×
Бозгашт ба кормандон
Ғоибназарзода Сомон Илҳом

Ғоибназарзода Сомон Илҳом

Ходими хурди илмӣ

Шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Тарҷумаи ҳол

Ғоибназарзода Сомон Илҳом, 21 майи соли 1999 дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, дар оилаи хизматчии давлати ба дунё омадааст. Соли 2006 ба синфи 1-уми муассисаи таълимии Литсейи “Сарпараст” дохил шуда, таҳсили худро идома додаст. Соли 2017 муассисаи таҳсилоти мактаби миёнаи №56 ро хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 2017 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети Осиё ва Аврупо, аз рӯйи ихтисоси “Забони англиси тарҷумон” (англисӣ-тоҷикӣ) ба таври ройгон дохил шудааст. Соли 2022 донишгоҳро бо муваффақият хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб сафар кардааст. Соли 2023-2025 дар шаҳри Дубай дар маркази забономӯзӣ аз рӯйи омӯзиши забонҳои англисӣ ва урду таҳсил намуда, онро хатм намудааст. Соли 2025 ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, аз рӯйи ихтисоси 1-230106 Сиёсатшиносӣ ба зинаи магистратура, ба курси 1-ум дохил шуда, таҳсили худро идома дода истодааст. Аз 1-уми январи соли 2026 дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо АМИТ дар шӯъбаи ШМА ва Канад ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:
Ман дар давоми фаъолияти илмии худ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидаам. Аз ҷумла, мақолаҳои илмии навиштаи ман дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо номи “Diplomatic Insight” нашр гардидаанд. Ин дастовард ба баланд гардидани нуфузи илмии ман дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуда, имконияти муаррифии андешаҳо ва таҳқиқоти илмии маро дар доираҳои академии хориҷӣ фароҳам овардааст. Инчунин, дастовардҳои мазкур барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими фаъолияти таҳқиқотии ман заминаи мусоид фарҳам оварданд. Аз ҷумла, мақолаҳои илмии ман таҳти унвонҳои «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон», «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат», «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон дар давраи истиқлол» ва «Пойтахт ҳамчун инъикоси ҳувияти миллӣ ва омили рушди давлат» ва ба масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии кишвар бахшида шуда, дорои аҳамияти баланди илмӣ ва таҳлилӣ мебошанд. Нашри ин мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ва иштирок дар муҳокимаҳои академӣ ба рушди фаъолияти таҳқиқотии ман, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва муаррифии мавқеи илмии ман дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат намудааст.
Самтҳои таҳқиқот: муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ,
Суроғаи электронӣ: ghoibnazarzoda@mail.ru