×
Бозгашт ба кормандон
Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич

Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич

Номзади илмҳои сиёсӣ

Ходими калони илмӣ

Шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Тарҷумаи ҳол

Соли 1998 факултети шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси ассистенти кафедраи филологияи Эрони факултети мазкур фаъолияти кориро шуруъ кардааст. Солҳои 2000-2006 дар Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои нуфуси аҳолӣ ба ҳайси тарҷумон-референт кор кардааст. Солҳои 2007-2008 аспирантураро дар Донишгоҳи штати Висконсин, ШМА воқеъ дар шаҳри Уайтуотер ва солҳои 2009-2010 дар Донишгоҳи Калифорния, ШМА воқеъ дар шаҳри Беркли таҳсил кардааст. Дар солҳои 2010-2016 дар соҳаи ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ кор кардааст. солҳои 2017-2020 дар шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими калони илмӣ кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи декабри соли 2023 дар шуъбаи Аврупо ва Амрико ва аз моҳи январи соли 2024 инҷониб дар шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор карда истодааст.
Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Дар соли 2018 рисолаи диссертатсиониро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Место и роль Таджикистана в системе современных международных отношений» аз рӯи ихтисоси «23.00.04 – масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ» ҳимоя кардааст. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои моҳият ва ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва давлатҳои муосир, истиқлолияти давлатӣ, равандҳои ҳамгироӣ, таҳдид ва чолишҳои байналмилалӣ мебошад. Монографияи «Таджикистан в системе международных отношений»-ро соли 2020 ба табъ расондааст.
Самтҳои таҳқиқот: Самтҳои асосии илмию таҳқиқотӣ назарияи ҷомеашиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика ва ғайра мебошад.
Суроғаи электронӣ: yusufjonov@gmail.com