Робитаи кишварҳо дар доираи эҷоди муносибатҳои дипломатӣ беҳтару бештар тақвият меёбад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлоли давлатӣ робитаҳоияшро бо тамоми кишварҳои олам дар доираи сиёсати “дарҳои боз” роҳнадозӣ намуд. Дар ин зимн, робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шуда, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфт. Робитаҳои дипломатӣ заминаҳои хубро барои фароҳамсозии шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишвар ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, беш аз 30 сол мешавад, ки робитаҳои ҳар ду кишвар дар доираи санаду санаҳои созишномаҳои гуногун ба таври зайл бештар таҳкиму тавсеа ёфтааст:
· 27 апрели соли 1992 оғози робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Кореа
· Таъсиси Формати “Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” соли 2007
· 24-25 майи 2005 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея.
· 12-17 апрели 2015 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея.
· Фаъолияти намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели 2017
· Дар рӯзҳои 15-17 июли 2019 бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ ташриф овард.
· 6-8 ноябри 2018, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ширкат дар Форуми байналмилалии “Kor-Asia Forum 2018” сафари корӣ анҷом дод.
· Дафтари KOICA аз 21 феврали соли 2022 дар ш.Душанбе расман фаъолияти хешро оғоз намуд.
· Ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 25 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеул баргузор гардид.
· 30 октябр - 1 ноябри соли 2023 иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар кори Форуми 16-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар ш. Ашқобод.
· 4-6 ноябри соли 2024 сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ дар 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории "Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея".
· 6 ноябри соли 2024 дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ассамблея ва раиси шурои Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Пан Ги Мун.
· Моҳи июли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви Созмони ҳамкориҳо дар соҳаи ҷангали Осиё (AFoCO) қабул шуд, ки дафтари котиботи он дар Кореа ҷойгир аст.
· 31 октябри соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути Низоми иҷозати кор (EPS)
· Гардиши мол байни Тоҷикистону Кореа дар соли 2024 беш аз 150 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.
· 6 сентябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд.
· Рӯзи 15 сентябри соли 2026 нахустин Ҳамоиши сатҳи баланди «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» дар шаҳри Сеул.
Кореа ва минтақа
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Корея иттифоқчии боэътимод ва деринаи кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар доираи форуму созишманҳо ва муколамаҳои самараноки сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун имконпазир барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ тавсеа ёфта, то ба имрӯз шарикии стратегии онҳо устувор ва пойдор мебошад.
Ба андешаи Каримов Шамсиддин сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» нишон медиҳад, ки корпояи бисёрҷонибаи дипломатия дар меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ сифати нав пайдо кардааст. Ҷумҳурии Корея, ҳамчун яке аз пешсафу пештозони технологӣ ва иқтисодии ҷаҳон, Осиёи Марказиро ҳамчун як ҳалқаи ягона ва ҳаётан муҳими геополитикӣ эътироф менамояд.
Дар ин зимн, кореяшинос Файзуллаева Нигора аз Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ба ин назар аст, ки формати “С5+1” тадриҷан ба яке аз воситаҳои муҳимми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо Осиёи Марказӣ табдил ёфта, самаранокии минбаъдаи он аз сатҳи иродаи сиёсӣ, рушди воситаҳои ҳамоҳангсозӣ, татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вобаста мебошад.
Ба андешаи ӯ дар сурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ метавонанд ба рушди иқтисодӣ ва технологӣ, диверсификатсияи робитаҳои хориҷии минтақа, таҳкими пайвастагии иқтисодӣ ва рушди устувори муносибатҳои байнидавлатӣ мусоидат намоянд.
Кишварҳо пайваста дар ҷараёни форуму иҷлосияҳои гуногун бо ҳам мулоқот намуда, роҳбурдҳои хубро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид менамоянд. Тибқи санадҳо Кореа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хусус Узбекистон, ки ҳамсоя ва дӯсти ҷудонопазири Тоҷикистон аст, бо беш аз 1000 корхонаи муштарак ва сармоягузориву тиҷорат ҳамкорӣ дорад.
Ҳаҷми гардиши мол афзоиш ёфта, музокироту муколимаҳо барои рушди тиҷорату савдо идома дошта, ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) густариш меёбад, ки аз лоиҳаҳои бузурги дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар минтақа сармоягузорӣ мекунад. Ҷумҳурии Корея дар модернизатсияи кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозида, дар соҳаҳои гуногун, аз қабили саноати мошинсозӣ, кимиё, металлургия, нафту газ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ рушди босуръат кумакҳои молӣ мекунад.
Аз замони барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ 600 баробар афзоиш ёфта, то соли 2022 он аз 15 миллион доллар дар соли 1992 ба 9 миллиард доллар мерасид, ки то ба имрӯз ҳаҷми умумии сармоягузории Корея дар минтақа аз 15 миллиард доллар гузаштааст.
Зимнан, робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона байни ду минтақа низ рушд карда, диаспораи бузурги кореягӣ бо беш аз 300 ҳазор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад, ки он дар рушуди дипломатияи мардумӣ нақши муҳим мебозад. Дар доираи он ҷавонони минтақа бо расму фарҳангҳои ҳамдигар бештар шинос шуда, бо рушди омӯзиши забон, мусиқӣ ва тамошои филмҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, ки дар рушди он нақши Марказҳои фарҳангӣ ва забономӯзӣ нақши калидӣ мебозанд.
Ҳамин тавр, Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҳамчун платформаи муассир барои баррасӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак хизмат мекунад. Форуми мазкур барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ниҳодҳои гуногун шароитҳои бузурги тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба вуҷуд оварда, дар бахшҳои инфрасохтори моддӣ, нақлиёт, энергетика, тиҷорат ва ғайра имкониятҳоро барои сармоягузорӣ фароҳам меоварад.
Бояд зикр кард, ки давлати Кореа яке аз кишварҳои модерни рушдкарда, моделсози рақамӣ ва сармоягузори муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар бахшҳои гуногун сармоягузорӣ мекунад, ки дар даврони 35 соли истиқлоли ин кишварҳо бештар рушд ёфта истодааст.
Ба андешаи нигорандаи сатрҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи созишномаҳои ду ҷониба ва форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» бо Корея барои лоиҳаву сохтмони роҳҳои нави нақлиётии шаҳрҳо, аз ҷумла метрои Душанбе бештар ҳамкориро ба роҳ монад.
Маврид ба зикр аст, ки Кореа бо ширкатҳои фаромиллӣ ба мисли «Daewoo» дар бисёре аз кишварҳо ба хусус Покистон сармоягузорӣ намуда, аввалин шоҳроҳи дорои дастрасии маҳдуд (motorway)-ро байни Лоҳур ва Исломобод (M-2), ки бо Душанбе бародаршаҳр мебошанд, дар солҳои 1993-1997 сохтаст, ки шоҳроҳ намунаи барҷастаи ҳамкорӣ байни Покистон ва бахши хусусии Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Хулоса, Кореяи Ҷанубӣ метавонад дар доираи лоиҳаҳо ва форумҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар соҳаи сохтмони метроҳо ва нақлиёти Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ намуда, ҷаҳонро озоду ободу ором нигоҳ дошта, дӯстиву равобитаҳои гуногунсамтаро истеҳком бахшанд.
РАҲМОНОВ Мирсаид,
ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ