×
Бозгашт ба кормандон
Достиева Дилафруз

Достиева Дилафруз

Ходими хурди илмӣ

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

Тарҷумаи ҳол

Соли 2020 факултети сиёсатшиносӣ, ихтисоси таъминоти забони робитаи байнифарҳангӣ (англо- араб переводчик)-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Сипас соли 2023 зинаи магистратураи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ- ро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати беруна хатм намуда, аз соли 2020 то инҷониб аввал дар вазифаи лаборанти калони шуъба ва ҳамзамон аз соли 2024 дар ин радиф ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолият намуда истодааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:
Дар самти фаъолияти илмии хеш якчанд мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дар маҷаллаву сомонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба чоп расонидааст. Инчунин бо “Ифтихорнома”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Сипоснома” -и Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сертификати “ Зан- сарвар” сарфароз гардидааст.
Самтҳои таҳқиқот: муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ
Суроғаи электронӣ: sharqimiyona@gmail.com