×
Бозгашт ба кормандон
ХОЛНАЗАРОВ НАЗАР МИРЗОЕВИЧ

ХОЛНАЗАРОВ НАЗАР МИРЗОЕВИЧ

Ходими илмӣ

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

Тарҷумаи ҳол

Email: nhkolnazar@mail.ru
Телефон: 501 99 50 33
Ҷанбаҳои фаъолияти илмӣ: доираи таҳқиқиқоти илмиаш дар самти муносибатҳои сиёси, иҷтимоӣ, илмӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва экологӣ бо кишварҳои Шарқ Миёна ва Наздик буда, муаллифи як китоб (маълумотнома) бо номи “Эрони муосир” ва беш аз 40 мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
Мукофот ва унвон: барои хизматҳои шоён дар иҷрои Қарзи интернатсионалӣ дар Афғонистон бо медалҳои “Барои хизматҳои ҷангӣ”- и Иттиҳоди Шуравӣ (аз 6 майи соли 1983), “Ҷасорат”-и Шурои Инқилобии Афғонистон (соли 1984), барои “Хидмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ дар Афғонистон” ва бештар аз 22 мидол аз Афғонистон , Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, (тайи солҳои 1982-2024), Ордени “Спитамен” дараҷаи 2, ( бо фармони Презиенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2003 №1127) ва даҳҳо Ифтихорномаву Сипосномаҳо аз тарафи Вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИОМДОА.

Шарҳи мухтасари тарҷумаи ҳол
Маълумот
Соли 1977 - факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси Филолог-Шарқшинос хатм кардааст.
Соли 1988 Донишгоҳи Марксизм Ленинизмро бо ихтисоси “пропагандист” хатм намудааст.
Соли 1997 курси 6 моҳаи афсаронро бо ихтисоси разведкаи оператифӣ дар назди Штаби Генералии Росия хатм кардааст
Дифои рисолаи номзадӣ:-
Дифои рисолаи докторӣ: -
Таҷрибаи корӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ: солҳои 1997-1999 дар асоси тақсимоти давлатӣ ба ҳайси муаллими забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва адабиёт дар мактаби миёнаи №61 собиқ ноҳияи Ленин кор кардааст. Аз соли 1979 то декабри соли 1981 дар Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии шаҳри Одессаи Украина ба ҳайси тарҷумони ҳарбӣ хидмат намудааст. Аз январи соли 1982 то декабри соли 1985 дар ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ Қарзи интернатсионалии худро иҷро намудааст. Солҳои 1985-1990 дар Кумитаи Марказии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ҳайси мудири шуъбаи Политэмигратсия фаъолият доштааст. Солҳои 1990-1995 дар Раёсати ҷумҳуриявии Ҷамъияти “Китоб” фаъолият намудааст. Аз соли 2005 то соли 2005 дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хидмат намудааст. Аз августи соли 2005 то августи 2016 Аз соли 2017 нафақахӯр мебошад.
Дар ин васат солҳои 1992-1995 узви Раёсати Фронти халқӣ дар манотиқи Ҷанубу Ғарбии кишвар низ будааст ва яке аз барқароркунандагони сохти Конститутсинии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дигар маълумотҳои шарҳи ҳол:
Санаи таваллуд: 20. 10. 1954
Ваъзи оилавӣ: оиладор, сохиби 3 фарзанд, 14 набера, 1 абера.
Бояд қайд намуд, ки аз 14 набера 6 нафарашон нимаятим буда. Тарбияашон бар уҳдаи ман мебошад.