Тарҷумаи ҳол
Соли 1976 ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Солҳои 1979-1980 (аз тариқи Вазорати мудофиаи СССР) ва солҳои 1983-1987 (аз тариқи Вазорати маорифи СССР) ба сифати тарҷумон дар Ҷумҳурии Афғонистон адои вазифа кардааст. Дар Донишгоҳи миллии (ҳамонвақта давлатии) Тоҷикистон ҳамчун дотсенти кафедра аз забону адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои 1994 – 2006 дар созмони амрикоии Академияи инкишофи маориф (Academy for Educational Development) ба сифати роҳбари ҳамин ташкилот кор кардааст. Яке аз муассисон ва пешвоёни сектори ғайритиҷоратии кишвар буда, роҳбарии созмонҳои ғайридавлатии «Бунёди рушди Тоҷикистон» (1996-2011) ва «Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон»-ро (2008-то имрӯз) ба уҳда дорад. Аз моҳи августи соли 2019 то имрӯз дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, аввал дар шуъбаи Аврупо ва Амрико, аз соли 2023 ба ин тараф дар шуъбаи ШМА ва Канада, ба ҳайси сарходими илмии шуъба адои вазифа менамояд. Номзади илмҳои филологӣ (1993), доктори илмҳои сиёсӣ (2016)
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ : Дар давоми фаъоляит дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 5 монография (“Становление и развитие гражданского общества в Таджикистане” . Душанбе: «Дониш», 2023.-370 саҳ. ; “Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Аврупо ва Амрико (маҷмӯаи мақолаҳо) – Душанбе, 2023. – 170 саҳ.: Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Душанбе: «Дониш», 2024.-284 саҳ.; “Ҳолат ва дурнамои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи ШМА ва Канада бо Тоҷикисон”. Душанбе: 2024.- 120 с.; “Нишасти С5+1 дипломатияи минтақавӣ барои рушд”. Душанбе: 2026.- 168 с.), бештар аз 80 адад мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ ба нашр расондааст. Мақолаҳои илмии худро роҷеъ ба Пешвои миллат, мақом ва нақши Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷомаеи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ғайра дар ШМА, Япония, Россия, Ӯзбекистон, Покистон ба табъ расондааст. Дар тарбияи насли наврас ва ходимони илмии ҷавон фаъолона саҳм мегузорад. То имрӯз 3 нафар таҳти роҳбарии илмии ӯ сазовори дарёфти дараҷаҳои илмӣ гаштаанд, чандин нафар рисолаҳои дипломӣ барои магистратура анҷом додаанд.
Самтҳои таҳқиқот: Самтҳои асосии илмию таҳқиқотӣ, назарияи ҷомеашиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғайра мебошад.
Суроғаи электронӣ: shamskarimov14@gmail.com