Тарҷумаи ҳол
Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси шарқшиносӣ бо дипломи аъло хатм намуда, соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ба анҷом расонидааст. Аз соли 2024 шунавандаи факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ихтисосаш шарқшинос, мутахассиси муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқшинос аст.
Соли 2019 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳаввули низоми муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири ХХ – ибтидои асри ХХI» аз рӯйи ихтисоси 07.00.15 – таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони илмии номзади илмҳои таърих гардидааст. Аз 1 апрели соли 2026 унвони дотсент аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносӣ дорад.
Фаъолияти меҳнатиро солҳои 2009–2014 ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Шаҳринав оғоз намудааст. Солҳои 2015–2019 аспиранти рӯзонаи кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2017 то ҳол ба ҳайси дотсенти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни сиёсатшиносӣ фаъолият дорад. Аз соли 2023 докторанти анъанавии ғоибонаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мебошад.
Солҳои 2019–2025 муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ буда, аз моҳи январи соли 2025 то ҳол ҳамчун ходими пешбари илмии ҳамин Институт фаъолият менамояд. Ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав (даъватҳои шашум ва ҳафтум) мебошад.
Барои хизматҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ бо Нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2024) ва Дипломи АМИТ “Барои олимони ҷавон” (2022) сарфароз гардидааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:
Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир. Монография. Душанбе: “Дониш”, 2022. – 172 с. 10,8
Трансформация системы международных отношений Республики Таджикистан в условиях глобализации. Монография. Душанбе: “Дониш”, 2024. – 222с. 13,9
Сиёсатшиносӣ. Китоби дарсӣ. (ҳаммуаллифӣ). Душанбе: “Бебок”, 2025. – 320 с. 20
Муносибатҳои байналмилалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли шаҳри Душанбе). Душанбе: “Бебок”, 2025. – 144 с. 9
Фарҳангшиносӣ. Воситаи таълимӣ. Душанбе: “Бебок”, 2026. – 176 с. 11
Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Воситаи таълимӣ. (ҳаммуаллифӣ). Душанбе: “Бебок”, 2026. – 172 с. 10,8
Раҳмонзода А.Ш. дар ташкил ва баргузории симпозиумҳо, семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ нақши назаррас дошта, дар таҳияи маҷмуаҳои онҳо саҳми шоиста гузоштааст. Ҳамзамон, зиёда аз 70 мақолаи вокунишӣ оид ба муқовимат бо мухолифон ва хоинони миллат дар нашрияҳои даврӣ ба табъ расонидааст.
Самтҳои таҳқиқот: Самти таҳқиқоти илмӣ ба омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ, геосиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии кишварҳои Осиё ва Аврупо, равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, сиёсати хориҷии давлатҳо, амнияти минтақавӣ, рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Аврупо, инчунин таҳлили равандҳои муосири байналмилалӣ равона гардидааст.
Суроғаи электронӣ: Е-mail: raxmonzoda92@bk.ru.