×
Бозгашт ба маъмурият
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло

Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Маъмурият

Тарҷумаи ҳол

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Санаи таваллуд: 22.10.1976. Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2001 факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Пас аз хатми Аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз руи ихтисоси 12.00.05-Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ дар кафедраи ҳуқуқи меҳнати Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов ва соли 2025 рисолаи докториро дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои байналмилалӣ ва меҳнатӣ” аз руи ихтисоси 12.00.05-Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.00.10.- Ҳуқуқи байналмилалӣ; Ҳуқуқи Аврупо дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ҳимоя намудааст.
Аз соли 2001 то соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сардори шуъбаи ҳуқуқ, сардори Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи 3 монография, ду китоби дарсӣ, Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 80 мақолаҳои илмиву таҳлилӣ доир ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад, аз ҷумла:
1. Махмадуллоев, Н.Р. (Махмадуллозода), Икроми, З.А. Правовое регулирование трудовых отношений трудящихся-мигрантов в Республике Таджикистан: Монография / Н.Р. Махмадуллоев (Махмадуллозода), З.А. Икроми. Душанбе, 2015. - 170 с. (10,6 п.л.).
2. Маҳмадуллозода, Н.Р. Ташаккули ҳуқуқи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия: Монография / Н.Р. Маҳмадуллозода. Душанбе, 2022. - 296 с. (18,5 п.л.).
3. Миграция, денежные переводы и устойчивость к изменению климата в Таджикистане// Аналитические работы (группа авторов), часть I апрель 2017 г. 40 стр., част II апрель 2018. 48 стр. (2,5 п.л.).
4. Маҳмадуллозода, Н.Р. Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон: китоби дарсӣ / Н.Р. Маҳмадуллозода. Душанбе: «Нашрияи Нур», 2020. - 445 с. (27,8 ҷ.ч.).
5. Маҳмадуллозода, Н.Р. Наботов, С. Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон: китоби дарсӣ / Н.Р. Маҳмадуллозода, С. Наботов. Душанбе: ҶДММ «Сомонпринт», 2021. - 539 с. (33,7 ҷ.ч.).
6. Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон / Н. Шонасридинов, Бобокалонов Ғ.М, Маҳмадуллозода Н.Р. муҳаррири масъул, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Н. Шонасридинов. – Душанбе: Типография ООО «Кондор», 2026. – 836 саҳ. (52,3 ҷ.ч.).