×
Бозгашт ба кормандон
Қурбонзода Фарида

Қурбонзода Фарида

Ходими илмӣ

Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Тарҷумаи ҳол

Email: kurbonova_22@mail.ru
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: дорои таҳқиқоти илмиаш дар самти илмҳои иқтисодиёти ҷаҳон буда, муаллифи беш аз 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 8 мақолаи тақризшаванда мебошад.
Мукофот ва унвон: барои хизматҳои шоиста дар рушди илм ва ҷомеа бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст. Ба монанди Сипосномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, аълочии маориф ва илми Тоҷикистон.
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Маълумот
Соли 2013 факултети иқтисодиёти ҷаҳон – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Солҳои 2018 – 2021 шуъбаи аспирантураи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ –ро аз рӯи ихтисоси 080014 – “Иқтисодиёти ҷаҳон” (ғоибона) таҳсил намуда, рисолаи илмиаш дар ҳолати анҷом қарор дорад.
Таҷрибаи корӣ: соли 2017 ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи Аврупо ва Америка – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ қабул шуда, солҳои 2018-2024 дар шуъбаи муҳосиботи Институти мазкур кору фаъолият кардааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд.