×
Бозгашт ба кормандон
ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ

Номзади илмҳои филология

Мудир

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

Тарҷумаи ҳол

Соли 2009 - факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро хатм кардааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: 04 апрели соли 2018 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” дифо намудааст.
Таҷрибаи корӣ: соли 2011 ба шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ дар риштаи аспирантура ба таҳсили илм фаро гирифта шуд. Солҳои 2014-2016 ба ҳайси лаборанти калони Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, солҳои 2016-2018 ходими хурди илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, солҳои 2018-2019 ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2020 то ҳол дар вазифаи мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Шогирдон: Зери роҳбарияш 6 нафар рисолаи магистрӣ дифо намудаанд.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 14.09.1986
Ваъзи оилавй: оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Мансаб: аз 01 январи соли 2025 мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.
Email: rakesh-23@mail.ru
Телефон: 919810212; 927040908.
Унвони илмӣ: -
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: Самти фаъолияти илмӣ аз таҳқиқи равобити адабии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва омӯзиши масъалаҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангӣ минтақаи мазкур иборат аст.
Мукофот ва унвон: барои хизматҳои шоён дар рушди илми кишвар бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст. Ба монанди Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2020, 2021, 2022, 2023, 2024, 2025), Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), Ифтихорномаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ (2020), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), Сипосномаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), Сипосномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (2021), Ифтихорномаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (2021). Ҷоиза ва дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2022), Сипосномаи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (2022), Медал ва дипломи ИДМ барои беҳтарин олими ҷавони ИДМ дар соли 2022, Ифтихорномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024), Сипосномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024).