Тарҷумаи ҳол
Муҳаммадализода Парвина Муҳаммадалӣ соли 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Солҳои 2014 то 2018 дар аспирантураи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Такмили механизми таъминоти иттилоотии низоми идоракунии тандурустии Тоҷикистон” 20 июни соли 2023 дифоъ кардааст.
Аз соли 2011 то 2024 дар вазифаи иқтисодчии пешбари Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, аз моҳи апрели соли 2024 то ҳол ҳамчун мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (даъвати ҳафтум) мебошад.
Барои хизматҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2015, 2017, 2024) ва Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2024) ва бо Сертификати курси “Сарварони сиёсӣ” соли 2026 сарфароз гардидааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:
Дар давоми фаъолияти корӣ китобу монография ва мақолаҳои зиёди илмиро дар дохили кишвар ва берун аз он ба табъ расонидааст. Дар тайёр намудани кадрҳои илмии баландихтисос саҳми назаррас дорад.
Самтҳои таҳқиқот: Самти таҳқиқоти илмӣ ба омӯзиши масъалаҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи иқтисоди рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин иқтисоди ҷаҳон равона сохтааст.
Суроғаи электронӣ: Е-mail: p.nematova@bk.ru.