Мояи шарафу ифтихор аст, ки Тоҷикон аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона дошта, дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ зиндагӣ доранд. Ҳамзистии дӯстона мерос аз ниёкони бостонии тоҷикон буда, ба ҳама ҳалқу миллатҳо, эҳтиром ва дӯстиву рафоқатро намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас мешиносанд. Дар давраи истиқлолии давлатӣ робитаҳои бо кишварҳои ҷаҳон бештар гардида, тарҷума ва муаррифии нависандагон адабиёти ҷаҳон рушд ёфта истодааст. Дар ин мақола нақши тарҷумаи бадеӣ дар ташаккул ва такмили маҳорати адабии нависандагон, ба хусус тарҷумаи китоби “Таърихи адабиёти Тоҷикистон”-и Иржа Бечка бо забони урду аз ҷониби Кабир Аҳмад Ҷойсӣ (1934-2013) баррасӣ мешавад. Нақши тарҷума бо такя ба таҷрибаи эҷодии нависандагони маъруф ба мисли Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пулод Толис ва адабиётшиносону мутарҷимон забону адаб рушд карда, заминаҳои хуб барои мутолиа ва тарҷумаи осори беҳтарини адабиёти ҷаҳон ба рушди сабк, ғанӣ гардидани забон ва такомули тафаккури бадеӣ роҳҳои хуб фароҳам омадааст. Дар ҳамаи он тарҷума ҳамчун раванди эҷодӣ дар ташаккули реализми адабӣ ва рушди жанрҳои гунонуни муосир нақши муҳим дорад.
Дар давраи кунунӣ равобити адабӣ дар байни Тоҷикистон ва мамолики дигар рушд карда, бисёр аз нависандагон мустақилона таҷрибаи эҷодии пешқадамтарин нависандагони ҷаҳонро, ки осорашон ба забонҳои русӣ, форсӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва урду тарҷума шуда бошанд, меомўзанд. Дар давраи ҳозира омўзиши таҷрибаи адабӣ танҳо бо дастовардҳои адабиёт маҳдуд набуда, нависандагон вобаста ба имконияти худ чашм ба адабиёти ҷаҳон во кардаанд. Адиб на фақат менависад, балки аз ҳар чизи хондааш сабақ низ мебардорад.
Кабир Аҳмад Ҷайсӣ санаи 16 ноябри соли 1934 дар шаҳраки Ҷайси ноҳияи Райбарелии иёлоти Уттар-Прадеши Ҳиндустони навин таваллуд шудааст. Ӯ дар мактаби миёна ва коллеҷи «Шиблӣ» шаҳри Азамгарҳ таҳсилоти ибтидоӣ ва болоиро фаро гирифта, соли 1961 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Алигарҳ дар зинаи дараҷаи бакалавр (B.A.) дохил мешавад. Ӯ дар имтиҳоноти дараҷаи бакалаврии худро дар соли 1963 супорида, миёни донишҷӯёни муваффақ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ӯ дараҷаҳои магистр (M.A.) аз фанни забони форсӣ-тоҷикӣ (1965) ва доктори илм (Ph.D., 1973)-ро дар ҳамин донишгоҳ фаро мегирад.
Ӯ соли 2008 сазовори ҷоизаи адабии Саъдӣ гардида, бо сипосномаву ордену медалҳои тиллои донишгоҳӣ барои гирифтани ҷойи 1-ум дар зинаи баларавр (BA) дар соли 1963, Ҷоизаи Академияи U.P-и Urdu барои таҳияи асарҳои гуногун, аз ҷумла тарҷумаи китоби «Таърихи адабиёти Тоҷикистон»-и Иржи Бечка бо забони урду дар соли 1977, Шаҳодатномаи ифтихорӣ аз ҷониби Президенти Ҳиндустон дар соли 1994 барои пажӯҳиш ва нақди забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ сазовор гардид.
Ӯ дар «Анҷумани Тараққии Урду» созмон адабие дар Ҳиндустони Британия барои пешбурд ва густариши забон, адабиёт ва фарҳанги урду низ фаъолият кардааст, ки аз тақсими Ҳиндустон, ба ду созмони алоҳида «Анҷумани Тараққии Урдуи Ҳинд» дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва «Анҷумани Тараққии Урдуи Покистон» тақсимбандӣ гардида, дар густариши забону адаб аз бузургтарин муассисаҳои илмӣ дар Осиёи Ҷанубӣ мебошанд. «Анҷумани Тараққии Урду» чун созмони фарҳангиву адабӣ дар доираи «Конфронси умумиҳиндӯстонии маорифпарварӣ» (All India Muslim Educational Conference) сарчашма мегирад, ки бо ташаббуси маорифпарвар Сэр Сайид Аҳмад Хон соли 1886 ва дастгирии Навоб Муҳсин-ул-Мулк таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии конфронси мазкур ташвиқи илму маърифат ва дарёфти донишҳои муосир тавассути таъсис додани мактабу коллеҷҳое буд, ки беҳтари намунаи он Донишгоҳи Алигарҳ-и Ҳиндустон мебошад[1].
«Анҷуман» аз «Шӯъбаи тараққии урду» сарчашма мегирад, ки донишманд ва шарқшиноси аврупоӣ Томас Уокер Арнолд нахустин раис он ва нависандаи маъруф Аллома Шиблӣ Нумонӣ нахустин котиб ва Абул Калом Озод нахустин вазири маорифи Ҳиндустони мустақил чун ёвари котиб фаъолият карданд. Адабиётшиноси маъруф Абдул Ҳақ соли 1912 котиби он интихоб гардида, соли 1913 онро ба минтақаи Аурангобод интиқол дод, ки зери мудирияти Ҳайдаробод қарор дошт. Дертар дар соли 1938 Анҷуман маркази фаъолияти худро ба Деҳлӣ интиқол дода, то соли 1947 таҳти роҳбарии ӯ фаъолият кард[2].
Абдул Ҳақ ба ҳайси котиби Анҷуман ва яке аз аъзои пешқадами он, пас аз истиқлолияти Покистон дар соли 1947 ба ин кишвар кӯчида, бахши покистонии «Анҷуман»-ро соли 1948 дар шаҳри Карочӣ таъсис дод. Пас аз вафоти Абдулҳақ дар соли 1961, шоир Ҷамилуддин Олӣ ба ҷои ӯ котиби «Анҷуман» шуд. «Анҷуман» китобхонаҳои бузургро идора мекунад ва то имрӯз беш аз 600 нашрияро бо забони урду дар мавзӯъҳои гуногун ба чоп расонида, маҷаллаҳо ва китобҳоро нашр намуда, аз корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ дар соҳаи забоншиносӣ ва адабиёти урду ҳимоят мекунад[3].
Нависанда ва муҳаққиқи Ҳиндустон Кабир Аҳмад Ҷайсӣ ба ҳайси узви фаъоли Анҷуман яке аз донишмандон ва устоди забону адабиёти форсу тоҷик мебошад, ки таъриху тамаддуни тоҷиконро барои мардумони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ба хусус Ҳиндустону Покистон тавассути тарҷума хело хуб муаррифӣ намудааст.
Донишманд, пажӯҳишгар ва мутарҷим Холиқ Анҷум на танҳо китобҳои нодир ва муҳиммеро таҳрир, таълиф, тарҷума ва гирдоварӣ кардааст, балки барои рушди забон ва ҳифзи он дар Ҳиндустон низ пайваста талош варзидааст. Дар миёни беш аз 70 асари ӯ, китобҳояш дар бораи осори таърихии Деҳлӣ, номаҳои Ғолиб ва танқиди матнӣ ӯро дар доираҳои адабии урдузабони саросари ҷаҳон ба чеҳраи шинохта муаррифӣ намуд. Холиқ Анҷум таҳсилоти худро дар Донишгоҳи Алигарҳ ба анҷом расонида, дараҷаҳои магистр (MA) ва докториро (PhD) аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти урду дар Донишгоҳи Деҳлӣ гирифтааст. Ӯ тақрибан 10 сол дар Коллеҷи «Карорӣ Мал»-и Деҳлӣ аз забони урду дарс дода, сипас ба Вазорати маориф пайваст. Пас аз пайвастан ба «Анҷуман» (ATUH), ӯ муддати тӯлонӣ муҳарририи маҷаллаи семоҳаи «Урду Адаб» ва нашрияи дуҳафтаинаи «Ҳамарӣ Забон»-ро бар уҳда дошт.
Ӯ дар муқаддимаи китоб овардааст, ки Анҷумани Тараққии Урду илова аз рушду фурӯғи забони урду ба забонҳои дигар ба хусус тоҷикӣ-форсӣ, арабӣ ва ғайра таваҷҷӯҳ хос дода, пайваста китобу асарҳоро тарҷума ва нашр менамояд. Яке аз намунаи онҳо китоби тозанашри нависанда ва устоди забону адабиёти форсу тоҷики Ҳиндустон Кабир Аҳмад Ҷайсӣ мебошад, ки бо кумаки ӯ китоби “Таърихи адабиёти Тоҷикистон” аз силсилаи матбуоти Анҷумани Тараққии Урду ба забони урду мебошад, ки бо кумаки ин анҷуман дар Деҳлӣ санаи 30-уми марти 1977 дар ҳаҷми 283 саҳифа ба нашр расид. Оғози китоб шомили пешгуфтори Холиқ Анҷум ва муқаддимаи муаллифи он буда, ба таври мухтасар оиди таърихи Тоҷикистон пеш аз инқилоб низ маълумот оварда шудааст. Ба андешаи ӯ забони форсӣ илова аз Эрон дар минтақаҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, Озарбойҷон, Афғонистон ва Тоҷикистон чун забони илму маориф солиёни зиёд нақши муҳим ифода кардааст[4]. Тавсеаёбии ҷуғрофии забон гувоҳӣ он аст, ки ин забон чун забони илм бо адибони бузурги худ барои рушду рифоҳӣ инсоният асарҳои созанда офарад.
Ҳамин тавр, дар Ҳиндустон адибони зиёд, аз ҷумла Назир Аҳмад ва Ҳасан Обидӣ бо офаридани асарҳои эҷодкарда адабиёти форсу тоҷикро рушд дода, ба дигарон омӯзонданд. Ҳамин тариқ, бо тавсия ва машварати Анҷуман Кабир Аҳмад Ҷайсӣ китоби “Таърихи адабиёти Тоҷикистон”-и Иржи Бечкаро ба забони урду тарҷума кард. Тарҷумаи китоб бо забони хело хуб, сода ва шигифта мебошад, ки бовар кас намеояд, ки он тарҷума гирифта шудааст.
Китоб бо шаш бобу сӣ зербоб ва сарчашмаҳо тақсимбандӣ шуда, гирдоварӣ гардида, санаи 30-уми марти 1977 дар ҳаҷми 283 саҳифа ба нашр расидааст. Муаллиф китобашро ба устодони худ профессор Аҳмад Сарвар ва Назир Аҳмад бахшидааст, ки дар рушди забону адабиёт, аз ҷумла забони тоҷику форсу дар Шибҳи Қораи Ҳинд хидматҳои зиёд кардаанд. Ба андешаи мутарҷими китоб барои дарк ва фаҳми ҷойгҳои забону адабиёти тоҷику форс тарҷумаи асарҳои хуб хело муҳим ба шумор меравад. Илова аз устодони дар боло зикр шуда, саҳму самараҳои корҳои таҳқиқотии Самируддин Аҳмад дар рушди адабиёти тоҷику форс беназир мебошад, ки дар маҷаллаи “Бурҳон”-и Деҳлӣ пайваста мақолаву асарҳо ба нашр расиданд. Ба андешаи муаллифи китоб миёни мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Эрон бо сабабҳои вазъи геосиёсӣ ҷудоиҳо пайдо шуда, заминаҳои манфӣ овард. Муаллифи китоб барои дарки дурусти ҷойгоҳи адабиёти тоҷикӣ аз адиб, сиёсатмадор, забоншинос, нависанда ва шоири муосири эронӣ ва профессори фахрии ДМТ Парвиз Нотили Хонларӣ (1914—1990) чунин иқтибос меорад:
“Тоҷикӣ забони миллии Ҷумҳурии Шуравии Тоҷикистон аст ва гузашта аз ин дар бисёре аз навоҳии Ҷумҳурии шуравии Узбекистон дарраи Фарғона, дарраи Зарафшон, ноҳия Кашкадарё, ва манотиқи масири рудҳои Сурхандарё ва Чирчик ва ғайра ва назди анбуҳе мардуми шаҳрҳои бузург аз Бухоро ва Самарқанд ва гурӯҳе аз сокинони ҷумҳуриҳои Қирғистон навоҳии Ҷалолобод ва Ош ва Қазоқистон мутадовил аст. Маврид ба зикр аст, ки Ян Рипка (1886–1968) олими чехи соҳаи эроншиносӣ, ки дар Эрон ба пажӯҳиш машғул буд, яке аз шогирдони Хонларӣ мебошад, ки дар такмили забони форсии муосир кумак карда, ӯро бо гурӯҳе аз муҳаққиқони ҷавон, аз ҷумла Содиқи Ҳидоят, Бузурги Алавӣ, Муҷтабо Миновӣ (1903–1977) ва Масъуди Фарзод шинос намуд”[5].
Бо чунин иқтибос мутарҷими китоб таъкид мекунад, ки бо чунин тарҷумаҳои адабӣ хонандаи адабиёти урду аз саҳифаҳои нави адабиёти тоҷик хуб огоҳӣ пайдо карда, заминаҳои нав барои робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ фароҳам хоҳад омад. Муаллиф ишора мекунад, ки шояд ӯ натавониста бошад, ки ба таври бояду шояд ҳамаи талошу заҳматҳои Иржи Бечка, ба хусус шеърҳои шоиронро ба хонанда расонида бошад, вале боварӣ дорад, ки “аз ҳар гӯшае хушае” ба дӯстдорони забону адаб чизе ҳосил шуд[6].
Маврид ба зикри хос аст, ки шоир ва нависандаи Тоҷикистон Низом Қосим низ дар васфи Иржи Бечка шеърҳо навишта, ӯро ба мисли ҳамтабори худ тавсифу қадрдонӣ намудаааст. Ӯ нақши Иржи Бечка-ро дар муаррифи бузургони адаби тоҷику форс, аз ҷумла устод Айнӣ дар миёни адибони аврупоӣ муҳим арзёбӣ карда, порчаҳои шеърии офаридаашро ба муҳаққиқи осори устод Айнӣ бахшидааст[7].
Низом Қосим нависандаи маъруфи чехро, ки дар рушди адабиёт, ба хусус забону адаби тоҷику форс хидматҳои шоиста карда, соҳибони онро ба аврупоиён шиносонд, ӯро чунин васфу ситоиш мекунад:
Худаш чун қуллаю мӯи сафедаш меғи кӯҳистон,
Хаёлоташ парешон аст ҳамчун абри тобистон.
Сухан мегӯяд аз Фирдавсиву аз Рӯдакӣ бо ман,
Хаёлам, ҳамзабон будааст ӯ аз кӯдакӣ бо ман.
Ба дил дорад ҳазоронсола сӯзу сози тоҷикро,
Намедонад кам аз тоҷик рамузу рози тоҷикро.
Бувад дилӯсз фарзанде, ки дар ҳар ҷову ҳар ҳолат,
Гаҳ аз тақдири ӯ болад, гаҳ аз тақсири ӯ нолад.
Ба ёди чашмҳои Рӯдакӣ аз чашмаш об ояд,
Ба ёди ҳар хирадманди закӣ аз чашмаш об ояд.
Ҳанӯз озорҳои Саъди Салмон дар хаёли ӯст,
Дару деворҳои Оли Сомон дар хаёли ӯст.
Ба ҷоми чашмҳояш гаҳ бубинӣ сурати Ҷомӣ,
Бубинӣ гаҳ Ҳилолиро ба он хориву нокомӣ.
Ба дил бигрифтааст ӯ захмҳои пушти Айниро,
Кашида то Урупо ҷӯяҳои кишти Айниро.
Ту гӯӣ, гирд овардаст ӯ буду набуди мо,
Садо бидҳад дар ин манзил забони чун суруди мо.
Пур аз осори тоҷик бас варо ҷевону айвон аст,
Хаёлам, хонаи ӯ гӯшае аз Тоҷикистон аст.
Нагӯям ӯст як фарзонаи боному нанги чех,
Ки омад бар забон ин лаҳза моро гӯиё таърих.
Набошад интизоре ҳайкале ин ҳайкали дониш,
Ки марди моили дониш набошад моили хоҳиш.
Қатори оқилону фозилони пурдили тоҷик,
Қатори бузургони то кунун беҳайкали тоҷик.
Яке донишвару фарҳангии беҳайкалаш хондам,
Зи санги кӯҳи тоҷик дар хаёлам ҳайкалаш мондам.
Дар ниҳоят метавон қайд кард, ки адибон дар замони пеш аз истиқлоли Тоҷикистон бештар ба адабиётҳои гуногун, аз ҷумла рус ва асару эҷодиёти адибон ва корномаҳои хубу муваффақи онҳо таваҷҷӯҳ мекарданд. Бо дарёфти истиқлоли давлатӣ санаи 9-уми сентябр ва эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ онҳо имкони бештар пайдо карданд, то таҷрибаи пешқадамтарин нависандагони дунёи мутамаддинро амиқ омўзанд ва дар таълифоти худ истифода намоянд. Дар ин ҷода омўзиши таҷрибаи адабии нависандагони номдори Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Ҳиндустону Покистону Бангладеш, Шарқи Миёна ва Амрикову Аврупо мақоми шоиста дорад. Мавриди зикр аст, ки аввалин маротибаи маҷмӯаи ҳикояҳои пурраи нависандаи муосири покистонӣ Мирзо Адиб (1914-1999) бо тарҷумаи нигорандаи сатрҳо, пажуҳишгар ва ходими калони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз урду ба тоҷикӣ таҳти унвони “Дастҳои асири шуъои офтоб” дар нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи соли 2024 ба нашр расид. Китоби маҷмӯаи ҳикояҳо бо забони урду “Кирну си бандҳе ҳатҳ” (Дастҳои асири шуъои офтоб) ном дорад, ки муаллиф онро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, ба аҳли завқ чун як барги сабз пешкаш гардид. Ба маҷмуаи ҳикояҳо “Дастҳои асири шуъои офтоб” адабиётшинос ва ҳиндшиноси шинохта профессор Ҳабибулло Раҷабов сарсухан навиштааст.
Дар натиҷа дар асарҳои нависандагон шаклҳои тасвиру тадқиқи реалистӣ ва ғайриреалистӣ бештар инкишоф ёфта, баҳри созандагии инсоният самараҳои хуб хоҳанд овард.
Дар ҳошияи чунин ташаббусҳои созандаи даврони истиқлол моро зарур аст то дар таълиму тарбияи насли наврас бештар саҳм гузошта, онҳоро ба суи фардои нек роҳнамоӣ намоем. Олимони соҳа аз ҷумла забоншиносро лозим меояд, то тавассути маҳорату салиқаи забондонии худ ба тарҷумаи асарҳои адабиёти ҷаҳон бештар машғул шуда, ба насли наврас кӯмакҳои маънавӣ расонанд. Зеро тарҷума ва муаррифии адибону адабиёти ҷаҳон аз як забон ба забони дигар аз корҳои беҳтрини эҷодӣ маҳсуб ёфта, ба воситаи он метавон аз забону адабу фарҳангу тамаддуни мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон шиносоӣ пайдо кард.Омили муҳими инкишофу рушд дар адабиёти муосир таъсири тарҷумаи бадеии беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон дар рушди дипломатияи фарҳангӣ ба шумор меояд, ки нақш ва корбурди мактаби тарҷумаи бадеиро муҳим арзёбӣ менамояд.
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Инстититути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
Адабиёти истифодашуда
1. "Homepage". Anjuman Taraqqi Urdu (Hind). Retrieved 6 May 2020.
2. 'Finding a Home for Urdu: The Anjuman-i Taraqqi-yi Urdu, (1903-1971), Published 31 December 2013, Retrieved 31 January 2017
3. Anjuman Taraqqi-i-Urdu — the movement lives on". Dawn. 3 April 2011. Retrieved 6 May 2020.
4. Kabir Ahmad Jaisi. TAREEKH-E-ADABIYAT-E-TAJIKISTAN. Editor :Publisher : Anjuman Taraqqi Urdu (Hind), Delhi.Year of Publication : 1977 Language : Urdu. P.283 .
5. Kabir Ahmad Jaisi. TAREEKH-E-ADABIYAT-E-TAJIKISTAN. Publisher Anjuman Taraqqi Urdu (Hind), Delhi.1977. Language : Urdu. Pages : 283
6. Шуъбаи мутолиоти улуми исломӣ,арабӣ ва эронӣ. Ҷомеаи миллии исломӣ. Деҳлии нав. 10 феврали 1977.
7. Низом Қосим. Доктор Иржи Бечка. Адабиёт ва санъат. 12-уми апрели 2018. №15 (1934)