×
Бозгашт ба кормандон
Раҳмонов Мирсаид Миршарифович

Раҳмонов Мирсаид Миршарифович

Ходими калони илмӣ

Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

Тарҷумаи ҳол

Баъд аз хатми факултети шарқшиносии Донишгоҳи Панҷоб ба аспирантураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сабти ном шуда, роҷеъ ба Мирзо Адиб корҳои таҳқиқотӣ анҷом дода, дар ин замина китоберо зери номи “Дастҳои асири шуъои офтоб” аз забони урду ба забони тоҷикӣ тарҷумаву таҳия намуда, соли ба нашр расонд. Соли 2004 дар Шуъбаи кор бо ноболиғони ноҳияи Мастчоҳ иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 2006-2009 ба ҳайси муаллими фанни технологияи иттилоотӣ (барномаҳои MS Words) дар Коллеҷи №52-и ш.Душанбе ва муаллими фанни «маркетинги байналмилалӣ ва хадамот» дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (2006-2007) кору фаъолият намудааст. Солҳои 2008-2009 Администратор ва тарҷумон дар лоиҳаи Маркази Ислоҳоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва солҳои 2010-2017 ба ҳайси ёвари таълимӣ ва тарҷумон дар кумитаи сарҳадии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2018-2020 ба ҳайси омӯзгори фанни “Кишваршиносӣ-Минтақашиносӣ” ба магистрантҳои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарс дода, аз соли 2018 ба ҳайси ходими калон ва мутахассиси масоили сиёсату сайёҳат, забону адабу фарҳанг, иқтисодиву иҷтимоиву тиҷорат ва мавзуъҳои мубрами минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон кору фаъолият менамояд.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Дар давоми фаъоляит дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 1 монография (“Дастҳои асири шуъои офтоб” . Душанбе: «Дониш», 2024.-127 саҳ. ;, бештар аз 100 адад мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба нашр расондааст. Мақолаҳои илмӣ роҷеъ ба мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон, нақши дипломатияи бисёрсамтаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Индонезия, Молдиф, Чин, Ҷопон, Муғулистон ва ғайра дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Ҳиндустон, Покистон ва Ӯзбекистон ба табъ расондааст. Дар тарбияи насли наврас ва ходимони илмии ҷавон фаъолона саҳм гузошта, ба донишҷӯён лексияҳо ироа кардааст. Бо таҳия ва нашри мақолаҳо дар ВАО, маҷаллаву журналҳои илмии ҷаҳонӣ пайваста фаъолона иштирок намуда, дар конфронсҳои миллӣ ва байналмилалӣ/вебинарҳо дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок меварзад.
Самтҳои таҳқиқот: Самтҳои асосии илмию таҳқиқотӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ рабт дошта, дар доираи он назарияи ҷомеашиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғайра пайваста таҳлилҳои муқоисавӣ баррасӣ мегардад.
Суроғаи электронӣ: esrp_mirsaid@yahoo.co.uk