Тарҷумаи ҳол
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: таҳқиқоти илмӣ дар самти илмҳои
сиёсатшиносӣ буда, муаллифи беш аз 20 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва 5
мақолаи тақризшаванда мебошад.
Мукофот ва унвон: барои хизматҳои ҷангӣ бо медали “Барои хизматҳои ҷангӣ” (1982), бо ордени “Барои хизмат ба Ватан дар ҚМ ИҶШС(СССР) дараҷаи 3(1985), медали “Ба ҷанговари интернатсионалист аз мардуми сипосгузори афғон” (1983) ва бо чандин медалҳои ҷашнии Иттиҳоди Шуравӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ гардидааст.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Маълумот: 22 январи соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллат - тоҷик. Маълумот – олӣ. Соли 1984 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1981 – 1982 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ҳайси тарҷумони низомӣ ифои вазифа намудааст. Солҳои 1984 – 1986 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС ба ҳайси афсари Қатаоти маҳдуди Урдуи Шуравӣ дар Афғонистон хизмат намудааст.
Солҳои 1986-1990 дар Кумитаи Марказии ЛКСМ-и Тоҷикистон ба сифати иҷрокунандаи масъули лагерҳои пионерии умумииттифоқии “Артек”, “Орленок” ва “Океан” кор кардааст.
Солҳои 1991-1993 дар вазифаи раиси ДОСААФ – и ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва солҳои 1993-1996 дар вазифаи раиси ДОСААФ – и шаҳри Душанбе ифои вазифа намудааст.
Соли 1996 ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъват шуда соли 2008 ба истеъфо баромадааст. Полковники мустаъфӣ.
Аз соли 2025 ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мебошад.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
+992009885757
sudurzoda60@gmail.com