Қобилияти равон сухан гуфтан ва бехато навиштан аввалин нишонаи зеҳн аст. Инсон фикр мекунад, мулоҳиза меронад ва он чиро, ки дар дил дорад, бо забони худ интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, забони тафаккур ба забони модарии ӯ табдил меёбад. Бо гузашти солҳо либосҳои миллии мо тағйир меёбанд, тарзи зиндагии мо тағйир меёбад. Агар мо дар ин бора фикр кунем, мафҳуми тағйирнопазир, ягонагӣ вуҷуд надорад. Аммо, арзише вуҷуд дорад, ки мо ҳаққи тағйир додани онро надорем, балки бояд онро рушд, сайқал диҳем ва ба он эҳтиром гузорем. Ин забони модарӣ аст! Муҳаббат ба он аз кӯдакӣ ташаккул меёбад. Вақте ки кӯдак дар гаҳвора хоб мекунад, аз суханони пурмуҳаббат ва орзуманди модараш ғизо мегирад. Маҳз ҳамин лаҳзаҳо меҳру муҳаббат ба забони модарӣ дар вуҷуди инсон шакл мегирад.
Забон воситаи муошират, сухан ва гуфтугӯ, инчунин тӯҳфаи бебаҳоест, ки симои миллатро муайян мекунад. Он таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва разишҳои маънавии мардумро дар худ таҷассум намуда, симои миллии онро муайян мекунад. Новобаста аз он ки ба кадом миллат тааллуқ дорад, забон пояи маънавиёти он миллатро ташкил медиҳад. Забон дар баробари воситаи муошират буданаш, инчунин механизми асосии интиқоли тафаккур, дарк, маънавият ва фарҳанг аст. Аз ин рӯ, дар даврони ҷаҳонишавӣ ба воситаи таъсири сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ табдил ёфтааст. Дар ин раванд забон метавонад ҳам омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳам воситаи таъсиррасонӣ ба шуур ва ҷаҳонбинии ҷомеа бошад. Тавре ишора кардем, забон на танҳо воситаи муошират, балки фарҳанг, анъана, тарзи зиндагӣ ва таърихи як халқ аст. Ба шарофати забон инсоният бо ифтихор аз мансубият ба ин ё он халқ зиндагӣ мекунад. Эътироф ва эҳтиром ба ҳамаи забонҳо ягона кафолати сулҳ аст. Аз ин рӯ, ҳар як миллат барои ҳифзи забони худ саъй мекунад.
Дар ҳақиқат, забон оинаи миллат аст. Он абзори муҳимест, ки сарвати арзишманд, симои маънавӣ, фарҳанг ва ҷаҳони ботинии ҳар як миллатро инъикос мекунад. Метавон гуфт, ки давомнокӣ ва пойдории забон аз ифтихори миллӣ, қудрат, адабиёт ва санъати соҳибони он муайян карда мешавад.
Аз ин рӯ, ҳифзи забони миллӣ танҳо масъалаи нигоҳдории воситаи муошират нест, балки ҳифзи хотираи таърихӣ, арзишҳои маънавӣ, худшиносии миллӣ, асрори худӣ ва мероси адабию фарҳангии миллат мебошад. Дар шароити ҷаҳоишавӣ рушду такомули забони миллӣ бояд бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва технологияҳои муосир ҳамоҳанг бошад. Миллате, ки забони худро эҳтиром в рушд медиҳад, дар баробари ҳифзи ҳувияти худ метавонад дар муколамаи фарҳангҳо низ бо мавқеи устувор ва разандаи худ иштирок менамояд.
Аз ин ҷост, ки сиёсат нисбати забони давлатӣ бояд на ба ҷудошавӣ аз ҷаҳони муосир балки ба ҳифи ҳувияти миллӣ дар баробари кушодагӣ ба ҷаҳон равона гардад. Забон ҳам воситаи нигоҳдорандаи мероси гузашта ва ҳам василаи эҷоди оянда мебошад, зеро ҳифзи забони миллӣ - ҳифзи хотираи миллат, фарҳанги миллӣ - ҳифзи маънавият ва рушди забони давлатӣ - сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа мебошад.
Тавре ки дар боло ишора кардем, забон қисми ҳувияти миллат аст. Мо наметавонем бигӯем, ки ҳамаи халқҳои ҷаҳон забони расмии миллии худро доранд. Зеро ин бо истиқлолияти миллии мардум алоқаманд аст. Ба гуфтаи коршиносон, имрӯз ҳар ду ҳафта як забон нопадид мешавад. Ин, дар навбати худ, маънои нопадид шудани халқҳоеро дорад, ки бо он забон гап мезананд. Ба гуфтаи намояндагони ЮНЕСКО, агар замоне шумораи забонҳое, ки одамон гап мезананд, ба 7000 то 8000 мерасид, имрӯз дар сайёраи мо 6000 забон мавҷуд аст, ки 90%-и онҳо дар остонаи нобудшавӣ қарор доранд. Дар «Атласи забонҳои ҷаҳон, ки дар хатари нобудшавӣ қарор доранд», ки аз ҷониби ЮНЕСКО нашр шудааст, қайд шудааст, ки 50 забон дар Аврупо ва 200 забон дар Уқёнуси Ором дар остонаи нобудшавӣ қарор доранд. Аз 1400 забон дар Африқо, 600 забон дар оянда бо хатари нобудшавӣ ва 250 забон дар ояндаи наздик бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд. Инҳо асосан забонҳои миллатҳои хурде мебошанд, ки фарҳанги худро аз сабаби рушди нобаробари тамаддуни башарӣ аз даст медиҳанд. Баъзе аз аҳолии халқҳое, ки бо ин забонҳо гап мезананд, забони хаттӣ доранд, дар ҳоле ки дигарон надоранд. Масалан, 80%-и аҳолие, ки бо забонҳои африқоӣ гап мезананд, забони хаттии худро надоранд. Ҳазорҳо забон барои истифода дар системаи маориф дастрас нестанд. Дар бораи забонҳое, ки дар Интернет истифода бурдан мумкин нест, низ бояд гуфт. Зеро аз сабаби рушди технологияҳои нав, баъзе миллатҳо маҷбуранд, ки ба ҷои забонҳои худ аз забонҳои муосир истифода баранд. Имрӯз 81 фоизи забони интернетӣ забони англисӣ аст.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои куҳанбунёд ва дорои таърихи пурғановати ҷаҳон мебошад. Он дар тӯли садсолаҳо бо вуҷуди мушкилоти гуногуни таърихӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми баланд дорад. Ин забон бо номи бузургони адабиёту фарҳанги тоҷик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон пайванди ногусастан дорад. Чи тавре ки дар боло ишора кардем, забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дошта, барои рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳми беандоза дорад. Мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикӣ натиҷаи рушди таърихии миллат ва ташаккули давлатдории муосири тоҷикон мебошад. Забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо сарфи назар аз дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ тавонист хусусиятҳои асосии худро нигоҳ дорад ва ҳамчун забони фарҳангу адабиёт зинда мондааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нишонаи муҳими ҳувияти миллӣ мавқеи устувор пайдо кард. Истиқлолияти сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз маорифу фарҳанг то илм, коругзорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода гардад. Ҳамчунин, таваҷҷуҳ ба омӯзиш, ҳифз ва рушди забони давлатӣ бешрат шуда, барои баланд бардоштани фарҳанги забондонии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Забони тоҷикӣ, ки яке аз қадимтарин ва ғанитарин забонҳои ҷаҳон аст, барои мардуми мо рамзи ҳувияти миллӣ ва давлатдории мустақили мо, сарвати бебаҳои маънавӣ ва арзиши бузург аст. Забони модарӣ омили муҳими пойдории миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯза ба ҳисоб меравад.
Мо бояд забони тоҷикӣ, ин мероси гаронбаҳои ниёгонро ҳифз ва эҳтиром намоем, барои рушду такомули он саҳми арзанда гузорем ва онро ба наслҳои оянда бо покиву ғановат ва бузургии хосаш ба мерос гузорем. Ҳифзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Бигзор забони тоҷкиӣ забони илму фарҳанг, маърифату хирад ва ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик бошад ва дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи мо нақши созандаи худро идома диҳад. Ҳар яки мо бояд таваҷҷӯҳ ба забони давлатиро таваҷҷӯҳ ба истиқлолият, эҳтиром ва садоқат ба забони давлатиро эҳтиром ва садоқат ба Ватан донем ва чунин муносибатро қоидаи зиндагии худ гардонем. Ҳамаи мо бояд ин амали хайрро аз худамон, аз оила ва ҷомеаҳои худ оғоз кунем ва эҳтиром ба забони модарӣ, анъана ва арзишҳо ва муҳаббат ба Ватанро дар фаъолиятҳои амалӣ нишон диҳем.
ШАРИФЗОДА Искандар
ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ