×
Бозгашт ба кормандон
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

Номзади илмҳои сиёсӣ

Мудир

Шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Тарҷумаи ҳол

Соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намудааст. Дар баробари донишҷӯй будан соли 2003 ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир оид ба корҳои махсуси шуъбаи умуми ба кор меояд. То соли 2008 дар шуъбаи умумии Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд. Солҳои 2008 то 2013 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи онтология ва гносеология кору фаъолият кардааст. Ҳамзамон солҳои 2007-2010 ба ҳайси унвонҷӯй дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 2014-2015 дар факултети сиёсатшиносӣ ва журналистикаи Донишгоҳи ба номи Адам Мицкевича дар ш. Познанӣ Лаҳистон таҳсил кардааст. Солҳои 2015 то 2022 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии кору фаъолият кардааст
Рисолаи номзадиро дар мавзуи "Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва ШМА" аз рўи ихтисоси 23.00.04 – масоили сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ 30 июни соли 2020 дифоъ кардааст.
Солҳои 2022-2024 дар вазифаи Мудири шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз 02 январи соли 2024 то ҳол Мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор карда истодааст. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷи иштирок ва баромад мекунад.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ : Дар давоми фаъолияти илмӣ 2-маҷмуаи мақолаҳои илии конференсия ва зиёда аз 60 мақола таҳия ва нашр намудааст. Барои тарғибу ташвиқи илми тоҷик Дороншоева Н.Ш. дар Форуми академии олимони ҷавони кишварҳои Авруосиёи Бузург таҳти унвони «Қитъаи илм» 1-4 ноябри соли 2023 баргузор гардид, дар бахши «Ҳифзи мерос» иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм ва диплом гардид. Номзади илмҳои сиёсӣ, Дороншоева Некбахт Шоқосумовна дар тӯи фаъолияти 18-солаи илмию омӯзгории худ барномаҳои таълими таълиф намудааст. Дар тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос саҳми назаррас дорад, мунтазам ҳамчун муқарриз дар Шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз руи ихтисоси сиесатшиносӣ иштирок менамояд.
Самтҳои таҳқиқот: Самтҳои асосии илмию таҳқиқотӣ, назарияи ҷомеашиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғайра мебошад.
Суроғаи электронӣ: nekbaht2004@mail.ru