Тарҷумаи ҳол
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Соли 1982 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 1982 – 1989 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Мавсуф солҳои 1989 – 1993 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи с. Айнӣ таҳсил намуда, дар соли 1993 рисолаи номзадиро таҳти нвони “Муҳоҷирати хоҷагиҳои деҳқонии водии Вахш дар солҳои 1924 – 1941” дифоъ кардааст. Қурбонова Ш.И. солҳои баъдӣ дар вазифаҳои гуногуни илмию давлатӣ – солҳои 1993 – 2000 – сармушовири Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, солҳои 2000 – 2003 – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, солҳои 2003 – 2004 – сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Вазорати маориф, солҳои 2005 – 2006 – мудири шуъбаи умумии Вазорати маориф, солҳои 2006 – 2007 – сардори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф, солҳои 2007 – 2015 – директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва аз моҳи сентябр соли 2015 то имрӯз Раиси ташкилоти ибтидоии “Илмпешагон” – и ҲХДТ дар раёсати АИ ҶТ ва аз 8 феврали соли 2016 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.Дар мудддати фаъолияташ ду маротиба вакили Маҷлиси вакилони хақи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати 4 – ум ва 5 – ум ҳамзамон раиси комиссияи илму маориф, ҷавонон, фарҳанг ва танзими оила интихоб шудааст.
Сержант, ҳамшираи шавқат, ҳайат 870, 240, с рақами билети ҳарби №34489614.
КИТОБҲОИ НАШРШУДАИ ҚУРБОНОВА ШИРИН:
1. “Фаъолияти ҲХДТ дар солҳои 1994 – 2019, Душанбе, 2019, - 285 с.”
2. “Фаъолияти ҲХДТ дар солҳои 2019 – 2021, Душанбе, 2021 – 206 с.”
3. “Чеҳраҳои академикӣ, Душанбе, 2021 – 142.”
4. “Марди шуҷои миллат, Душанбе, 2020, - 125 с.”
5. “Балҷувон, Душанбе, 2021, - 120 с.”
6. “Санади сарнавиштсоз ва рушди давлатдории миллӣ, Душанбе, 2024 – 230с.”
7. “Илм ва маориф дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ: Ҷанбаи таърихӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, Душанбе, 2025 – 2015 с.”
8. “Пешвои миллат ва 34 соли роҳи сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон, Душанбе, 2025 – 200 с.”
9. “Достони падар”
10. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои миллат
Мукофотҳо:
• Аълочии маорифи Ҷ. Т.
• Медали “Хизмати шоиста”,
• Корманди шоистаи варзиши ҶТ,
• Аълочии матбуот,
• Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
• Ҷоизаи ба номи академик М.С. Осимӣ.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд, 11 нафар набера.
Ҷои истиқомат: шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавси 18.