×
Бозгашт ба кормандон
ДАВЛИЁРОВА САФАРГУЛ ТЕШАЕВНА

ДАВЛИЁРОВА САФАРГУЛ ТЕШАЕВНА

Номзади илмҳои фалсафа

Ходими пешбари илмӣ

Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Тарҷумаи ҳол

Мансаб: Аз моҳи феврали соли 2019 ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Email: dsafargul@mail.ru.
Унвони илмӣ: номзади илмҳои фалсафа.
Дараҷаи илмӣ: дотсент.
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: таҳқиқотҳои илмиаш дар самти сотсиология, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, фалсафаи иҷтимоӣ буда, муаллифи беш аз 30- мақолаи илмӣ ва 100 мақолаҳои илмӣ – оммавӣ мебошад.
Мукофот ва унвон: ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои 2015,2017,2018,2022 ва ифтихорномаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ солҳои 2019, 2024.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Солҳои 1986 - 1990 донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогӣ ба номи Н.К.Крупскаяи ш.Душанбе, ин омӯзишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Солҳи 1990-1994 донишҷӯи университети педагогӣ ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев.
12-уми ноябри соли 2007 дар мавзӯи “Худшиносии миллӣ: таҳлили иҷтимоӣ - фалсафӣ” дифои рисолаи номзадӣ карда ва аз 15-уми феврали соли 2018 тибқи қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия сазовори унвони илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси 09.00.11-фалсафаи иҷтимоӣ гардидааст.
30-юми декабри соли 2013 тибқи фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия соҳиби унвони дотсент аз рӯи ихтисос “Фалсафаи иҷтимоӣ” гардидааст.
Таҷрибаи корӣ:
Аз сентябри соли 1994 ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи масоили этникии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намудам. Аз сентябри соли 1995 ба вазифаи нозири калони шуъбаи кадрҳои ҳамин Институт. Солҳои 1996-1999 аспиранти таҳсили рӯзонаи шуъбаи фалсафаи иҷтимоии ҳамин Институт. Аз январ то декабри соли 1999 гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз октябри соли 2006 ба вазифаи ходими калони илмии шуъбаи сотсиология. Аз июни соли 2008 то августи соли 2018 мудири шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будам. Аз августи соли 2018 тариқи гузариш дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи ходими калони илмии шуъбаи Аврупо ва Америка то феврали соли 2019 кор кардааст.
Санаи таваллуд: 2.05.1967.
Вазъи оилавӣ: Муҷаррад. Соҳиби ду фарзанд.