Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асари маъруфи таърихшиноси тоҷик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр гардид.
Ин асари бунёдӣ, ки ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик бахшида шудааст, аз ҷумлаи корҳои арзишманди илмии таърихнигории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Тарҷумаи асарҳои муҳими олимону адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ бо ҳадафи муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва дастрас намудани мероси илмии кишвар ба хонандагони хориҷӣ анҷом дода мешавад.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом шудааст.
Муҳаққиқон аз Олмон, Британияи Кабир, Фаронса, ШМА ва Ватикан дар тақризҳои навиштаи худ тарҷумаи китобро ба забони олмонӣ, ки яке аз забонҳои муҳими илмӣ мебошад, иқдоми саривақтӣ ҳисобида, онро дар шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик нақшофар арзёбӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки тарҷумаи олмонии китоби “Тоҷикон” доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Чунончи профессори Институти омузиши ҷаҳони қадими Донишгоҳи Ню Йорк ШМА Гунвор Линдстрём дар тақризи худ ба тарҷумаи китоби “Тоҷикон” бо забони олмонӣ таъкид мекунад, ки “ «Тоҷикон» як ҳуҷҷати таърихӣ мебошад,ки дар ду ҷанба ифода меёбад : он ҳам шаҳодати таърихнигории шӯравӣ дар беҳтарин шакли эмпирикӣ ва байнифаннии он ва ҳам хулоса барои дарки анъанаҳои илмии Осиёи Марказӣ мебошад.”
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии “Ферлаг Восток Берлин” бо мусоидати Фонди Конрад Аденауэр ба табъ расид.
Профессор Гунвор Линдстрём дар бораи сифати маводи тарҷумашуда ва маҳорати тарҷумони китоб чунин ибрози андеша менамояд: “ Тарҷумон Соҳибназар Ғайратшо бо кори донишмандона ва дақиқи худ саҳми муайяне дар дастрас кардани асари асосии Ғафуров дар кишварҳои олмонизабон гузоштааст. Ғайратшо, мисли худи Ғафуров, таҳқиқоти илмиро бо дурнамои васеъ ва фарогири фарҳангӣ муттаҳид мекунад - ҳамчун як таърихшинос, сиёсатмадор, дипломат ва космополит дар минтақае, ки таърихи он ҳамеша дар таниш байни фитнаҳои маҳаллӣ ва пайвастагии байналмилалӣ қарор дошт”
Профессори Донишгоҳи ба номи Оттои Фридрих Бамберг (Германия) Кристоф Вернер низ дар тақризи худ ба тарҷумаи китоби “Тоҷикон” бо забони олмонӣ чунин менависад. «Тоҷикон» асари даврӣ аст, ки таърихро на ҳамчун солномаи хушк, балки ҳамчун раванди зиндаи рушди инсонӣ муаррифӣ мекунад.”
Дар фарҷоми сухан ҷоиз ба таъкид аст,ки тарҷума ва нашри асари маъруфи таърихшиноси тоҷик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ба забони олмонӣ як руйдоди муҳими илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб гардида,он барои муаррифии таърихи миллати тоҷик дар фазои илмии Иттиҳоди Аврупо ва хусусан дар ҳавзаи олмонизабон мусоидат хоҳад кард.
ҲАЙДАРЗОДА Рустам,
Директори
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ