Тарҷумаи ҳол
Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра 12 июли соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1988 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленини ш.Душанбе дохил шуда, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бомуваффаќият хатм намуда, ба шуъбаи ҷомеашиносии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лаборант ба кор меояд. Дар соли 1998 ба аспирантураи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ дохил шуда, онро соли 2000 хатм мекунад.
Солҳои 1995 то 2019 дар Институти фалсафа ва ҳуќуќи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ,мудири шуъба кору фаъолият кардааст. Ҳамзамон солҳои 2003-2007 дар докторантураи Институти фалсафа ва ҳуќуќи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Диссертатсияи номзадиро дар мавзуи “Ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” аз рўи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ 12 декабри соли 2000 дифоъ кардааст. Диссертатсияи докториро дар мавзўи “Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои дигаргуншавии ҷомеаи тоҷик” моҳи октябри 2007 дифоъ намудааст.
Солҳои 2015-2019 дар вазифаи мудири шўъбаи сиёсатшиносӣ ва аз 22 апрели соли 2019 то соли 2023 Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуќуќи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 29 феврали 2024 ҳамчун директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодаанд.
Барои дастовардҳои илмӣ ҷиҳати рушди илмҳои сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ, комёбиҳо дар омўзиши масъалаҳои сиесати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст:
1.Медали Хизмати шоиста (2020);
2.Нишони“Аълочии илм ва маорифи Тоҷикистон”(с.2020) ;
3.Нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”(с.2021);
4.Нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”(с.2024);
5.Нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”(c.2025);
6.Медали ҷашнии “30-солагии ҲХДТ”(c.2025),
7. “Ифтихорнома”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (с.2018,2025)
Муаллифи зиёда аз 7 монография, 160 маќолаҳои илмӣ, 4 маводи дарсию таълимӣ , корҳои таҳрирӣ, маќолаҳои илмӣ-оммавӣ ва таќризҳо мебошад. Корҳои илмиашон дар Федератсияи Россия, Осиёи Марказӣ,Ҷумҳурии мардумии Чин ва дигар кишварҳо ба чоп расидаанд.
Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар тўли фаъолияти 31-солаи илмию омўзгории худ чунин китобу дастурҳоро таълиф намудааст:
1. “35 соли сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлоли давлатӣ (бо забони русӣ, ҳаммуаллифӣ. “Контраст”. с.2026.-204с.);
2. “Дипломатияи тоҷик: ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо”. (бо забони тоҷикӣ, ҳаммуаллифӣ. “Дониш”. с.2026.-185с.);
3. “Илм ва маориф дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ”. (бо забони тоҷикӣ, ҳаммуаллифӣ. “Дониш”. с.2025.-215с.);
4. Сиёсатшиносӣ. (бо забони тоҷикӣ, ҳаммуаллифӣ. “Дониш” с.2015.-299с.);
5. “Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ:таҳлили фалсафӣ-иҷтимоӣ” (бо забони тоҷикӣ. “Маориф”. с.2015.-187с.);
6.«Рушди Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ»,(бо забони русӣ. “Ирфон” с.2006.-190с.)
Таҳти роҳбарии Р.Ҷ. Ҳайдарзода 7 нафар диссертатсияҳои номзадӣ ва 16 нафар рисолаи магистрӣ дифоъ намуда, ҳоло роҳбарии зиёда аз 6 нафар унвонҷуёну докторантҳои соҳаҳои ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносиро ба зимма дорад.