×

УСУЛҲОИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР ИТТИҲОДИ АВРУПО

Бозгашт ба мавод

УСУЛҲОИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР ИТТИҲОДИ АВРУПО

ИОМДОА Сиёсат 07-10-2026 ш.Душанбе
УСУЛҲОИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР  ИТТИҲОДИ АВРУПО

Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Он на танҳо ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ халал мерасонад, балки ба эътимоди шаҳрвандон ба давлат, рақобати одилонаи иқтисодӣ ва волоияти қонун таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин мушкилот хусусияти фаромиллӣ низ гирифтааст: маблағҳои ғайриқонунӣ метавонанд аз як кишвар ба кишвари дигар гузаронида шаванд, ширкатҳои дар чанд давлат фаъолияткунанда метавонанд дар аҳдҳои коррупсионӣ иштирок кунанд ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз фарқияти қонунгузорӣ ва имкониятҳои молиявии кишварҳо истифода баранд.

Иттиҳоди Аврупо дар ин самт таҷрибаи ҷолиберо ташаккул додааст. Муҳимтарин хусусияти модели аврупоӣ дар он аст, ки мубориза бо коррупсия ба як мақомоти ягона маҳдуд нашуда, маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, молиявӣ, маъмурӣ ва пешгирикунандаро дар бар мегирад. Комиссияи Аврупо дар доираи Ҳисоботи солонаи волоияти қонун (Rule of Law Report) вазъи мубориза бо коррупсияро дар ҳамаи 27 кишвари узв мунтазам арзёбӣ карда, аз соли 2022 ин ҳисобот ба кишварҳо инчунин тавсияҳои мушаххас пешниҳод менамояд. Яке аз усулҳои асосии Иттиҳоди Аврупо мубориза бо коррупсия тавассути таҳкими волоияти қонун мебошад. Чунин муносибат ба он ишора мекунад, ки  коррупсия танҳо гирифтани пора набуда,  метавонад дар низоми хариди давлатӣ, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳо, фаъолияти лоббистӣ, таъини мансабдорони давлатӣ ва муносибатҳои байни мансабдорони давлатӣ ва бахши хусусӣ низ зуҳур кунад.

Комиссияи Аврупо ҳангоми арзёбии кишварҳои узв масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, самаранокии стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо коррупсия, қобилияти мақомоти тафтишотӣ ва прокуратура, захираҳо ва тахассуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми эъломияи дороиҳо ва манфиатҳо, бархӯрди манфиатҳо байни мансабҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ, ҳифзи хабардиҳандагон ва хавфҳои коррупсионӣ дар соҳаи хариди давлатиро ба назар мегирад, Ин фароянд нишон медиҳад, ки дар модели аврупоӣ коррупсия пеш аз ҳама ҳамчун мушкилоти системавӣ баррасӣ мешавад. Агар танҳо шахси порагиранда ҷазо дода шавад, вале шароите, ки ба пайдоиши коррупсия мусоидат мекунад, тағйир наёбад, мубориза бо коррупсия натиҷаи устувор намедиҳад.

Қадами муҳими нав дар ин самт дар соли 2026 ба амал омад. Аз 1 июни соли 2026 қоидаҳои нави умумии Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо коррупсия эътибор пайдо карданд. Дастури нави ИА доираи қонунгузории кишварҳои узвро бештар ҳамоҳанг намуда, ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва ҷазодиҳии коррупсия равона шудааст. Дар он на танҳо ришваситонӣ, балки тасарруфи ғайриқонунии маблағҳо, истифодаи ғайриқонунии нуфуз, иҷрои ғайриқонунии вазифаи давлатӣ, монеъ шудан ба адолати судӣ ва бойшавии вобаста ба коррупсия низ фаро гирифта мешаванд. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ меъёрҳои ҳадди ақали ҷазо пешбинӣ шудаанд. Аҳамияти ин иқдом дар он аст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишварҳои гуногун бо истилоҳот ва меъёрҳои ҳуқуқии якхела ё пурра ҳамсон муайян карда намешуданд. Ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ имконият медиҳад, ки фарқияти байни низомҳои ҳуқуқии миллӣ барои пинҳон кардани фаъолияти коррупсионӣ камтар истифода шавад.

Яке аз муҳимтарин навовариҳои институтсионалии Иттиҳоди Аврупо таъсиси Дафдари прокуратураи Аврупо (European Public Prosecutor’s Office -EPPO)  мақомоти мустақили прокуратураи Иттиҳоди Аврупо буда, барои тафтиш, таъқиби ҷиноятӣ ва ба суд пешниҳод намудани парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳое масъул аст, ки ба манфиатҳои молиявии буҷети ИА зарар мерасонанд, аз ҷумла қаллобӣ, коррупсия, тасарруфи маблағҳои ИА ва шустушӯи пул. Дафтари прокуратураи Аврупо (European Public Prosecutor’s Office -EPPO)   аз 1 июни соли 2021 фаъолияти худро оғоз намуда, дар айни замон 25 кишвари узви ИА-ро фаро мегирад, танҳо Дания ва Ирландия дар ин механизми ҳамкории густаришёфта иштирок намекунанд. Миқёси фаъолияти ин ниҳод нишон медиҳад, ки масъалаи фасод ва қаллобии молиявӣ дар сатҳи ИА то чӣ андоза ҷиддӣ аст. То 31 декабри соли 2025 дафтари мазкур 3602 тафтишоти фаъол дошт, ки зарари эҳтимолии онҳо беш аз 67,27 миллиард евро арзёбӣ мешуд. Тақрибан 5 фоизи парвандаҳои фаъол ба коррупсияи фаъол ва ғайрифаъоли мансабдорони давлатӣ дахл доштанд. Аммо ин рақамҳоро бояд дуруст шарҳ дод, яъне маблағи 67,27 миллиард евро маънои онро надорад, ки ҳамаи ин маблағ аллакай тасарруф шудаанд. Ин ҳаҷми зарари эҳтимолии марбут ба парвандаҳои таҳти тафтиш мебошад.

Механизми дигар Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ (OLAF) мебошад. Агар Дафдари прокуратураи Аврупо   дар доираи салоҳияти худ тафтишоти ҷиноятиро анҷом диҳад, Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ пеш аз ҳама ба ҳифзи манфиатҳои молиявии Иттиҳоди Аврупо, тафтишоти маъмурӣ ва ошкор кардани қаллобӣ ва истифодаи нодурусти маблағҳо машғул аст. Натиҷаҳои соли 2025 нишон медиҳанд, ки Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ 209 тафтишотро ба анҷом расонида, 254 тафтишоти нав оғоз кардааст ва барои баргардонидани тақрибан 597 миллион евро маблағҳои нодуруст истифодашуда тавсия пешниҳод кардааст. Илова бар ин, чораҳои он аз харҷи ғайриқонунии тақрибан 18 миллион евро пешгирӣ кардаанд. Муҳим он аст, ки дафтар ё ниҳодҳои мазкур рақиб нестанд, баръакс, фаъолияти онҳо бояд ҳамдигарро пурра кунад. Дар соли 2025 ҳардуи ин ниҳодҳо 93 гузориши марбут ба ҷиноят фиристод ва аз онҳо 55 ҳолат боиси оғоз шудани тафтишоти Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ гардид. Ҳамзамон, EPPO ба OLAF 96 муроҷиат фиристод, дар натиҷа он 51 тафтишоти иловагӣ оғоз кард. Ин ҳамкорӣ яке аз ҷиҳатҳои муҳими модели аврупоӣ мебошад яъне маълумоти маъмурӣ, молиявӣ ва тафтишоти ҷиноятӣ метавонанд дар доираи сохторҳои гуногун ба ҳам пайваст шаванд.

Яке аз соҳаҳое, ки дар он хавфи коррупсия баланд аст, хариди давлатӣ мебошад. Ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, сохтмони роҳу биноҳо, хариди таҷҳизоти тиббӣ ва технологӣ маблағҳои калон гардиш мекунанд. Агар интихоб ва арзёбии ширкатҳо шаффоф набошад, имкони ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо ва созишҳои коррупсионӣ зиёд мешавад. Маълумоти Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ  (EPPO) барои соли 2025 нишон медиҳад, ки хариди давлатӣ дар байни соҳаҳои осебпазир қарор дорад. Дар гузориши он махсусан ба хавфи таъсиррасонии ғайриқонунӣ ба қарорҳои ҳайатҳои арзёбӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти коррупсионӣ дар соҳаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла тандурустӣ, инфрасохтор ва технология, ишора шудааст. Аз ин рӯ, яке аз усулҳои муҳим дар таҷрибаи ИА на танҳо ҷазо додани фасодкор баъд аз содир шудани он, балки коҳиш додани имконияти коррупсия дар худи раванди қабули қарор мебошад.

Механизми дигар ва муҳим ҳимояи шахсоне мебошад, ки дар бораи қонуншиканӣ маълумот медиҳанд. Дар амал бисёр ҳолатҳои коррупсионӣ маҳз аз ҷониби кормандон, шарикони тиҷоратӣ ё шахсони дигаре ошкор мешаванд, ки аз дохили ташкилот дар бораи қонуншиканӣ маълумот доранд. Аз ин рӯ, Комиссияи Аврупо ҳифзи хабардиҳандагонро яке аз унсурҳои муҳими низоми зиддикоррупсионӣ мешуморад. Дар доираи арзёбии волоияти қонун масъалаи самаранокии механизмҳои ҳифзи хабардиҳандагон низ мунтазам баррасӣ мешавад. Мантиқи чунин низом оддӣ аст, яъне агар корманд донад, ки барои хабар додан дар бораи ришва, тасарруф ё бархӯрди манфиатҳо метавонад аз таъқиб, аз даст додани кор ё дигар фишорҳо эмин бошад, эҳтимоли ошкор шудани қонуншиканӣ бештар мегардад. Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи прокуратура ва суд нест. Қисми муҳими он пешгирии ҳолатҳое мебошад, ки манфиати шахсии мансабдор метавонад ба қарори давлатӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, чуноне ки пештар ҳам зикр намудем, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо масъалаҳои эъломияи дороиҳо, эъломияи манфиатҳо, қоидаҳои ахлоқӣ, бархӯрди манфиатҳо, фаъолияти лоббистӣ ва «дарҳои гардишӣ» аҳамияти зиёд доранд. Комиссияи Аврупо ҳамаи ин масъалаҳоро дар доираи мониторинги зиддикоррупсионии худ арзёбӣ мекунад. Масалан, агар шахсе дар вазифаи давлатӣ қарор қабул кунад ва баъд аз тарки мақом ба ширкате гузарад, ки қаблан аз қарорҳои ӯ манфиат гирифтааст, ин метавонад саволҳои ҷиддии бархӯрди манфиатҳоро ба вуҷуд орад. Аз ин рӯ, маҳдудиятҳо ва қоидаҳои шаффофият барои пешгирии чунин ҳолатҳо аҳамияти махсус доранд.

Дар солҳои охир ба механизмҳои рақамӣ низ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ метавонад алоқаи мустақими шаҳрванд ва мансабдорро дар баъзе равандҳо кам карда, шаффофиятро баланд бардорад. Хариди электронии давлатӣ, бақайдгирии рақамии қарорҳо, базаҳои маълумоти кушода ва таҳлили маълумоти молиявӣ имконият медиҳанд, ки ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ зудтар ошкор карда шаванд. Дар ин самт ҳамкорӣ байни мақомоти гуногун аҳамияти махсус дорад. Таҷрибаи Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ (OLAF) ва Дафтари Прокуратураи Аврупо (EPPO) нишон медиҳад, ки муборизаи муосир бо қаллобӣ ва коррупсия торафт бештар ба мубодилаи маълумот, таҳлили молиявӣ ва ҳамкории байниидоравӣ такя мекунад. Дар соли 2025 ҳар ду ниҳод ҳамкории амалиётии худро густариш дода, як қатор тафтишоти муштарак ва иловагиро анҷом доданд.

Мувофиқи Индекси дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index -CPI), ки аз ҷониби созмони байналмилалии «Шаффофияти байналмилалӣ» (Transparency International) барои соли 2025 таҳия шудааст кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамоно минтақаи нисбатан камкоррупсия дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Дар дохили Иттиҳоди Аврупо низ фарқиятҳои назаррас вуҷуд доранд. Дания бо 89 хол ва Финландия бо 88 хол дар байни кишварҳои дорои нишондиҳандаҳои баландтарини муқовимат ба коррупсия қарор доранд. Дар тарафи дигари ҷадвал Маҷористон ва Булғория ҳар кадом 40 хол, Руминия 45 хол гирифтаанд. Ин фарқият нишон медиҳад, ки ҳатто дар доираи як иттиҳоди сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки қоидаҳои умумии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ дорад, сатҳи самаранокии механизмҳои зиддикоррупсионӣ метавонад хеле гуногун бошад. Ин таҷрибаҳо як хулосаи муҳим ба вуҷуд меоранд, яъне қонунгузории хуб худ аз худ коррупсияро нест намекунад. Барои натиҷаи воқеӣ институтҳои мустақил, судҳои самаранок, мақомоти тафтишотии қобили амал, шаффофияти сиёсӣ, матбуоти озод ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ низ заруранд.

Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия бояд ҳамчун низоми бисёрсатҳӣ ташкил карда шавад.  Таъсиси Дафдари Прокуратураи Аврупо (European Public Prosecutor’s Office-EPPO), фаъолияти Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ (European Anti-Fraud Office-OLAF) ва татбиқи механизми солонаи Ҳисоботи волоияти қонун (Rule of Law Report) нишон медиҳанд, ки Иттиҳоди Аврупо мубориза бо коррупсияро танҳо ба ҷазо додани шахсони қонуншикан маҳдуд намекунад. Баръакс, дар доираи ин низом ба пешгирии коррупсия, таҳкими шаффофият, ошкорсозии барвақти қонуншиканиҳо, тафтиши самараноки парвандаҳо, таъқиби ҷиноятӣ, барқарор намудани зарари молиявӣ ва таҳкими назорати институтсионалӣ таваҷҷуҳи ҳамзамон дода мешавад.

АБДУЛЛОЕВ Абдуккарим,

ходими  пешбари илмии Шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ

Манбаъҳои истифодашуда:

1.     Комиссияи Аврупо. Ҳисоботи соли 2026 оид ба волоияти қонун (2026 Rule of Law Report) [Манбаи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: https://commission.europa.eu/strategy-and-policy/policies/justice-and-fundamental-rights/upholding-rule-law/rule-law/annual-rule-law-cycle/2026-rule-law-report_en (санаи муроҷиат: 07.10.2026).

2.     Комиссияи Аврупо. Қоидаҳои қавитари умумии Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо коррупсия ба амал даромаданд (Stronger EU-wide rules to fight corruption take effect).-1 June 2026 [Манбаи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: https://commission.europa.eu/news-and-media/news/stronger-eu-wide-rules-fight-corruption-take-effect-2026-06-01_en (санаи муроҷиат: 06.10.2026).

3.     Дафдари Прокуратураи Аврупо. Ҳисоботи солонаи соли 2025 (Annual Report 2025). - Люксембург: Дафтари нашрияҳои Иттиҳоди Аврупо, 2026 [Манбаи электронӣ]-Низоми дастрасӣ: https://www.eppo.europa.eu/assets/annual-report- (санаи муроҷиат: 05.10.2026).

4.     Дафтари аврупоии мубориза бо қаллобӣ (OLAF). Ҳисоботи OLAF барои соли 2025 (OLAF Report 2025): 597 миллион евро барои барқарорсозӣ вобаста ба қаллобӣ ва қонуншиканиҳо (20 April 2026) [Манбаи электронӣ].-Низоми дастрасӣ: https://anti-fraud.ec.europa.eu/media-corner/news/olaf-report-2025-eu597-million-be-recovered-fraud-and-irregularities-following-olaf-recommendations-2026-04-20_en (санаи муроҷиат: 06.10.2026).

5.     Комиссияи Аврупо. Ҳисоботи Иттиҳоди Аврупо оид ба волоияти қонун: чорчӯбаи мубориза бо коррупсия (EU Rule of Law Report – Anti-corruption framework) [Манбаи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: https://commission.europa.eu/strategy-and-policy/policies/justice-and-fundamental-rights/democracy-eu-citizenship-anti-corruption/anti-corruption/eu-rule-law-report_en (санаи муроҷиат: 05.10.2026).

6.      Transparency International. [Манбаи электронӣ].–Низомидастрасӣ: https://www.transparency.org/en/press/corruption-perceptions-index-2025-europe-must-step-up-leadership-fight-against-corruption(санаи муроҷиат: 07.10.2026).

7.     Шурои Иттиҳоди Аврупо. Дафдари Прокуратураи Аврупо (European Public Prosecutor’s Office – EPPO). [Манбаи электронӣ]. -Низоми дастрасӣ: https://www.consilium.europa.eu/en/policies/eppo/ (санаи муроҷиат: 07.10.2026).