(Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтара Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар қаринаи «Раванди Ақаба» оид ба амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, Остона,5-6 ноябри соли 2026)
Рӯзҳои 5–6 ноябр соли равон дар шаҳри Остона дар доираи «Раванди Ақаба» мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Мулоқот ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва муқовимат ба истифодаи он бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ бахшида мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар баробари имкониятҳои васеъ, рушди босуръати зеҳни сунъӣ боиси пайдоиши як қатор хатару таҳдидҳои нав гардидааст. Аз ҷумла, истифодаи ғайриқонунии ин технология метавонад ба амнияти миллӣ, фазои иттилоотӣ, суботи ҷамъиятӣ ва амнияти байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад.
Дар баробари ин, таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои нави рӯзномаи «Раванди Ақаба» табдил ёфта истодааст. Дар ин замина, масъалаҳои пешгирии таҳдидҳои технологӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва муқовимат ба истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва ифротгаро аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд.
Вохӯрии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар доираи «Раванди Ақаба» маҳз барои баррасии ин масъалаҳо бахшида мешавад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни он масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, пешгирии истифодаи он бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар муқобили чолишу таҳдидҳои нави технологӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Ташаббуси байналмилалии «Раванди Ақаба» соли 2015 бо ибтикори шоҳи Урдун Абдуллоҳи II дар шаҳри бандарии Акаба таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ва тақвияти иқдомҳои давлатҳо дар самти таъмини амният мебошад. Ин ташаббус ҳамчун минбари байналмилалӣ барои густариши ҳамкории давлатҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи «Раванди Ақаба» ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, табодули иттилоот ва таҷриба, инчунин таҳияи равишҳои муштарак дар мубориза бо терроризм ва мафкураи ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар тӯли фаъолияти худ ҷуғрофиёи ин ташаббус тадриҷан васеъ гардида, минтақаҳои Африқои Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Амрикои Лотинӣ, Африқои Ғарбӣ ва минтақаи Саҳелро фаро гирифтааст.
Аз ҷумла, моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Акабаи Урдун мулоқоте баргузор гардид, ки ба масъалаҳои амниятии Африқои Шарқӣ бахшида шуда, дар он роҳбарони як қатор давлатҳои минтақа иштирок намуданд. Моҳи декабри ҳамон сол марҳилаи алоҳидаи «Раванди Ақаба» оид ба Амрикои Лотинӣ бо ҳамкории Бразилия доир гардид. Ҳамчунин, моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Кордоваи Испания масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ дар Африқои Ғарбӣ ва минтақаи Саҳел мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои «Раванди Ақаба» танҳо дар Урдун баргузор намегарданд. Дар солҳои гуногун чунин вохӯриҳо дар Испания, Албания, Индонезия, Бразилия, Булғористон, Руанда, Сингапур, Британияи Кабир, Норвегия, Нигерия, Нидерландия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардида, ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид низ дар ташкили чорабиниҳои марбут ба ин ташаббус саҳм гузоштааст.
Бо мурури замон рӯзномаи «Раванди Ақаба» тавсеа ёфта, дар баробари масъалаҳои анъанавии амниятӣ фарогири чолишҳои нав, аз ҷумла таҳдидҳои марбут ба муҳити рақамӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир гардидааст. Агар дар марҳилаи ибтидоӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба мубориза бо созмонҳои террористӣ, пешгирии паҳншавии мафкураи ифротгароӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои қудратӣ равона шуда бошад, пас дар марҳилаҳои минбаъда масъалаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо ҳадафҳои террористӣ низ ба яке аз самтҳои муҳими баррасӣ табдил ёфтанд.
Дар ин замина, муқовимат ба ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Густариши таблиғоти террористӣ, ҷалби ҷонибдорон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва таҳияи тадбирҳои муштаракро ба миён овардааст.
Моҳи июни соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии алоҳидаи Иттиҳоди Аврупо ва «Раванди Ақаба» дар шакли пӯшида баргузор гардид. Он ба баррасии дурнамои таҳдидҳои террористӣ, равандҳои радикализатсия ва ҷалби ҷонибдорон тавассути бозиҳои онлайнӣ бахшида шуда буд. Чорабинии мазкур дар доираи Ҳафтаи СММ оид ба мубориза бо терроризм доир гардида, дар он намояндагони давлатҳо, Созмони Милали Муттаҳид, соҳаи саноати бозиҳои рақамӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Зимни муҳокима хатарҳои эҳтимолии истифодаи платформаҳои бозиҳои онлайнӣ аз ҷониби созмонҳои террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Самти дигари муҳими технологӣ, ки дар доираи «Раванди Ақаба» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ва таъмини амнияти фазои ҳавоӣ мебошад.
Моҳи феврали соли 2026 дар Академияи шоҳонаи ҳарбӣ воқеъ дар Сандҳерсти Британияи Кабир марҳилаи навбатии ин раванд баргузор гардид, ки ба масъалаҳои идоракунии фазои ҳавоӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бахшида шуда буд. Дар ҷараёни он масъалаҳои истифодаи низомҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи амнияти фазои ҳавоӣ, табодули таҷриба ва зарурати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти рушди босуръати технологияҳои бесарнишин баррасӣ шуданд. Дар чорабинӣ намояндагони як қатор давлатҳо, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои байналмилалии тахассусӣ иштирок намуданд.
Бо дарназардошти рушди босуръати технологияҳои муосир ва пайдоиши таҳдидҳои нави технологӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои марбут ба «Раванди Ақаба» метавонад ба таҳкими амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, ҳифзи сарҳадҳо ва рушди ҳамкории байналмилалӣ мусоидат намояд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин равандҳо аз чанд ҷиҳат муҳим аст:
Ø Мубориза бо терроризм ва экстремизм – таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои пешгирии таҳдидҳои террористӣ.
Ø Амнияти сарҳадӣ – мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии чораҳо барои пешгирии ҳаракати гурӯҳҳои террористӣ.
Ø Мубориза бо радикализм – пешгирии ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.
Ø Ҳамкории минтақавӣ – таҳкими робитаҳои амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо.
Ø Технологияҳои нав – пешгирии истифодаи зеҳни сунъӣ ва фазои интернетӣ бо мақсадҳои террористӣ.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар заминаи ҳифзи амнияти миллӣ, таъмини амнияти фазои иттилоотӣ ва ҳифзи инфрасохтори рақамӣ аҳаммияти махсус дорад. Дар ин самт, пешгирии истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ, бахусус насли ҷавон, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла табодули таҷриба ва иттилоот бо кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои технологӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, андешидани тадбирҳои муштарак ва таҳияи механизмҳои муассири пешгирии чунин хатарҳоро тақозо менамояд.
ҚУРБОНЗОДА Фарида
ходими илмии шуъбаи ИДМ – и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ