Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои асосии ташаккули давлатдории миллӣ буда, барои муайян намудани самтҳои мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 оғози марҳалаи нави таърихии рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳала зарурати ташаккули низоми мустақили иқтисодӣ, мутобиқ намудани сохтори хоҷагидорӣ ба муносибатҳои бозорӣ ва муайян кардани афзалиятҳои стратегии рушди миллӣ ба миён омад.
Ташаккули иқтисоди миллии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сурат гирифт. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои анъанавии истеҳсолӣ ва тиҷоратии байни ҷумҳуриҳои собиқро халалдор намуда, боиси коҳиши ҳаҷми истеҳсолот, афзоиши бекорӣ, ноустувории молиявӣ ва паст гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ вазъи мавҷударо боз ҳам мураккабтар намуда, ба инфрасохтори истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва низоми молиявии кишвар таъсири манфӣ расонид. Дар чунин шароит ҳифзи Истиқлоли давлатӣ бо масъалаи ташаккули пояҳои иқтисодии давлат бевосита алоқаманд гардид.
Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ имкониятҳои рушди иқтисодӣ тадриҷан васеъ гардиданд. Дар кишвар ислоҳоти сохторӣ амалӣ шуда, муносибатҳои моликияти хусусӣ рушд ёфтанд, бахши хусусӣ ташаккул пайдо кард, низоми молиявию бонкӣ такмил дода шуд ва барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ заминаҳои ҳуқуқию ниҳодӣ фароҳам омаданд.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои марҳалаи аввали Истиқлоли давлатӣ бартараф намудани оқибатҳои буҳрони иқтисодӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъда буд. Коҳиши истеҳсолот ва аз фаъолият бозмондани қисми зиёди корхонаҳо боиси заиф гардидани иқтидори истеҳсолии кишвар шуд. Аз ин рӯ, барқарорсозии инфрасохтори иқтисодию истеҳсолӣ ҳамчун яке аз шартҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳаммияти хос пайдо намуд.
Қабули барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, стратегияҳои рушди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба ташаккули низоми муосири идоракунии иқтисодӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон, пайвастани Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва тиҷоратӣ барои тавсеаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, ҷалби захираҳои молиявиву сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ замина гузошт.
Бо мақсади татбиқи ҳадафи аввали стратегӣ дар ин давра як қатор неругоҳҳои барқи обӣ сохтаву таҷдид гардида, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар афзоиш ёфт.
Энергетика дар низоми афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Захираҳои гидроэнергетикии кишвар барои рушди истеҳсоли неруи барқ, таъмини талаботи дохилӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ имкониятҳои назаррас фароҳам меоранд.
Дар ин замина 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, аввалин агрегати «Неругоҳи барқии обии Роғун» ба истифода дода шуд, ки ин агрегат интиқоли неруи барқро ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ-ро ташкил медиҳад. Инчунин агрегати дуюми «Неругоҳи барқии обии Роғун» дар арафаи Истиқлоли давлатӣ, яъне 9 сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд, ки ин ба татбиқи ҳадафи стратегӣ ба хусус ба истиқлолити энергетикӣ замина гузошт. Бояд қайд намуд, ки бунёди ин иншооти бузурги аср бо кашфиёти кайҳон баробар буда, аз ҷиҳати бузургӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд. То имрӯз барои бунёди «Неругоҳи барқии обии Роғун» аз буҷаи давлат зиёда аз 4 милиард доллар ҷудо гардида, дар «НБО - Роғун» зиёда аз 17 ҳазор мутахассисони баландихтисос кору фаъолият доранд, ки зиёда аз 90% -и онҳо мутахассисони дохилӣ мебошанд.
Ҳадафи дигари стратегӣ ин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Дар ин давраи начандон тӯлонӣ дар ҷумҳури таҷдиди роҳи автомобилгард, роҳи оҳан, нақбу пулҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба минтақаи транзитӣ табдил гардид. Бо мақсади татбиқи ин ҳадаф нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар», «Чормағзак» ва роҳҳои «Душанбе-Бустон-Чаноқ», «Душанбе-Дарғара», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош» ва даҳҳо роҳҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Сеюми ҳадафи стратегӣ ин таъмини амнияти озуқаворӣ буд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ 25 апрели соли 2008 зикр намуда буданд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Бояд қайд намуд, ки кишоварзӣ дар сохтори иқтисоди Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, дар таъмини шуғл ва амнияти озуқаворӣ нақши назаррас мебозад. Ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин ва захираҳои обӣ, татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва густариши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми рушди соҳа мебошанд.
Инчунин дар ин давра барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар боғҳои нави интенсивӣ ва заминҳои лаълмӣ бунёд гардидааст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон дар як сол аз ду то се маротиба ҳосил гирифтанро пешниҳод намуда, ба онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо намуданд.
Самтҳои дигари сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки ин ҳадафи чоруми стратегӣ буда, асосии ин раванд тағйир додани сохтори иқтисодӣ, афзоиши ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ, коркарди ашёи хоми дохилӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад.
Саноатикунонӣ дар сурати самаранок амалӣ гардидани он метавонад вобастагии иқтисодиро аз содироти ашёи хом коҳиш дода, занҷираҳои арзиши иловашударо дар дохили кишвар васеъ намояд. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон на танҳо афзоиши шумораи корхонаҳо, балки баланд бардоштани маҳсулнокӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди коркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аҳаммияти махсус дорад. Оид ба ин масъала Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём соли 2021, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуда, қайд намуданд, ки «то ин давра 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».
Инчунин гузариш ба иқтисоди рақамӣ низ ҳамчун раванди фарогир ва дарозмуддат баррасӣ гардада, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди тиҷорати электронӣ, густариши инфрасохтори интернетӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва татбиқи ҳалли рақамӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ тавонист ба баланд гардидани маҳсулнокӣ ва самаранокии иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.
Маҳз самараи Истиқлоли давлатӣ буд, ки ҳадафҳои стратегӣ татбиқ гардида, Тоҷикистон аз буҳрони иқтисодӣ ба марҳалаи рушди иқтисоди миллӣ ва инчунин ба саноатикунонӣ ворид шуда, бо ин раванд сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 19 фоизи соли 2025 расонида шуд.
Таҳлили рушди иқтисоди Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки кишвар аз марҳалаи буҳрони амиқи иқтисодӣ ва вайроншавии робитаҳои истеҳсолии солҳои аввали истиқлолият ба марҳалаи ташаккули ниҳодҳои иқтисоди бозорӣ, рушди инфрасохторӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолӣ гузаштааст. Таъмини суботи сиёсӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми мустақили молиявӣ, рушди энергетика, тавсеаи инфрасохтор, дастгирии соҳибкорӣ ва татбиқи стратегияҳои миллии рушд дар ин раванд нақши муҳим бозидаанд.
Ҳамин тариқ, 35 соли Истиқлоли давлатӣ марҳалаи муҳимми ташаккул ва таҳкими иқтисоди миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин давра заминаҳои асосии низоми иқтисоди бозорӣ, инфрасохтори миллӣ ва ниҳодҳои иқтисодӣ ташаккул ёфтанд. Аз ин рӯ, дурнамои рушди устувори Тоҷикистонро метавон дар гузариш аз модели рушди бештар ба афзоиши ҳаҷм нигаронидашуда ба модели иқтисоди самаранок, диверсификатсияшуда, рақобатпазир, инноватсионӣ ва ба рушди устувор нигаронидашуда арзёбӣ намуд. Ин раванд метавонад барои таҳкими истиқлоли иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмин намудани рушди дарозмуддати кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ