Тарҷумаи ҳол
Мансаб: аз 3 марти соли 2025 мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мебошад.
Email: zafarsaidov61@gmail.com
Телефон: +9922210592
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: доираи тадқиқоти илмиаш сиёсати хориҷӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои байнидавлатии он дар шаклҳои гуногун,сиёсатшиносӣ, таърихи наву навтарини кишварҳова фалсафаи инсон маҳсуб ёфта, муаллифи зиёда аз 85 китоби илмӣ ва илмию оммавӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошад.Бори аввал дар илми фалсафаи ҷаҳонӣ мафҳумҳои “озодӣ” ва “бегонашавӣ”¬-ро ҳамчун категорияҳои ҷуфти фалсафӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Мукофот ва унвон: барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ(2001),соҳиби нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”(2006) мебошад. 1 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаитахассусии “Мушовири давлатии дараҷаи якум”дода шуд.Соҳиби рутбаи дипломатии “Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи дуввум”(2021) мебошад. Бо медали давлатии “Хизмати шоиста” шарафёб шуд(бар тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016). Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 3 сентябри соли 2011 сазовори ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардидааст. Бо ифтихорномаҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024), Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия (2010)ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия (2025) қадр шудааст.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Маълумот:
Соли 1983 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо дипломи “аъло” хатм кардааст.
Дифои рисолаи номзадӣ: 13 июни соли 1989 рисолаи номзадиро ба мавзӯи “Таҳлили фалсафии таносуби мафҳуми озодӣ ва принтсиписотсиалистии озодии виҷдон” дифоъ намудааст.
Дифои рисолаи докторӣ: 25 майи соли 2016 рисолаи докториро ба мавзӯи “Муносиботи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи шаклгирии сиёсати хориҷии он” дифоъ намудааст.
Мансаб: аз 3 марти соли 2025 мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мебошад.
Email: zafarsaidov61@gmail.com
Телефон: +9922210592
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: доираи тадқиқоти илмиаш сиёсати хориҷӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои байнидавлатии он дар шаклҳои гуногун,сиёсатшиносӣ, таърихи наву навтарини кишварҳова фалсафаи инсон маҳсуб ёфта, муаллифи зиёда аз 80 китоби илмӣ ва илмию оммавӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ мебошад.Бори аввал дар илми фалсафаи ҷаҳонӣ мафҳумҳои “озодӣ” ва “бегонашавӣ”¬-ро ҳамчун категорияҳои ҷуфти фалсафӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Мукофот ва унвон: барандаи ҷоизаи журналистии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ(2001),соҳиби нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”(2006) мебошад. 1 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаитахассусии “Мушовири давлатии дараҷаи якум”дода шуд.Соҳиби рутбаи дипломатии “Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи дуввум”(2021) мебошад. Бо медали давлатии “Хизмати шоиста” шарафёб шуд(бар тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016). Бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 3 сентябри соли 2011 сазовори ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардидааст. Бо ифтихорномаҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024), Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия (2010)ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия (2025) қадр шудааст.
Таҷрибаи корӣ: фаъолияти меҳнатиро аз моҳи октябри соли 1983 ба ҳайси ассистент ва аспиранти кафедраи атеизми илмии Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин оғоз намудааст. Аз моҳи июлисоли 1987 то моҳи сентябри соли 1992 дар дастгоҳҳои КМ комсомоли Тоҷикистон, Шӯрои Олӣва Президенту Девони Вазирони Тоҷикистон вазифаҳои масъулиятнокро бар дӯш дошт.Аз моҳи феврали соли 1993 то моҳи феврали соли 2008 дар вазифаҳои давлатии нахустин сардори Раёсати иттилооту сухангӯйи Вазорати корҳоихориҷӣ, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ¬¬¬-¬¬¬¬и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз 5 феврали соли 2008 то 17 октябри соли 2019 мушовири калони Президенти Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии он оид ба сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои равобити хориҷӣ буд. Аз 17 феврали соли 2020 то 30 декабри соли 2024 рисолати дипломатиро дар маснади Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Россия ба зимма дошт. Аз 5 феврали соли 2025 то 2 марти соли 2025 дар вазифаи сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ кор кардааст.
Шогирдон: таҳти назару роҳбарии илмиаш 3 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Санаи таваллуд: 18 декабри соли 1961
Мансубияти миллӣ: тоҷик
Вазъи оилавӣ: оиладор аз моҳи августи соли 1986, соҳиби 3 фарзанд ва 5 набера.