва инсондӯстӣ асос ёфтааст ва дар шароити ислоҳоти имрӯза ҳамчун «қутбнамои ахлоқӣ» барои ташаккули «одоби нави ҷамъиятӣ» хизмат мекунад [10].
· Ғояи нақши таърихии шахсият. Қ.Ҷ. Тоқаев таъкид намуд, ки ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихӣ, яъне роҳбарии кишвар дар давраи «душвор ва ҳатто драмавӣ» гузошта шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон давлатдории худро мустаҳкам, ваҳдати ҷомеаро таъмин ва роҳи пешрафти устуворро интихоб кардааст [10].
· Ғояи амнияти минтақавӣ. Саҳми шахсии Сарвари давлати Тоҷикистон дар таҳкими субот ва амният дар Осиёи Марказӣ «бебаҳо» арзёбӣ гардид [10].
Асоси расмии супоридани орден чунин муайян шуд: «барои хизматҳои барҷаста дар ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот, инчунин барои саҳм дар рушди дӯстӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистон» [10]. Ин аввалин ҳолатест, ки истилоҳи «муносибатҳои ҳампаймонӣ» бевосита дар асоси супоридани ҷоизаи давлатии Қазоқистон ба сарвари давлати хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ин рӯ, онро метавон ҳамчун сабти рамзии марҳилаи нави ҳуқуқии муносибатҳо шарҳ дод.
Ҷавоби Пешвоим миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз нигоҳи мазмун аҳамияти муҳим дорад. Сарвари давлати Тоҷикистон ҷоизаро «боз як тасдиқи сатҳи баланди эҳтиром ва эътимоди дуҷониба миёни кишварҳои мо» номид ва онро пеш аз ҳама ҳамчун қадрдонии «хизматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистони бародар» арзёбӣ кард [11]. Ба ин васила эътирофи шахсӣ ба эътирофи миллӣ табдил ёфт, ки ба анъанаи дипломатии Тоҷикистон мувофиқ аст: дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ҳамчун натиҷаи кӯшиши умумимиллӣ пешниҳод мешаванд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо 20 санад ба имзо расид. Аввал Изҳороти муштараки президентҳо имзо шуд ва баъд 19 санади байниҳукуматӣ, байниидоравӣ ва дигар санадҳо [11]. Санадҳо дар асоси банди «а» қисми 1 моддаи 2 Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» аз 23 майи соли 1969 [17] ва қонунгузории миллии тарафҳо дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ [18; 19] тасниф шуданд.
Дар доираи сафар форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид. Дар он 25 санад ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари ИМА ба имзо расид [11]. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин санадҳо шартномаҳои ҳуқуқии мадании хусусияти байналмилалӣ дошта ё созишномаҳои пешакӣ мебошанд, ки ба онҳо ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ ва қонунгузории миллии тарафҳо татбиқ мегардад. Дар таҷрибаи форумҳои тиҷоратӣ фарқи байни маблағи «эълоншуда» ва «амалишуда» назаррас аст. Аз ин рӯ, барои арзёбии воқеии самаранокии чунин форумҳо ташкили низоми мониторинги иҷрои онҳо зарур аст. Ин масъала дар бахши 6 баррасӣ мегардад.
Самтҳои энергетика, нафту газ, истихроҷи маъдан ва коркард ҳамчун соҳаҳои дорои дурнамои калон эълон шудаанд [12]. Созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои электроэнергетика ва маъдану металлургия, инчунин Созишномаи қолабӣ оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ заминаи ҳуқуқии ин самтҳоро ташкил медиҳанд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ онҳо якдигарро пурра мекунанд: Тоҷикистон дорои иқтидори гидроэнергетикӣ ва Қазоқистон дорои захираҳои нафту газ ва ангишт аст. Чунин мубодилаи мутақобила метавонад мувозинати мавсимии энергетикии ҳарду кишварро таъмин намояд.
Дар соҳаи нақлиёт, тибқи маълумоти Президенти Қазоқистон, соли 2025 ҳаҷми боркашонии автомобилӣ 8% ва роҳи оҳан 15% афзуда, ба 7 миллион тонна расид. Ҳамзамон ба рақамикунонии нақлиёт барои ҳаракати «бемонеаи» борҳо диққати махсус дода шудааст [12]. Дар самти обу энергетика, ҳамкорӣ дар истифодаи захираҳои дарёҳои фаромарзӣ, ҷорӣ намудани ҳалли рақамӣ ва таҳияи муштараки системаҳои баҳисобгирӣ ва мониторинги захираҳои об афзалият дорад [12]. Ин ҳолат бо ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об мувофиқ меояд.
Қазоқистон ҳар сол то 100 гранти таҳсилӣ барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо мекунад. Ғайр аз ин, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иштироки Донишгоҳи миллии Авруосиёгии ба номи Л. Гумилёв факултаи муштараки технологияҳои иттилоотӣ фаъолият менамояд [12]. Муҳим аст, ки Қазоқистон номзадии Тоҷикистонро барои интихоб ба узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028–2029 дастгирӣ намуд [12]. Ин далели дастгирии сиёсии ҳампаймонӣ дар арсаи байналмилалӣ аст.
Ёддоштҳои тафоҳум миёни Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ ва Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодири Қазоқистон ҷанбаи илмии ҳамкориро тақвият медиҳанд [11]. Ҳамин тариқ, рамзи фарҳангии орден, яъне мероси муштараки маънавӣ, дар шакли санадҳои мушаххаси ҳамкории илмӣ таҷассум ёфт.
Аз нигоҳи шуъбаи ИДМ, натиҷаҳои сафари мазкур дорои се хусусияти асосӣ мебошанд.
Аввалан, модели дуҷонибаи ҳампаймонӣ ҳамчун иловаи механизмҳои бисёрҷониба. Ҳарду давлат узви ИДМ, СААД ва СҲШ мебошанд. Аммо Қазоқистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст ва Тоҷикистон дар он иштирок намекунад. Дар чунин шароит Шартномаи ҳампаймонӣ ва санадҳои татбиқкунандаи он нақши «пули ҳуқуқӣ»-ро мебозанд, ки ба тарафҳо имкон медиҳанд ҳамкориро дар соҳаҳое амиқ гардонанд, ки механизмҳои бисёрҷониба онҳоро пурра фаро намегиранд.
Сониян, ташаккули шабакаи шартномаҳои ҳампаймонӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар солҳои охир давлатҳои минтақа як қатор шартномаҳои дуҷониба дар бораи ҳампаймонӣ ё шарикии амиқ имзо кардаанд. Ба ақидаи мо, ин раванд ба ташаккули «ҳампаймонии шабакавӣ» оварда мерасонад. Дар ин модел ҳамгироии минтақавӣ на тавассути ниҳоди фавқулмиллӣ, балки тавассути маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи ба ҳам пайваст ба амал меояд. Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва «Раванди Ақаба», ки ҳамзамон дар Остона баргузор шуданд, ин тамоюлро тасдиқ мекунанд [20].
Сеюм, вазни афзояндаи омили маънавию фарҳангӣ. Супоридани ордени Ясавӣ ва таъкид бар мероси «ба тамоми мардумони Осиёи Марказӣ тааллуқдошта» нишон медиҳанд, ки сиёсати хотираи таърихӣ ба унсури муҳими сиёсати хориҷӣ табдил ёфтааст. Агар ин унсур бо риояи баробарҳуқуқии фарҳангҳо истифода шавад, метавонад ба ҳамгироӣ мусоидат намояд. Вале ҳар гуна кӯшиши табдил додани мероси муштарак ба моликияти танҳо як фарҳанг ба ҳамбастагӣ зарар мерасонад. Аз ин нигоҳ, тафсири фарогири ордени Ясавӣ, ки дар маросими Остона пешниҳод гардид, бояд мусбат арзёбӣ карда шавад.
Таҳлили анҷомдода имкон медиҳад, ки хулосаҳои зерин бароварда шаванд.
1. Сафари расмии 5–7 ноябри соли 2026 нахустин санҷиши амалии Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ пас аз эътибор пайдо кардани он буд ва гузариши муносибатҳоро аз марҳилаи эълони ҳампаймонӣ ба марҳилаи татбиқи соҳавии он нишон дод.
2. Ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ дар ин маврид ҳамчун воситаи дипломатияи рамзӣ амал намуд. Дар асоси расмии супоридани он бори аввал истилоҳи «муносибатҳои ҳампаймонӣ» ворид гардид ва тафсири он аз доираи «ҷаҳони туркӣ» ба доираи мероси умумии тамаддунии Осиёи Марказӣ васеъ шуд.
3. Аз 20 санади имзошуда танҳо се санад бешубҳа шартномаи байналмилалии байниҳукуматӣ мебошад ва қисми асосии онҳо ба ҳуқуқи нарм тааллуқ доранд. Ин ҳолат ташкили механизми махсуси мониторинги иҷрои онҳоро тақозо мекунад.
4. Ҳадафи гардиши мол ба андозаи 2 миллиард доллар воқеъбинона аст. Бо вуҷуди ин, ноил шудан ба он ба бартараф намудани номутавозунии сохтории савдо ва афзоиши содироти маҳсулоти тайёри тоҷикӣ вобаста аст.
Дар асоси хулосаҳои мазкур пешниҳодҳои зерин манзур мегарданд.
· Дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таъсис додани феҳристи ягонаи электронии санадҳои дуҷониба бо нишон додани мақоми ҳуқуқӣ, мӯҳлат ва масъулони иҷрои ҳар як санад.
· Ҷорӣ намудани ҳисоботи солонаи муштарак дар бораи иҷрои Шартномаи ҳампаймонӣ ва санадҳои татбиқкунандаи он ва баррасии ин ҳисобот дар гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ.
· Ташкили гурӯҳи кории муштараки коршиносони ҳуқуқ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаҳои тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ ва қарордодҳои электронӣ дар асоси ёддоштҳои тафоҳуми имзошуда.
· Ворид намудани механизми мониторинги иҷрои созишномаҳои форуми тиҷоратӣ бо иштироки Палатаҳои савдо ва саноати ҳарду кишвар.
· Дар соҳаи илм ва фарҳанг, таҳияи лоиҳаи муштараки тадқиқотӣ оид ба мероси Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ва пайвандҳои ӯ бо анъанаи тасаввуфи форсизабони Бухоро бо иштироки муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва марказҳои илмии Қазоқистон.
Сарфароз гардонидан ба ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як мукофоти фахрӣ, балки рамзи марҳилаи нави ҳуқуқии муносибатҳои ҳампаймонӣ мебошад.
САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад ,
сарходими илмии шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Адабиёт
1. Двусторонние отношения [Электронный ресурс] // Посольство Республики Казахстан в Республике Таджикистан. – URL: https://www.gov.kz/memleket/entities/mfa-dushanbe/activities/2264 (дата обращения: 07.11.2026).
2. Сенат рассмотрел закон о ратификации Договора о союзнических отношениях между Казахстаном и Таджикистаном [Электронный ресурс] // Сенат Парламента Республики Казахстан. – URL: https://senate.parlam.kz/ru-RU/news/details/15765 (дата обращения: 07.11.2026).
3. Казахстан и Таджикистан расширят сотрудничество в военной сфере [Электронный ресурс] // МИА «Казинформ». – URL: https://www.inform.kz/ru/kazahstan-i-tadzhikistan-rasshiryat-sotrudnichestvo-v-voennoy-sfere-e885fb (дата обращения: 07.11.2026).
4. Таджикистан и Казахстан подписали «Договор о союзнических отношениях» [Электронный ресурс] // НИАТ «Ховар». – 23.08.2024. – URL: https://khovar.tj/rus/2024/08/tadzhikistan-i-kazahstan-podpisali-dogovor-o-soyuznicheskih-otnosheniyah/ (дата обращения: 07.11.2026).
5. Договор о союзнических отношениях между Республикой Казахстан и Республикой Таджикистан (г. Душанбе, 22 августа 2024 года) [Электронный ресурс] // Информационная система «ПАРАГРАФ». – URL: https://prg.kz/document/?doc_id=38366148 (дата обращения: 07.11.2026).
6. Глава государства вручил Президенту Турции орден Qoja Ahmet Yasaui [Электронный ресурс] // Официальный сайт Президента Республики Казахстан. – URL: https://akorda.kz/ru/glava-gosudarstva-vruchil-prezidentu-turcii-orden-qoja-ahmet-yasaui-1442240 (дата обращения: 07.11.2026).
7. Воронова С. Товарооборот Казахстана и Таджикистана вырос почти на 26%: о чем говорили президенты [Электронный ресурс] // Kursiv Media. – 07.11.2026. – URL: https://kz.kursiv.media/2026-11-07/svvo-kazahstan-i-tadzhikistan-za-devyat-mesyaczev-natorgovali-na-113-mlrd-o-chem-govorili-prezidenty/ (дата обращения: 07.11.2026).
8. Токаев вручил высокую награду бывшему главе ЮНЕСКО [Электронный ресурс] // DKNews.kz. – URL: https://dknews.kz/ru/politika/393341-tokaev-vruchil-vysokuyu-nagradu-byvshemu-glave (дата обращения: 07.11.2026).
9. Об особом значении нового ордена для тюркского мира рассказал Президент Казахстана [Электронный ресурс] // МИА «Казинформ». – URL: https://www.inform.kz/ru/ob-osobom-znachenii-novogo-ordena-dlya-tyurkskogo-mira-rasskazal-prezident-kazah-1726a646 (дата обращения: 07.11.2026).
10. Head of State Awards President of Tajikistan Emomali Rahmon the Order of Qoja Ahmet Yasaui [Electronic resource] // Official website of the President of the Republic of Kazakhstan. – 07.11.2026. – URL: https://akorda.kz/en/memleket-basshysy-tazhikstan-prezidenti-emomali-rahmondy-qoja-ahmet-yasaui-ordenimen-marapattady-7102830 (accessed: 07.11.2026).
11. Маросими супоридани ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон – ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон [Манбаи электронӣ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 07.11.2026. – URL: https://www.president.tj (санаи муроҷиат: 07.11.2026).
12. Турсынали М. Сотрудничество и товарооборот: Токаев и Рахмон провели брифинг [Электронный ресурс] // Zakon.kz. – 07.11.2026. – URL: https://www.zakon.kz/sobytiia/6537855-sotrudnichestvo-i-tovarooborot-tokaev-i-rakhmon-proveli-brifing.html (дата обращения: 07.11.2026).
13. От энергетики до ИИ: какие документы подписали Казахстан и Таджикистан по итогам визита Рахмона [Электронный ресурс] // Zakon.kz. – 07.11.2026. – URL: https://www.zakon.kz/sobytiia/6537851-ot-energetiki-do-ii-kakie-dokumenty-podpisali-kazakhstan-i-tadzhikistan-po-itogam-vizita-rakhmona.html (дата обращения: 07.11.2026).
14. Nye J. S. Soft Power: The Means to Success in World Politics. – New York : PublicAffairs, 2004. – 191 p.
15. Cull N. J. Public Diplomacy: Foundations for Global Engagement in the Digital Age. – Cambridge : Polity Press, 2019. – 224 p.
16. Mausoleum of Khoja Ahmed Yasawi [Electronic resource] // UNESCO World Heritage Centre. – URL: https://whc.unesco.org/en/list/1103 (accessed: 07.11.2026).
17. Венская конвенция о праве международных договоров (Вена, 23 мая 1969 г.) [Электронный ресурс] // Организация Объединённых Наций. – URL: https://www.un.org/ru/documents/decl_conv/conventions/law_treaties.shtml (дата обращения: 07.11.2026).
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» [Манбаи электронӣ] // Бонки мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». – URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 07.11.2026).
19. Закон Республики Казахстан от 30 мая 2005 года № 54-III «О международных договорах Республики Казахстан» [Электронный ресурс] // Информационно-правовая система «Әділет». – URL: https://adilet.zan.kz (дата обращения: 07.11.2026).
20. Токаев встретил Рахмона в столичном аэропорту [Электронный ресурс] // Time.kz. – 05.11.2026. – URL: https://time.kz/news/politics/2026/11/05/tokaev-vstretil-rahmona-v-stolichnom-aeroportu (дата обращения: 07.11.2026).
21. Казахстан и Таджикистан нацелились на $2 млрд товарооборота [Электронный ресурс] // Asia-Plus. – URL: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/politics/20251218/kazahstan-i-tadzhikistan-natselilis-na-2-mlrd-tovarooborota (дата обращения: 07.11.2026).
22. Минус $1 миллиард. Почему сократился товарооборот Таджикистана с Казахстаном [Электронный ресурс] // Asia-Plus. – URL: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20260211/minus-1-milliard-pochemu-sokratilsya-tovarooborot-tadzhikistana-s-kazahstanom (дата обращения: 07.11.2026).
23. Президенты Казахстана и Таджикистана приняли Совместное заявление [Электронный ресурс] // МИА «Казинформ». – 07.11.2026. – URL: https://www.inform.kz/ru/prezidenti-kazahstana-itadzhikistana-prinyali-sovmestnoe-zayavlenie-3420fda7 (дата обращения: 07.11.2026).