Тарҷумаи ҳол
Воҳидова Санавбарбону соли 1975 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Москваро хатм кардааст, аз соли 1979 дар Институти шарқшиносии шуъбаи эроншиносӣ ба ҳайси ходими хурди илмӣ кору фаъолият карлааст. Соли 1983 ба ҳайси коромӯз дар Академияи улуми Бранденбурги Олмон, Донишгоҳҳои Ҳумболд, Карл Маркс Лейпсиг, Мартен Лютер Ҳалле Виттенберг сафари илмӣ дошт. Ҳамзамон, соли 1987-1989 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ҳамчун коромӯз кору фаъолият кардааст. Аз соли 1993 то 1999 дар Институти иктисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ лар шуъбаи сиёсатшиносӣ ба ҳайси ходими калони илмӣ фаъолият кардааст._ Соли 1998 ба унвонии номзади илмҳои таьрих ноил гаштааст. Соли 2010 ба унвони доктори илмҳои таьрих сазовор гардидааст.
Са Санавбарбону Воҳидова се бор ба гирифтани степендияи ҳамкории Хадамоти Академикии Олмон, дар Донишгоҳи Карл -Август Готтинген, дар Донишгоҳҳои Райнише Вилҳелм Бонн, Донишгоҳи Отто-Фридрих Бамберг мушарраф шудааст. Аз тарафи Донишгоҳи Систон ва Балуҷистон барои ”Маьрузаи беҳтарин рочеъ ба шинохти Фирдавсӣ дар Аврупо гузоришҳои илмӣ карда соҳиби сертификат шудааст.
Санавбарбону Воҳидова, муаллифи 11 монографияи илмӣ рочеь ба масоили Шарқшиносӣ. Итгиходи Аврупо. Осиёи Марказӣ, нақши занон дар рушди илму фарҳанг ва ҳувияти Тоҷикистон, “ Тамаддуни Эрониён-Тоҷикон дар таърихнигории кишварҳои Аврупо”, маколаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла Канада, Милан, Порис, Краково, Ҳамбург(Олмо), Бонн, Теҳрон. Зоҳидон, Покистон, Москва, Ню Деҳлӣ, Самарқанд ва Остона рӯи чоп оварлааст. Иштирокчии конфронсҳои байналмилалӣ дар Бонн, Милан(Италия), Вена (австрия), Ню Деҳлӣ, Теҳрон. Зоҳидон, Покистон, Москва рӯи чоп овардааст.
Муаол Санавбарбону Воҳидова соли 2019 барои силсила монографияҳояш ба ҷоизпи Муҳаммад Осимӣ дар самти илмҳои ҷамъиятшиносӣ сазовор гардидааст.
Санав Воҳидова Санаббарбону зодаи шаҳри Хуҷанд буда, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти мактабиро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Самтҳои таҳқиқот: Самтҳои асосии илмию таҳқиқотӣ, эроншиносӣ, тоҷикшиносӣ, аврупошиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёт ва фарҳанг мебошад.
Суроғаи электронӣ: sanajanvohidova@gmail.com