×

МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ШМА

Бозгашт ба мавод

МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ШМА

ИОМДОА Сиёсат 01-09-2026 ш.Душанбе
МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ШМА

31 августи соли 2026 дар шаҳри Бишкек мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ШМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ Стив Дейн баргузор гардид. Ин мулоқот дар шароите сурат гирифт, ки Осиёи Марказӣ дар сиёсати байналмилалӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо намуда, таваҷҷуҳи кишварҳои пешрафта ба имкониятҳои иқтисодӣ, энергетикӣ ва геостратегии минтақа бештар мегардад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва ШМА, рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба энергетика, саноат ва истихроҷи маъданҳои нодиру муҳим, инчунин масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд. Мазмун ва доираи масъалаҳои баррасишуда нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва ШМА тадриҷан аз ҳамкории асосан сиёсӣ ва амниятӣ ба марҳалаи фарогиртари иқтисодӣ ва технологӣ ворид мешаванд.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон нақши механизми «С5+1»-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ баланд арзёбӣ менамояд.

Механизми «С5+1» панҷ давлати Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистонро бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка муттаҳид месозад. Ин платформа имкон медиҳад, ки давлатҳои минтақа масъалаҳои дорои аҳаммияти умумиро на танҳо дар муносибатҳои дуҷониба, балки дар доираи муколамаи бисёрҷониба баррасӣ намоянд.

Дар марҳалаи аввали фаъолияти «С5+1» таваҷҷуҳи асосӣ бештар ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва суботи Афғонистон равона мегардид. Имрӯз рӯзномаи он васеъ шуда, масъалаҳои рушди иқтисодӣ, энергетика, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, рушди нақлиёт, технологияҳои нав ва маъданҳои муҳимро низ фаро мегирад. Дар доираи ин механизм муколамаи махсус оид ба маъданҳои муҳим таъсис ёфтааст, ки ҳадафи он рушди ҳамкорӣ дар омӯзиши геологӣ, истихроҷ, коркард ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа мебошад.

Барои Тоҷикистон «С5+1» танҳо майдони мулоқот бо ШМА нест. Он воситаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодии кишвар ва иштироки фаъолона дар ташаккули рӯзномаи минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон тавассути ин платформа метавонад масъалаҳои гидроэнергетика, ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди иқтисоди сабз ва таҳкими амнияти минтақавиро ба сатҳи васеи байналмилалӣ барорад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими мулоқоти Бишкек таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим мебошад. Иштироки сенатор Стив Дейн, ки узви Кумитаи Сенати ШМА оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ аст, аҳаммияти иқтисодӣ ва энергетикии музокиротро бештар менамояд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои васеъ барои рушди энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Дар шароите, ки талаботи ҷаҳонӣ ба энергияи барқароршаванда меафзояд, гидроэнергетика метавонад на танҳо асоси таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, балки яке аз самтҳои ҷалби сармоя ва технологияҳои хориҷӣ гардад.

Ҷалби ширкатҳои америкоӣ ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии неругоҳҳо ва рушди инфрасохтори интиқоли неруи барқ метавонад ба пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ин раванд бояд манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар мадди аввал қарор гиранд.

Маъданҳои нодир ва муҳим низ дар иқтисодиёти ҷаҳони муосир мавқеи стратегӣ пайдо кардаанд. Онҳо дар истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ, батареяҳо, воситаҳои алоқа, технологияҳои рақамӣ, автомобилҳои барқӣ ва системаҳои энергетикии нав истифода мешаванд. Аз ин рӯ, давлатҳои пешрафта барои таъмин намудани занҷираҳои устувор ва гуногунсамти дастрасӣ ба чунин ашёи хом талош мекунанд.

Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни маъданӣ мебошад, вале барои омӯзиш, истихроҷ ва коркарди самараноки онҳо сармоя, технология ва мутахассисони баландихтисос заруранд. Ҳамкорӣ бо ШМА метавонад ба гузаронидани таҳқиқоти геологӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад. Муҳим аст, ки чунин ҳамкорӣ танҳо бо содироти ашёи хом маҳдуд нашуда, рушди саноати коркард ва ташаккули арзиши иловашуда дар Тоҷикистонро низ дар бар гирад.

Масъалаҳои амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон низ дар маркази таваҷҷуҳи мулоқот қарор доштанд. Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ ва доштани сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҳифзи сарҳад ва пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ аз самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистон ва ШМА боқӣ мемонанд.

Дар баробари ин, таъкид ба роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дорои аҳаммияти махсус мебошад. Тоҷикистон, ки таҷрибаи нодири сулҳ ва оштии миллиро аз сар гузаронидааст, пайваста ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо, муколама ва пешгирии низоъҳо мебошад. Ин мавқеъ бо ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи таҳкими сулҳ, дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо ва масъулият дар назди наслҳои оянда пайванди мустақим дорад.

Мулоқоти сатҳи баланд дар Бишкек нишон дод, ки барои тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон ва ШМА заминаҳои воқеӣ мавҷуданд. Ҳоло вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки натиҷаҳои муколама ба лоиҳаҳои мушаххас табдил дода шаванд. Ташкили форумҳои соҳибкорӣ, ҷалби ширкатҳои америкоӣ, омода намудани лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, табодули мутахассисон ва рушди ҳамкории илмӣ-технологӣ метавонанд ба ин раванд такони нав бахшанд.

Дар баробари энергетика ва маъданҳои муҳим, соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист низ метавонанд самтҳои ояндадори ҳамкорӣ бошанд. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки муносибат бо ШМА дар асоси эҳтироми мутақобил, баробарҳуқуқӣ, манфиатҳои муштарак ва риояи афзалиятҳои рушди миллӣ густариш ёбад.

Ҳамин тариқ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Серҷио Гор ва сенатор Стив Дейнро метавон нишонаи оғози марҳалаи нави муносибатҳои Тоҷикистон ва ШМА арзёбӣ намуд. Дар ин марҳала масъалаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, технологӣ ва сармоягузорӣ дар баробари ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ ҷойгоҳи бештар пайдо мекунанд. Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад ба рушди устувори Тоҷикистон, таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

ДОРОНШОЕВА Некбахт Шоқосумовна

мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои сиёсӣ,