×
Бозгашт ба кормандон
Файзуллаева Нигора Негматовна

Файзуллаева Нигора Негматовна

Ходими илмӣ

Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

Тарҷумаи ҳол

Соли 2012 ба факултети филологияи забонҳои хориҷӣ аз рӯи ихтисоси забонҳои хориҷӣ (забонҳои англисӣ ва кореягӣ) Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2017 хатм мекунад. Соли 2020 дараҷаи магистратура аз рӯи ихтисоси 1М – 21.01.01. Муносибатҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. Аз соли 2023- унвонҷӯ, аз руи ихтисоси “Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ” Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. Аз моҳи феврали соли 2018 то имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо аввал ба ҳайси ходими хурди илмӣ баъдан (соли 2022) ба ҳайси ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фаъолият менамояд.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: сарфароз гардидан бо Сертификат оид ба иштироки бомуваффақият дар курси бозомӯзии “Густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон тавассути рушди соҳибкорӣ” тавассути (Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон) аз ҷониби Институти Рушди Соҳибкории Ҳиндустон. Ҳиндустон 9.02.2024; бо “Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” сарфароз гардонидан барои маърӯзаи беҳтарин дар мавзуи “Густариши имкониятҳои занон дар рушди соҳибкории Ҳиндустон” дар конференсияи илмию назариявии олимони АМИТ бахшида ба “Ҳафтаи илм” ва ба муносибати “Рӯзи илм”. (16.04.2024); Сарфароз гардидан бо Сертификат барои бомуваффақият хатм намудани курси “Business-English” –дараҷаи 2-и “Intermediate” аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ш. Душанбе майи соли 2024.
Дар баробари ин, муаллифи бештар аз 10 мақолаи илмии тақризшаванда ва 30 маколаи илмӣ-омавӣ мебошад.
Самтҳои таҳқиқот: Самтҳои асосии илмию таҳқиқотӣ назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғайра мебошад.
Суроғаи электронӣ: Email: faizulloevanigora123@gmail.com