Рӯзи 15 сентябри соли 2026 дар таърихи дипломатияи муосири тоҷик боз як саҳифаи дурахшон ва стратегӣ сабт гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар нахустин Ҳамоиши сатҳи баланди «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба шаҳри Сеул ташриф оварданд. Ин рӯйдод дар шароити таҳаввулоти тектоникии назми ҷаҳонӣ ва шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ бори дигар аз дурбинӣ, прагматизм ва устувории сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бар консепсияи созандаи «Сиёсати дарҳои боз» асос ёфтааст, далолат мекунад.
Таркиби сернуфуз ва фарогири ҳайати расмии ҳамроҳикунандаи Пешвои миллат, ки роҳбарони блокҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, маориф, молия ва гумруки кишварро дар бар мегирад, гувоҳи он аст, ки Душанбе ин сафарро на танҳо як боздиди ташрифоти дипломатӣ, балки як имконияти бузурги стратегӣ барои конвертатсия намудани муносибатҳои сиёсӣ ба лоиҳаҳои мушаххаси геоиқтисодӣ ва технологӣ медонад.
Аз назари мо, нуктаҳои зерин асл ва моҳияти сиёсиву паёмадҳои гуногунҷабҳаи ин сафарро ба таври мушаххас ва равшан инъикос менамоянд:
1. Институционализатсияи корпояи «С5+1» ва субъектнокии нави минтақа
Нахустин Ҳамоиши сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» нишон медиҳад, ки корпояи бисёрҷонибаи дипломатия дар меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ сифати нав пайдо кардааст. Ҷумҳурии Корея, ҳамчун яке аз пешсафу пештозони технологӣ ва иқтисодии ҷаҳон, Осиёи Марказиро ҳамчун як ҳалқаи ягона ва ҳаётан муҳими геополитикӣ эътироф менамояд.
Барои Тоҷикистон иштирок дар ин Ҳамоиш чанд паёмади муҳими сиёсӣ ба бор меоварад. Аввалан, он ба соҳибсубъектнокии минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба таври назаррас мусоидат менамояд, ки акнун бо мавқеи консолидатсияшуда ва устувор бо марказҳои нави қудрат музокирот мебаранд. Сониян, ин иқдом ба Душанбе имкон медиҳад, ки баланси стратегиро дар сиёсати хориҷии худ нигоҳ дошта, вектори ҳамкориҳои худро берун аз доираи акторҳои анъанавии глобалӣ диверсификатсия намояд.
2. Прагматизми транзаксионӣ ва синергияи иқтисодӣ
Дар рӯйхати шахсони расмие, ки Пешвои миллатро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллӣ, директори Агентии содирот ва сардори Хадамоти гумрук қарор доранд. Чунин ҳайати бонуфуз нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии Душанбе ҷалби сармояи мустақими Корея ба соҳаҳои калидии иқтисоди миллии Тоҷикистон аст.
Ҷумҳурии Корея бо технологияҳои пешрафтаи худ дар соҳаи «иқтисоди сабз», рақамисозии низоми бонкӣ ва идораи логистика машҳур аст. Сафари мазкур замина мегузорад, ки сармоягузорони Корея ба лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, махсусан сохтмони НБО «Роғун», ки кафили «энергияи сабз» дар ЕвроОсиё аст, ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон, ҳузури роҳбарони соҳаи содирот ва гумрук нишон медиҳад, ки Тоҷикистон хостори соддагардонии занҷиру ҳалқаҳоҳои логистикӣ ва кушодани бозорҳои ҳассоси Корея барои маҳсулоти экологии ватанӣ мебошад.
3. Рушди сармояи инсонӣ ва «нерӯи нарм»
Иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар аз рӯйкарди дарозмуҳлати Сарвари давлат ба омили демографии кишвар далолат мекунад. Тоҷикистон кишвари ҷавон аст ва рушди сармояи инсонӣ афзалияти аввалиндараҷаи давлат маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Корея дорои яке аз пешрафтатарин низомҳои маорифи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва муҳандисӣ шинохта ва эътироф шудааст. Паёмадҳои сиёсиву иҷтимоии ин сафар дар бахши маориф метавонад дар шакли таъсиси донишкадаҳои муштараки техникӣ, табодули донишҷӯён ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси тоҷик барои бозори меҳнати муосир зоҳир шавад. Инчунин, ин ҳамкорӣ заминаи муҳоҷирати муташаккил ва қонунии кории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Корея устувор хоҳад сохт.
Хулоса, сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея собит месозад, ки «Сиёсати дарҳои боз»-и Тоҷикистон як модели зинда, чандир ва комилан прагматикӣ мебошад. Дар шароите, ки ҷаҳон ба блокҳои иқтисодиву сиёсӣ тақсим шуда истодааст, Тоҷикистон аз догмаҳои идеологӣ худро дур нигоҳ дошта, бо ҳамаи марказҳои нави технология ва сармоя дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои миллӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз тарафи дигар, Ҷумҳурии Корея барои Тоҷикистон ҳамчун «шарики сеюми технологӣ» ва дӯсти вафодор дар хориҷи дур эътироф мешавад. Паёмадҳои сиёсии ин сафар ва Ҳамоиши Сеул нишон хоҳанд дод, ки Тоҷикистон мақоми худро ҳамчун актори фаъол ва соҳибсубъект дар Осиёи Марказӣ устувортар намуда, барои наслҳои оянда заминаи иқтисодиву инноватсионии мукаммалро омода месозад.
КАРИМОВ Шамсиддин,
сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ