×

1 СЕНТЯБР РУЗИ ДОНИШ ВА СУЛҲ

Бозгашт ба мавод

1 СЕНТЯБР РУЗИ ДОНИШ ВА СУЛҲ

ИОМДОА Сиёсат 26-08-2026 ш.Душанбе
1  СЕНТЯБР РУЗИ ДОНИШ ВА СУЛҲ

Чароғи ақли инсон аст дониш,

Бақои илму ирфон аст дониш.

Туро ҳам раҳнамо, роҳатрасон аст,

Камоли умри имон аст дониш.

Инсон аз лиҳози табиӣ бо фарорасии синну соли балоғат кӯшиш мекунд, ки дар макотиби олӣ ё худ дар хориҷи мамлакат таҳсилро идома диҳад. Ин фикрро аксаран толибилмон дар қалби хеш мепарваранд. Донишандӯзӣ ва такмил додани ҷаҳобинии худ агар орзӯи бештаринҳост, аммо кам андар ками онҳо зимни таҳсил дар муассасаҳои олии кишвар муваффақ мешаванд ва сатҳи донишҳои худро такмил медиҳанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳост, ки ҳангоми суханронии хеш мактабу маорифро асоси сиёсати худ муаррифӣ кардааст. Бешубҳа, дар кишвари мо ба сатҳи донишандӯзии наврасону мактаббачагон аҳамияти дилхоҳ дода мешавад ва дар мактабҳо ба онҳое, ки бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома медиҳанд, ҳавасмандкунӣ мушоҳида шуда, нисбат ба онҳое, ки бо баҳои қаноатбахш таҳсилро анҷом медиҳанд, бартарӣ дода мешавад.

Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бархе аз довталабон аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонсупорӣ норизо гардида, пас аз муддате ба минтақаҳои саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ пайи такмил додани донишҳои худ раҳсипор мешуданд ва ду даҳсолаи аввали истиқлолият низ ҳамин гуна мушоҳидаҳо идома дошт. Бинобар ин, бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ташкил шуду шаффофият дар имтиҳонсупорӣ татбиқ гардид. Аз ҳамон сол инҷониб шиносони худро баъзан мебинам, ки бо арзи сипос ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат карда, аз он хушҳоланд, ки адолати иҷтимоӣ дар ин самти фаъолият ҳаддалимкон роҳандозӣ шудааст. Сатҳи дониш ва савияи донишандӯзи бинобар талаботи Марказ рӯз аз рӯз меафзояд ва хонандагон пайваста мекӯшанд, ки мактабро бо хониши хубу аъло ба анҷом расонанд.

Ҳамасола санаи 1-уми сентябр дар Ватани азизамон Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ҷашн гирифта шуда, зимни баргузории он Пешвои миллат чандин муассисаҳоро барои истифода ифтитоҳ намуда, дастуру супоришҳои навро ба кормандони соҳаи маориф ироа менамоянд. 1-уми сентябр рӯзи байналмилалии дониш эътироф шудааст. Ин рӯз расман рӯзи корӣ мебошад. Аз рӯи анъана дар ин рӯз дар мактабҳо линейкаҳои ботантана, соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои дониш, сулҳ, бехатарӣ ва мардонагӣ шуда мегузаранд. Хуллас, рӯзи 1-уми сентябр рӯзи тантанаи Дониш асту донишандӯзон дар ин рӯз ид доранд.

Тоҷикон аз зумраи миллатҳои донишпажуҳ маҳсуб мешавад. Яке аз омилҳои он ин аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз китобро азиз доштаанд ва бархе аз онҳо китобхонаҳои шахсӣ низ доранд. Дар ин маврид хостам иқтибосе аз суханронии Президенти мамлакат оварам, ки дар ситоииши китоб барҳақ фармудааст:

"... Ҳамаи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу дониш заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамшину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтуру беозор мепиндоштем. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд".

Ҷойи дигар овардааст: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии неёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигаҳодорӣ мекунад, то ин ки наслҳои имрӯза ба оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавин худ истрфода баранд”.

Чунонкӣ аз осори ниёгон бармеоянд, бузургони илму ирфон дар ситоиши дониш ва тафаккури илмӣ маҳдияҳо гуфтаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст

Ниёгони мо ҳануз дар ҳазорсолаи пеш аз солшумории масеҳӣ ба ҷамъоварии донишу маърифати инсонӣ машғул гардида, нисбат ба афроди донишпажуҳ  илтифот доштанд. Инро навиштаҳо, сангнавиштаҳо, ҳарфҳо, бозёфтҳои бостоншиносон ва сарчашмаҳои хаттии бар мо меросмонда шаҳодат медиҳанд. Шоҳони каёнӣ ва силсилаи ҳахоманишинҳо дар дарбор инсонҳои донишмандро ҷамъоварда, онҳоро талқин менамуданд, ки таъриху фарҳангро нависанд, чунки ҳама гуна андеша тавассути хат ба ёдгор мемонад. Онҳо буданд, ки Зардуштро гиромӣ доштанд ва бо ӯ мусоидат карданд то китоби “Авасторо” нависад. Дар Авасто гиромидоштҳо донишу пажуҳиш ба қалам омаданд. Яъне, пос доштани инсонҳо ба хотири донишу лаёқат дар миёни аҷдодони мо расм будааст. Гузашта аз ин онҳо дар давраи асрмиёнагӣ низ аз донишандузӣ сарпечӣ накардаанд.

Айни замон дар давраи муосир низ тоҷикон ба омузиши илму фан рағобат доранд.

Ҳакимону шоирон ва табибону дарбориён новобаста аз замони зисташон дар пажуҳишҳои назмиву насрӣ донишандӯзиро таблиғ менамуданд. Абӯабдуллоҳи Рудакӣ дар ашъори безаволи худ донишро  “Ҷавшани ҷону тан” пиндошта, ба саволи  “Чаро донишпажуҳӣ гиромӣ гардид” чунин гуфтааст:

Гирд  кардануду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад, бар тани ту ҷавшан аст.

 Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ, ки мусаннифи "Шоҳнома" асту имрӯз тамоми дунё ин шоҳкориро мутолиа мекунад, дар васфи донишу донишпажӯҳӣ ҳикматҳо гуфта, ба як хулосаи дақиқ омадааст, ки дониш дили марди солхӯрдаро ҷавон мегардонад.

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
      Ба дониш дили пир барно бувад.

Яке аз чеҳраҳои басе нотакрор дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ пизишктоҷике бо номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бинобар талаботи замонаш бо ду забон асарҳо нигоштааст ва имрӯз илми ҷаҳонӣ дар пояи таҳлилҳову таҳқиқҳои илмии ӯ баррасӣ мешаванд. Ин донишманди ҳамадон асаре бо забони тоҷикӣ таълиф карда, онро "Донишнома" номгузорӣ менамояд.

Дигар аз нобиғаҳои илму дониш аз зумраи ниёгонамон Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, ки ӯ низ зиндагиро бе донишандӯзиву донишпажӯҳӣ тасаввур намекунад. Мавсуф дар "Васиятнома" - аш мегӯяд: "Шуморо сифориш мекунам ба кам гуфтану кам хӯрдану кам хуфтан... ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми худ муфид бошад". Яъне, ҳадаф дар зиндагӣ суд овардан аст, на суд ҷустан ва инсони бомаърифат барои муҳите, ки дар он иқомат мекунад, фоида меорад, аммо инсони бехабар ва ғофилу аз донишҳо маҳрум иқдом мекунад, ки зимни муносибат аз дигарон манфиат бинад.

Дигар аз бузургони илму фан шайхи Шероз Муслиҳиддин Саъдии нотакрор аст, ки дар "Гулистон" - и бехазон нодониро баробар ба марг муаррифӣ кардааст: "Нодонро беҳ аз хомушй чизе нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ".

Ҳамаи бузургони тоҷик дар қарнҳои мухталиф дониш ва донишандӯзиро васф намуда, нисбат ба афроди донишманд эҳтироми хосеро иқрор кардаанд. Дар замони муосир бо ибтикор ва тавсеаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин посдорӣ гиромидошти илму дониш дубора эҳё гардид.

Озмунҳое мисли "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" бо пешниҳоди худи Президенти кишвар роҳандозӣ шуда, шавқу рағбати хонондагонро нисбат ба донишандӯзӣ бедор мекунад. Ҳадафи Пешвои миллат аз баргузории инчунин озмунҳо рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ аст, чунки ояндаи кишвар аз сатҳи ҷаҳонбиние вобаста мебошад, ки алҳол мо онро интишор менамоем.

Башарият аз замонҳои қадим арзиши маориф ва нақши муҳиммеро, ки таълим дар ҳаёти мо мебозад, дарк кардааст. Демокрит, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия таваҷҷуҳ карда буд, чунин хулосаро ба мо ҳидоят мекунад: “На ҳунар ба даст меояду на ҳикмат, агар омӯхта нашаванд”.

Ба қавли К. Хуммел, низоми донишандузии дилхоҳ кишвар ояндаи миллатро густариш дода, айни замон умеди даврон мебошад. Маориф дари фардои моро мекушояд, бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати он, лоиҳаҳои гуногуни ислоҳот дар ин соҳа ногузиранд.

Дар давраи бунёди ҷомеаи иттилоотӣ саводнокии компютерӣ ва донистани иттилоот шарти зарурии болоравии касбии корманди ҳар як ташкилот гардид. Ба ҳар ҳол, вазъ дар соҳаи маориф бештар аз рӯйи чунин омилҳо, ба монанди мақсадҳо муайян карда мешавад, ки ноил шудан ба онҳо дар сатҳи давлатӣ ҳамчун шарти зарурии фаъолияти системаи маориф эълон карда мешавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла мазмуни нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омӯхташавии дарс ва сифати маводи таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ карор бигиранд. Сиёсати миллии маориф барои ҷавоб додан ба бисёре аз ин масъалаҳо пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон тӯли 35 сол мешавад, ки ба соҳаи маориф коста нагардида, баръакс тақвият меёбад. Сарвари давлат дар санаи 1 сентябри соли 2024 ба самти сифати таҳсилу тадрис ва барномаҳои таълимӣ дахолат карда, таълифи китобҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосирро таъкид намуданд: “Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст”.

Микдори зиёди ислоҳоти соҳаи маориф, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешаванд, хеле бомуваффақият анҷом ёфтаанд. Биёед сатҳи татбиқшавиро аз кишварҳои хориҷӣ таҳқиқ кунем. Масалан, то соли 1970 дар Арабистони Суудӣ таносуби аҳолии саводноку камсавод 10 бар 90 фоизро ташкил медод, аммо пас аз 30 сол 95 фоизи аҳолии ин кишвар ҳадди аққал маълумоти миёна доштанд. Дар Олмон аз аввали солҳои 2000-ум як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд, ки ба ҳамаи пиронсолон имкон медиҳад аз бозомӯзии касбӣ гузаранд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ниёгони мо аз дерзамон ба масъалаи донишомӯзӣ рағбат дошта, дар таърих чун миллати саҳмгузор дар таҳияи донишҳои фундаменталӣ маъруфанд. Мо ин андешаро бо далелҳои қавӣ исбот хоҳем кард, ки аҷдодамон дар гузашта ва имрӯз дар такмил ёфтани сатҳи донишҳои башарӣ накши боризе аз худ боқӣ гузоштаанд. Ҳанӯз Рӯдакӣ бобати гиромидошти дониш ва дар сангнабиштаҳо маҳфуз доштани он ашъор сурудааст.

Ҳадаф аз нигоштани ин мақола вазъи маорифи муосир аст ва бо такя бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф метавон гуфт, ки на танҳо таваҷҷуҳ, балки бартарӣ додани маорифу илм бар соири самтҳои фаъолият натиҷаи сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Агар хонандагон барои гирифтани донишҳои нав ҳавасманд набошанд, хоҳишу кӯшишҳои омӯзгору волидайн натиҷа нахоҳанд дод. Ҳамзамон, баъзе волидайн, ки аз дарсҳои ояндаи фарзандонашон нигарон ҳастанд, мекӯшанд, ки онҳоро то ҳадди имкон ба мактаб омода созанд ва аз тақрибан сесолагӣ хониши равон ва арифметикаро талаб мекунанд. Модару падарони дигар, ки орзую умедҳояшон баланд аст, мекӯшанд, ки фарзандонро аз гаҳвора ба воя расонанд ва масалан, ҳатто пеш аз он ки онҳо бо забони модариашон озодона ҳарф зананд, ба таълим додани забонҳои хориҷӣ шуруъ мекунанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво бахшида ба таҷлили Рӯзи Дониш дар санаи 1 сентябри соли 2024 татбиқи озмуни “Шоҳномахонӣ”-ро пешниҳод карда, пасон дастур доданд, ки озмунҳои дигар аз лиҳози ҳаҷми мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз боло бурда шавад: “Бар замми ин, пешниҳод менамоям, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонй карда шаванд. Инчунин, дастур дода мешавад, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад”.

Омӯзгор тавассути таълим ва интиқоли таҷриба дар ташаккули арзишҳо, муносибатҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии шахсият саҳм мегузорад. Ба рӯйи насли наврас дари ҳаёти ҷомеаи пайваста рушдёбандаро мекӯшояд. Маҳз ҳамин тавр ҷавонон ба замони муосир ворид шуда, тадриҷан аз равандҳои рушди тамоми ниҳодҳои асосии ҷомеа ва давлат бохабар мегарданд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки омӯзгор дар ташаккули ҷамъияти оянда, қувваҳои истеҳсолкунанда, илму фарҳанг ходими фаъол мебошад.

Ҷаҳони муосир бо суръат тағйир меёбад, волидон, омӯзгорон, кӯдакон, ҷомеа дигар мешаванд. Усулҳои нави таълими насли наврас кор карда баромада мешаванд. Аммо рисолати асосии иҷтимоии омӯзгор ба насли наврас расонидани ҳаҷми неъматҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо дар шакли дониши муфид, меъёрҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи зиндагӣ дастрас аст, иборат мебошад. Омӯзгор ҳамчун посбон ва барандаи неъматҳои гуногуни ҷамъиятии тамоми мардум, арзишҳои рӯзмарра, фарҳангӣ, ахлоқӣ, фикрӣ ва маънавии онҳо баромад мекунад. Ӯ ин арзишҳоро дар дохили худ ҷамъоварӣ ва азхуд карда, ба қадри имкон ба насли наврас мебахшад. Дар натиҷа, фарзандони мо бояд малакаҳои муносибатҳои солимро омӯзанд. Қобилият дар ин муносибатҳо барои дифоъ аз эътикод ва арзишҳои худ ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хеле муҳим ба назар мерасад. Омӯзгор на танҳо омӯзгор, балки дар масъалаҳои тарбияи фарҳангию ахлоқию маънавии насли наврас мураббӣ мебошад. Омӯзгор тавассути талқини андешаҳои ҷавонон дар бораи арзишҳои фарҳанги миллии худ ҷавононро таълим медиҳад, ки рафтори худро мувофики ин арзишҳо танзим кунанд, дар асоси принсипҳои некӣ, эҳтиром ва инсондӯстӣ нисбат ба дигарон зиндагӣ кунанд. Мо ҷомеаи муосир ҳастем ва дарк мекунем, ки омӯзгор симои асосии ташаккули ояндаи мост, мо бояд ба вазъи иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддии шахсе, ки ояндаи худро ба ӯ бовар дорем, дастгирӣ намоем. Чунонки дар ин маврид Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш қайд намуданд: “Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор - эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад”.

Новобаста аз таассуроту сатҳи тафаккури иҷтимоӣ омӯзгор дар рушди ҷомеа нақши мусбат ва калидӣ дорад. Чунки дар ҳавасмандӣ, сатҳи омӯзиши мавзуъ ва ошкоргардии қобилиятҳо саҳми омӯзгор низ мушоҳида мешавад. Бояд мутазаккир шуд, ки омӯзгор дар дилхоҳ давлат таҳиягару интиқолдиҳандаи ғизои маънавӣ аст ва ин масъулиятро на ҳар кас бар хеш муносиб ё қобилияти дарк кардани онро дорад. Бинобар ин, ҳеҷ каси мо бе кумаку раҳнамоии омӯзгорон ба ҳоли кунунии худ нарасидаем ва дар густариши эҳсоси ҳувиятхоҳиамон нақши омӯзгор низ ҳаст. Чунонки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

      Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

      Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

      Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,

      То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Чунин икдибосҳоро аз осори барҷомондаи мутафаккирони тоҷик метавон пайиҳам овард, аммо ҳадафи мо тавачҷуҳу ташаббуси Пешвои миллат ба соҳаи илму маорифи кишвар аст, чунки дар воқеъ, Сарвари давлат дар ҳар як таълифоти хеш соҳаи мазкурро баррасӣ карда, роҳҳои бозомӯзии онро таҳқиқ намудаанд. Мо инро ҳам дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” мебинем ва ҳам дар ҳар суханронии Пешвои миллат бартарии илму маорифи кишварро дар таҳия ва рушди давлатдории миллӣ эҳсос мекунем. Масалан, зимни суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таҳсили миёнаи умумӣ бар ҳар як ҷавон ҳатмӣ буда, ҷиҳати афзудани таҳсилоти томактабӣ чораҳои зарурӣ дида шавад: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Инчунин, ба ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои қобилияти баланди омӯзгорӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, мушкилоти норасоии омӯзгорон ва ғайритахассус кор кардани онҳоро дар самти технологияҳои иттилоотӣ дар муддати ду сол бартараф созад”.

Дар замони Шуравӣ омӯзгорро як ҷузъи зиёиён медонистанд. Дар баробари ин, вазифаи омӯзгорӣ чун тарбиявӣ фаҳмида мешуд, ки бо тарбияи шаҳрвандон, на танҳо кӯдакон, балки волидони онҳо низ алоқаманд аст. Дар давраи дигаргунсозии пасошӯравии ҷомеа омӯзгорон ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҷомеасозӣ амал мекунанд, ки онро бештар тамоюлҳои арзишӣ, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас муайян менамояд. Аммо дар айни замон бо сабаби равандҳои дар соҳаи маорифи ҷаҳонӣ ба амал омада, омӯзгорон аз зумраи гурӯҳи иҷтимоӣ-касбӣ шинохта шудаанд.

Вазифаи асосӣ ва иҷтимоии омӯзгор тарбияи ҷавонон, инкишофи неруи зеҳнию ахлоқии ҷомеа мебошад. Сатҳи маърифатнокии наслҳои минбаъда ва арзишҳои дар ҷомеа ҷойдошта аз омӯзгор вобаста аст. Фаъолияти омӯзгор дар ҳаёти ҷамъият дар ҳамаи марҳалаҳои тараққиёти таърихии он аҳаммияти калон дорад. Дар баробари ин, мақоми омӯзгор бо мурури замон тағйир меёбад, зеро низоми маориф ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ низ ҳамеша дар тамоюли ивазшавӣ қарор доранд.

Хуллас,  Рӯзи дониш, ки ҳамчун оғози соли таҳсил дар бисёре аз кишварҳои пас аз шӯравӣ маъруф аст, на танҳо як рӯзи таълимӣ,  балки рамзи дониш, маърифат ва сулҳ аст. Ин рӯз, ки одатан 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, дар таърих бо дарсҳои сулҳ алоқаманд аст, ки ҳадафашон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии низоъҳо мебошад.

Рӯзи дониш расман аз соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд ва ҳамчун оғози соли таҳсил дар ҳамаи мактабҳо ва донишгоҳҳо ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз таълим бо дарсҳои сулҳ оғоз мешуд, ки дар бораи арзишҳои сулҳ, ҳамкорӣ ва пешгирии ҷангҳо сухан мерафт. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ин анъана дар кишварҳои пас аз шӯравӣ, аз ҷумла Русия, Белоруссия, Украина, Арманистон, Қазоқистон, Молдова ва Туркманистон ҳифз шуд. Дар Тоҷикистон низ 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад ва бо чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла сафороӣҳо ва дарсҳои аввал ҳамроҳ аст.

Рӯзи дониш дар кишварҳои ҷаҳон

Дар кишварҳои ҷаҳон оғози соли таҳсил гуногун аст ва ҳар кишвар анъанаҳои хоси худро дорад. Масалан, дар Австрия оғози таҳсил одатан дар миёнаи сентябр сурат мегирад ва кӯдакон дар либосҳои миллӣ ба мактаб меоянд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико санаи оғози таҳсил аз иёлат ба иёлат фарқ мекунад, аммо аксар вақт дар ҳафтаи охири август ё аввали сентябр меафтад. Дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Балкан, аз қабили Белгия, Хорватия, Черногория ва Сербия, оғози таҳсил низ 1 сентябр аст. Дар баъзе кишварҳо, ба мисли Ҷопон ё Кореяи Ҷанубӣ, оғози соли таҳсил дар апрел аст ва бо маросимҳои тантанавӣ ҳамроҳ мебошад. Ин гуногунӣ нишон медиҳад, ки дониш ва таълим дар ҳамаи фарҳангҳо арзиши умумӣ доранд, аммо бо хусусиятҳои маҳаллӣ.

            Дарсҳои сулҳ

Дарсҳои сулҳ ҳамчун қисми Рӯзи дониш дар замони шӯравӣ пайдо шуданд ва ҳадафашон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ буд. Ин дарсҳо дар бораи таърихи ҷангҳо, арзиши сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо сухан мерафтанд. Имрӯз дар Русия ва дигар кишварҳои пас аз шӯравӣ дарсҳои сулҳ ҳамчун қисми барномаҳои таълимӣ идома меёбанд, масалан, дар доираи барномаи 'Туфтугӯҳои муҳим". Дар сатҳи байналмилалӣ, дарсҳои сулҳ бо Рӯзи байналмилалии сулҳ (21 сентябр) алоқаманданд, ки аз ҷониби СММ таъсис дода шудааст ва ҳадафаш пешбурди сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст. Дар кишварҳои гуногун, аз қабили ИМА ва Аврупо, барномаҳои таълимӣ барои пешгирии зӯроварӣ ва тарбияи сулҳ вуҷуд доранд, ки ба кӯдакон дарсҳои ҳуқуқи инсон ва ҳалли низоъҳоро меомӯзанд.

 Ҷанбаи байналмилалӣ

Дар сатҳи байналмилалӣ, дониш ва дарсҳои сулҳ ҳамчун воситаи пешбурди сулҳ ва рушди устувор эътироф шудаанд. ЮНЕСКО ва СММ барномаҳои зиёдеро барои тарбияи сулҳ амалӣ мегардонанд, аз ҷумла Рӯзи байналмилалии таълим (24 январ), ки дар соли 2024 бо мавзӯи "Таълим барои сулҳи пойдор" ҷашн гирифта шуд. Дар гузоришҳои СММ таъкид мешавад, ки таълим метавонад ба коҳиши камбизоатӣ, беҳбуди саломатӣ ва пешгирии низоъҳо мусоидат кунад. Дар кишварҳои Африка ва Осиё, барномаҳои байналмилалӣ барои дастрасии ҳама ба таълим ва тарбияи сулҳ амалӣ мешаванд, ки ин ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мувофиқ аст. Масалан, дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ ва Шимоли Аврупо, системаҳои таълимӣ ба сифати баланд ва тарбияи шаҳрвандӣ диққат медиҳанд, ки ин метавонад барои дигар кишварҳо намуна бошад.

Хулоса

Конфутсий такид мекунад, ки дониши ҳақиқӣ ин аст, ки ҳадди ҷаҳолати худро бидонй (Настоящее знание — это знать степень своего невежества. Real knowledge is to know the extent of ones ignorance).

Франсис Бейкон такид менамуд, ки дониш қудрат аст (Знание — сила. Knowledge is power).

Бенҷамин Франклин иброз намудааст, ки сармоягузорӣ дар дониш беҳтарин фоида меорад (Инвестиции в знания приносят лучшие дивиденды. An investment in knowledge pays the best interest).

Рӯзи дониш ва дарсҳои сулҳ на танҳо анъанаҳои миллӣ, балки унсурҳои муҳими тарбияи ҷаҳони мебошанд. Дар кишварҳои ҷаҳон ин рузҳо гуногун ҷашн гирифта мешаванд, аммо ҳадафи умумӣ - пешбурди дониш ва сулҳ аст. Дар ҷанбаи байналмилалӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ ба таълим ҳамчун воситаи сулҳ диққат медиҳанд, ки ин барои ояндаи инсоният муҳим аст.

ҚУРБОНОВА Ширин,

сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои таърих,