Дар шароити муосир терроризм ва экстремизми хушунатомез аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддии амнияти байналмилалӣ ба шумор мераванд. Рушди технологияҳои иттилоотӣ, густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳоншавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ имконият додааст, ки барои таблиғи ақидаҳои ифротӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои худ аз воситаҳои нав истифода баранд. Дар чунин вазъият бисёр давлатҳо сиёсати амниятии худро таҷдиди назар карда, барои пешгирӣ ва муқовимат ба ин таҳдидҳо механизмҳои навро ҷорӣ намудаанд.
Канада яке аз кишварҳое мебошад, ки ба самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм муносибати ҳамаҷониба, пайгирона ва дарозмуддатро пеш гирифтааст. Сиёсати ин кишвар танҳо ба таъқиб ва ҷазодиҳии ҷинояткорон маҳдуд намешавад, балки маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, пешгирикунанда, иҷтимоӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро низ дар бар мегирад. Ҳадафи асосии чунин сиёсат на танҳо безарар гардонидани таҳдидҳои мавҷуда, балки пешгирии пайдоиши онҳо тавассути коҳиш додани омилҳои радикализатсия ва таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки Канада яке аз давлатҳои сермиллат ва гуногунфарҳангӣ ҷаҳон буда, дар он намояндагони миллатҳо, динҳо ва фарҳангҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Дар чунин муҳити иҷтимоӣ хатари пайдоиши ақидаҳои ифротгароёна ва радикализатсия ҳамеша вуҷуд дорад, аз ин рӯ масъалаи мубориза бо терроризм барои Канада падидаи нав нест. Баръакс, таърихи ин кишвар нишон медиҳад, ки Канада дар тӯли зиёда аз як аср бо шаклҳои гуногуни терроризми сиёсӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯ шудааст. Чунон ки муҳаққиқ Стив Ҳюитт дар асари худ “Таърихи терроризм дар Канада” таъкид мекунад, тасаввуроте, ки гуё Канада ҳамеша кишвари комилан осоишта буда, терроризм барои он падидаи нав аст, бо воқеияти таърихӣ мутобиқат надорад. Аз ҳамлаҳои фенианҳо дар асри XIX ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷудоихоҳи Квебек то таркиши ҳавопаймои Air India Flight 182 соли 1985 ва афзоиши ҳамлаҳои террористии инфиродӣ пас аз рӯйдодҳои 11 сентябри соли 2001, терроризм ба амният ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии Канада таъсири ҷиддӣ расонидааст. Муаллиф дар асоси таҳқиқоти чандинсолаи худ дар соҳаи амният ва иктишоф таърихи рушди терроризм ва чораҳои муқовимат ба онро таҳлил намуда, ангезаҳо, усулҳо ва хусусиятҳои хушунати сиёсӣ, инчунин таҳаввули сиёсати давлатии Канада дар мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунад. Ӯ махсусан ба масъалаҳои сиёсати зиддитеррористӣ, вокуниши ҷомеа ба хушунати сиёсӣ, таърифи мафҳуми терроризм, терроризми давлатӣ ва роҳҳои муассири пешгирии он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нишон медиҳад, ки мубориза бо терроризм дар Канада бояд дар заминаи ҳамбастагии амнияти миллӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардад.
Заминаи ҳуқуқии мубориза ба терроризм бошад, пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар ШМА, Канада низоми қонунгузории худро дар соҳаи амнияти миллӣ ба таври назаррас тақвият бахшид. Дар ин замина, қабули Қонуни “Дар бораи мубориза бо терроризм” (Anti-terrorism Act, 2001, Bill C-36) оғози марҳилаи нави сиёсати давлатии кишвар дар ин самти муқовимат ба терроризм ва таъмини амнияти миллӣ гардид. Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқиро барои густариши салоҳиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои амниятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои террористӣ, инчунин тақвияти ҳамкории дохилӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм фароҳам овард. Ҳамзамон, маблағгузории терроризм ҳамчун ҷинояти мустақил эътироф гардид. Ин иқдом заминаи ҳуқуқии мустаҳкамеро барои таҳкими назорати амалиётҳои молиявӣ ва пешгирии фаъолияти шабакаҳои террористӣ фароҳам овард.
Дар солҳои баъди як қатор ислоҳоти дигар низ амалӣ гардиданд, аз ҷумла қабули Қонуни “Дар бораи ифшои иттилооти амнияти Канада” (Security of Canada Information Disclosure Act), инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Канада (Criminal Code) ва Қонун “Дар бораи даромадҳои ҷиноятӣ (шустушӯи пул) ва маблағгузории терроризм (Proceeds of Crime (Money Laundering) and Terrorist Financial Act). Ин ислоҳот ба таҳкими мубодилаи иттилоот байни сохторҳои давлатӣ, тақвияти назорати сарҳадҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти амниятӣ равона карда шуданд.
Тибқи Стратегияи миллии Канада яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати ин кишвар дар он аст, ки мубориза бо терроризм танҳо ҳамчун масъалаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ намешавад. Стратегияи миллии кишвар “Тақвияти устуворӣ дар муқовимат ба терроризм” (Building Resilience Against Terrorism) ба чор самти асосӣ такя мекунад: пешгирӣ (Prevent), ошкорсозӣ (Detect), маҳдудсозӣ (Deny) ва вокуниш (Respond).
Самти пешгирӣ ба муайян ва коҳиш додани омилҳое равона шудааст, ки метавонанд шахсонро ба роҳи ифротгароӣ ва хушунат ҳидоят намоянд. Ошкорсозӣ истифодаи воситаҳои иктишофӣ ва таҳлили иттилоотро барои муайян намудани таҳдидҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ дар бар мегирад. Самти маҳдудсозӣ пешгирии маблағгузорӣ, сафар ва фаъолияти шабакаҳои террористиро ҳадаф қарор медиҳад, дар ҳоле ки бахши вокуниш омодагии мақомоти давлатиро барои ҳифзи аҳолӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳамлаҳои эҳтимолӣ таъмин мекунад.
Механизми муқовимат ба терроризм дар Канада ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи якчанд ниҳоди давлатӣ такя мекунад. Хадамоти иктишофии амнияти Канада (Canadian Security Intelligence Service, CSIS) барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти иктишофӣ масъул буда, Савораи шоҳии полиси Канада (Royal Canadian Mounted Police, RCMP) таҳқиқи ҷиноятҳои террористӣ ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористиро анҷом медиҳад.
Ҳамзамон Агентии Хадамоти сарҳадии Канада (Canada Border Services Agency, CBSA) амнияти сарҳадҳоро таъмин намуда, аз воридшавии шахсони дорои хатари амниятӣ пешгирӣ мекунад. Маркази таҳлили амалиётҳои молиявӣ ва ҳисоботдиҳии Канада (Financial Transaction and Reports Analyses Centre of Canada, FINTRAC) бошад, бо таҳлили амалиётҳои молиявӣ ва ошкор намудани маблағгузории терроризм машғул мебошад.
Таҷрибаи Канада нишон медиҳад, ки мубориза бо терроризм танҳо бо истифода аз воситаҳои қудратӣ натиҷаҳои устувор намедиҳад. Аз ин рӯ, ҳукумати кишвар ба пешгирии радикализатсия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт бо муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳамкории фаъол анҷом медиҳад.
Барномаҳои давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, рушди тафаккури интиқодӣ ва пешгирии таъсири таблиғоти ифротӣ равона карда шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон дода мешавад, зеро онҳо бештар метавонанд ҳадафи гурӯҳҳои экстремистӣ қарор гиранд.
Яке аз сатҳои муҳими сиёсати амниятии Канада маҳрум намудани гурӯҳҳои террористӣ аз манбаъҳои молиявӣ мебошад. Дар ин замина, ниҳодҳои дахлдор уҳдадоранд амалиётҳои шубҳанокро муайян намуда, ба мақомоти салоҳиятдор гузориш диҳанд.
Канада инчунин тавсияҳои Гурӯҳи вижаи амалиёти молиявӣ (Financial Action Task Force, FATF)-ро татбиқ намуда, бо шарикони байналмилалӣ дар самти мубориза бо шустушӯи пул ва маблағгузории терроризм ҳамкории фаъол анҷом медиҳад.
Бо назардошти хусусияти фаромиллии терроризм, Канада ҳамкории байналмилалиро яке аз унсурҳои муҳими сиёсати худ мешуморад. Ин кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Гурӯҳи ҳафтгона (G7), НАТО ва Гурӯҳи вижаи амалиёти молиявӣ (FATF) бо давлатҳои дигар дар самти мубодилаи иттилооти иктишофӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак ва таҳияи стандартҳои байналмилалии амниятӣ ҳамкории фаъол анҷом медиҳад.
Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳои назаррас, сиёсати зиддитеррористии Канада аз баҳсҳои илмӣ низ холӣ нест. Бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки васеъ гардидани ваколатҳои мақомоти амниятӣ метавонад ба маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва дахолат ба ҳаёти хусусии онҳо оварда расонад.
Аз ин рӯ, дар Канада механизмҳои назоратии судӣ ва парлумонӣ, инчунин механизмҳои мустақили ҳисоботдиҳи фаъолият мекунанд, ки барои нигоҳ доштани тавозун байни амнияти миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудаанд.
Таҷрибаи Канада нишон медиҳад, ки муқовимати муассир ба терроризм ва экстремизм истифодаи равиши фарогир ва ҳамоҳангшударо тақозо мекунад. Қонунгузории муосир, фаъолияти муассири мақомоти амниятӣ, пешгирии радикализатсия, мубориза ба маблағгузории терроризм ва ҳамкории байналмилалӣ рукнҳои асосии ин сиёсатро ташкил медиҳанд.
Дар баробари ҳамаи ин, таҷрибаи Канада аҳамияти нигоҳ доштани тавозуни оқилонаи байни таъмини амниятӣ миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро нишон медиҳад. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки мубориза бо терроризм самаранок бошад ва ҳамзамон арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун ҳифз карда шавад.
Тавсияҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи Канада
Бо назардошти таҷрибаи Канада дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дорои аҳамияти амалӣ мебошанд. Пеш аз ҳама, зарурати рушди равиши фарогир ба амнияти миллӣ таъкид мегардад, ки он на танҳо ба воситаҳои қудратӣ, балки ба механизмҳои пешгирикунанда, иҷтимоӣ ва институтсионалӣ такя мекунад.
Дар ин замина, тақвияти заминаи ҳуқуқии муқовимат ба терроризм, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ оид ба маблағгузории терроризм, шустушӯи пул ва назорати амалиётҳои молиявӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад. Илова ба ин, густариши ҳамоҳангии байни ниҳодҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои молиявӣ барои баланд бардоштани самаранокии ошкорсозӣ ва пешгирии таҳдидҳо зарур мебошад.
Самти дигари муҳим рушди механизмҳои пешгирии радикализатсия мебошад. Таҷрибаи Канада нишон медиҳад, ки ҷалби муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ дар коҳиши таъсири идеологияи ифротӣ самаранок мебошад. Барои Тоҷикистон низ татбиқи барномаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, рушди тафаккури интиқодӣ ва тақвияти устувории ҷомеа аҳамияти стратегӣ дорад.
Ҳамзамон, тақвияти назорати молиявӣ ва рушди имкониятҳои таҳлили амалиётҳои шубҳанок дар чаҳорчӯби низоми бонкӣ метавонад ба коҳиши манбаъҳои маблағгузории гурӯҳҳои экстремистӣ мусоидат намояд. Дар ин самт, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Гурӯҳи вижаи амалиёти молиявӣ (FATF) ва ниҳодҳои СММ, барои мутобиқсозии стандартҳои миллӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Илова ба ин, таҷрибаи Канада зарурати рушди ҳамкории байналмилалии амниятиро таъкид мекунад. Барои Тоҷикистон низ густариши табодули иттилооти иктишофӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби СҲШ ва дигар платформаҳо байналмилалӣ метавонад ба баланд бардоштани сатҳи амният мусоидат намояд.
Ниҳоят, муҳим аст, ки дар баробари таҳкими механизмҳои амниятӣ, тавозун байни амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз гардад. Рушди назорати судӣ ва парлумонӣ, инчунин механизмҳои мустақили ҳисоботдиҳӣ метавонад ба баланд бардоштани шаффофият ва эътимоди ҷомеа ба сиёсати давлатӣ мусоидат намояд.
ДОРОНШОЕВА Некбахт
мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ