×

АРҶГУЗОРӢ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ЗУҲУРИ ЭҲТИРОМ БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

АРҶГУЗОРӢ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ЗУҲУРИ ЭҲТИРОМ БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 23-11-2026 ш.Душанбе
АРҶГУЗОРӢ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ЗУҲУРИ ЭҲТИРОМ БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар баробари ҳудуди муайян, аҳолӣ ва низоми ҳокимияти давлатӣ дорои рамзҳои расмии худ мебошад, ки ҳастӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти онро таҷассум менамоянд. Рамзҳои давлатӣ на танҳо воситаи шинохти давлат дар арсаи байналмилалӣ, балки таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, хотираи таърихӣ ва ормонҳои созандаи мардум мебошанд. Онҳо ифодагари пайванди наслҳо, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар назди давлату ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд. Дар байни онҳо Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи аёнии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ягонагии давлат мақоми хос дорад. Он таҷассумгари таърихи давлатдории миллӣ, ормонҳои истиқлолхоҳонаи халқ ва талошҳои созандаи ҷомеа дар роҳи бунёди давлати мустақил мебошад.

Парчам барои инсон танҳо матои рангоранг нест. Он рамзи Ватан, ифтихори миллӣ ва пайванди маънавии шаҳрванд бо сарзамини аҷдодӣ мебошад. Вақте ки варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастоварди назаррас ноил мегардад ва Парчами давлатии Тоҷикистон ба ифтихори ӯ баланд бардошта мешавад, ин рӯйдод боиси ифтихори тамоми миллат мегардад. Вақте ки хизматчии ҳарбӣ дар назди Парчам савганд ёд мекунад, ӯ садоқати худро ба Ватан, халқ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ изҳор менамояд. Маҳз ҳамин маъниҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва маънавӣ Парчамро ба яке аз муқаддасоти муҳими давлатдории миллӣ табдил додаанд.

Решаҳои таърихии парчамдорӣ ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Анъанаи парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, решаҳои қадимӣ дорад. Мафҳумҳои «парчам», «дирафш», «ливо» ва «байрақ» дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ба маънои нишонаи рамзӣ ва воситаи муаррифии неру, ҳокимият ва давлатдорӣ истифода шудаанд. Ин мафҳумҳо аз мавқеи хоси парчам дар ҳаёти сиёсӣ, ҳарбӣ ва фарҳангии ниёгони мо шаҳодат медиҳанд.

Яке аз намунаҳои барҷастаи парчамдорӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст. Дар достони Коваи оҳангар ӯ ба муқобили Заҳҳоки золим қиём намуда, пешбанди чармини худро ба сари найза баланд мекунад. Ин пешбанд ҳамчун рамзи мубориза бар зидди зулму ситам ва талош барои озодию адолат шинохта мешавад ва дар ривоятҳои минбаъда бо номи «Дирафши Ковиён» пайванд меёбад. Дирафши Ковиён дар хотираи таърихию фарҳангии мардумони эронинажод мақоми хос дошта, таҷассумгари шуҷоат, озодихоҳӣ ва давлатдории қадим мебошад.

Дар давраҳои минбаъдаи таърих низ парчам яке аз унсурҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор мерафт. Давлатҳо ва сулолаҳои гуногун барои муаррифии ҳокимият ва неруи худ аз дирафшу ливоҳои махсус истифода мекарданд. Дар майдонҳои ҳарбӣ парчам на танҳо нишонаи фарқкунандаи лашкар, балки омили муттаҳидсозии сарбозон ва баланд бардоштани рӯҳияи ҷангӣ ба ҳисоб мерафт. Парчамбардорӣ низ шарафи бузург маҳсуб шуда, одатан ба ҷанговарони далеру ҷасур супурда мешуд.

Дар осори адабии классикӣ мафҳумҳои «дирафш», «алам» ва «ливо» борҳо ҳамчун рамзҳои шукӯҳ, пирӯзӣ, давлатдорӣ ва сарбаландӣ истифода шудаанд. Ин ҳама далели он аст, ки эҳтиром ба парчам дар таърихи фарҳангии тоҷикон падидаи нав нест, балки дорои заминаҳои амиқи таърихист. Парчами имрӯзаи Тоҷикистон низ дар заминаи ҳамин анъанаҳои таърихию фарҳангӣ ташаккул ёфтааст.

Пас аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 зарурати ташаккул ва қабули рамзҳои давлатии ба мақоми нави сиёсиву ҳуқуқии кишвар мувофиқ ба миён омад. Давлати тозаистиқлол бояд рамзҳое медошт, ки соҳибихтиёрӣ, ҳувияти миллӣ ва самти мустақили рушди онро таҷассум намоянд.

Солҳои аввали Истиқлол барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ буданд. Бӯҳрони сиёсӣ ва оғози низоъи мусаллаҳи дохилӣ ба суботу амнияти кишвар таъсири манфӣ расонида, зарурати ҳалли масъалаҳои тақдирсози давлатдориро ба миён оварда буд.

Дар чунин шароит, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Ин иҷлосия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва марҳилаи сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад. Дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими марбут ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар баррасӣ шуданд.

24 ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли имрӯзааш қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар шароите сурат гирифт, ки ҷомеа ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ ниёзи ҷиддӣ дошт. Аз ин ҷиҳат, Парчами нав на танҳо рамзи соҳибихтиёрии давлатӣ, балки таҷассумгари умеду ормонҳои мардум барои ояндаи осоишта ва обод гардид.

Парчами нави давлатӣ бо такя ба анъанаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик тарҳрезӣ шуда, аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз, инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора иборат мебошад. Дар он унсурҳои марбут ба рамзҳои даврони пешинаи шӯравӣ ҷой надоранд. Бо ин роҳ шакли нави муаррифии давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон ташаккул ёфт.

Одоби муносибат бо Парчами давлатӣ. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ на танҳо дар сухан, балки дар муносибати амалӣ ва риояи талаботи ҳуқуқию ахлоқии истифодаи он зоҳир мегардад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби истифодаи расмии Парчамро муайян намуда, риояи он барои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.

Аз ҷумла, ҳангоми истифодаи Парчами давлатӣ риояи талаботи зерин зарур аст:

1.   Парчам бояд бо риояи талаботи муқарраршуда таҳия ва истифода шавад. Матои он бояд тоза, солим ва дорои рангҳои мувофиқи намунаи тасдиқшуда бошад.

2.   Ҳангоми афрохтани уфуқӣ тартиби ҷойгиршавии рахҳои сурх, сафед ва сабз бояд тағйир дода нашавад.

3.   Тасвири тоҷ ва ҳафт ситора, таносуби андоза ва тартиби ҷойгиршавии унсурҳои Парчам набояд таҳриф карда шаванд.

4.   Парчам набояд ба сифати ашёи рӯзгор ё воситаи истифодаи номуносиб ба кор бурда шавад. Муносибат бо он бояд ҳамеша эҳтиромона бошад.

5.   Ҳангоми баргузор намудани маросимҳои расмӣ, аз ҷумла афрохтани Парчам ва иҷрои Суруди Миллӣ, ҳозирин бояд бо риояи одоби муқарраршуда эҳтироми худро ба рамзҳои давлатӣ изҳор намоянд.

6.   Ҳангоми эълон шудани мотами давлатӣ ё умумимиллӣ Парчам бо риояи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ нимаафрохта мешавад.

7.   Истифодаи тасвири Парчам дар маводи иттилоотӣ, нашрияҳо ва маҳсулоти гуногун бояд бо риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва бе таҳрифи унсурҳои он сурат гирад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ баргузор намудани маросимҳои баланд бардоштани Парчами давлатӣ ва иҷрои Суруди Миллӣ ба яке аз шаклҳои муҳими тарбияи ватандӯстии ҷавонон табдил ёфтааст. Ин гуна чорабиниҳо дар зеҳну шуури насли наврас эҳтиром ба давлат, ифтихор аз Ватан ва масъулиятшиносиро ташаккул медиҳанд.

Бояд таъкид намуд, ки эҳтиром ба Парчам танҳо иҷрои расму ойинҳои муайян нест. Он пеш аз ҳама дар муносибати бошуурона ба арзишҳои миллӣ, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи мақому манзалати рамзҳои давлатӣ масъулияти баланд эҳсос намояд.

Нақши ҷавонон ва донишҷӯён дар ҳифзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон дар муайян намудани самти рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ва тамоми ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Насли ҷавони Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба камол расида истодааст. Бинобар ин, зарур аст, ки онҳо таърихи соҳибистиқлолии кишвар, мушкилоти солҳои аввали давлатдорӣ, арзиши сулҳу субот ва аҳамияти рамзҳои давлатиро амиқ омӯзанд. Дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, оила, ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма масъулияти муҳим доранд.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ набояд танҳо бо иштирок дар чорабиниҳои идона ва суханрониҳои ватандӯстона маҳдуд гардад. Он бояд дар рафтору фаъолияти ҳаррӯзаи ҷавонон таҷассум ёбад. Аз ҷумла:

1.   Омӯхтани таърихи пайдоиш, ташаккул ва маънои рамзии Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳои миллӣ.

2.   Донистан ва риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ.

3.   Иштироки фаъолона дар чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва дигар санаҳои муҳими миллӣ.

4.   Саъю талош барои азхуд намудани дониш, касб ва малакаҳои муосир, зеро мутахассиси соҳибмаърифат ва масъулиятшинос яке аз сарватҳои асосии давлат мебошад.

5.   Муаррифии шоистаи таъриху фарҳанг ва дастовардҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

6.   Ҳифзи ваҳдати миллӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳое, ки метавонанд боиси ихтилофу тафриқа дар ҷомеа гарданд.

7.   Иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ, ободонии маҳалли зист ва татбиқи ташаббусҳои созанда ба манфиати Ватан.

Донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки ҳар як дастоварди онҳо дар соҳаи илм, технология, фарҳанг, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ метавонад дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад. Баланд бардоштани сатҳи дониш, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ аз ҷумлаи роҳҳои муҳими хизмат ба Ватан мебошанд.

Ватандӯстӣ танҳо эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ нест. Он, пеш аз ҳама, дар меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ифода меёбад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд дар шуури ҷавонон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги шаҳрвандӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ташаккул ёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлол ба яке аз муҳимтарин рамзҳои соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва ваҳдати миллии кишвар табдил ёфтааст. Он таҷассумгари таърихи пурғановати халқ, арзишҳои фарҳангӣ, ормонҳои истиқлолхоҳона ва талошҳои созандаи ҷомеа мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 дар шароити мураккаби сиёсӣ барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дошт. Баъдан, бо такмили заминаҳои ҳуқуқии истифодаи рамзҳои давлатӣ ва таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Парчам, мақоми он дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа боз ҳам устувортар гардид.

Имрӯз эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар баргузории маросимҳои расмӣ ва чорабиниҳои идона, балки дар фаъолияти ҳаррӯзаи шаҳрвандон, муносибати онҳо ба қонун, меҳнат, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ таҷассум ёбад. Зеро истиқлолияти давлатӣ танҳо дар сурати мавҷудияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолияти созандаи тамоми ҷомеа пойдор мемонад.

Махсусан ҷавонон ва донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки Парчам на танҳо рамзи гузаштаи пурифтихор, балки нишонаи масъулият дар назди имрӯз ва ояндаи Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи эҳтироми он, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат вазифаи шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Пас, Парчами давлатӣ моро ба як ҳадафи умумӣ – ҳифзи Истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободонии Ватан ва бунёди ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин ҳидоят менамояд. То замоне ки ин арзишҳо дар шуури шаҳрвандон ҷойгоҳи устувор доранд, Парчам ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, сарбаландӣ ва ягонагии миллати тоҷик парафшон хоҳад монд.

РАҲИМОВ Анвар Зуҳурович,

ходими калони илмии шуъбаи

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ