×

ТАҲЛИЛИ ИЛМИИ КИТОБИ ДАРСИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА ВА НОМЗАДИ ИЛМҲОИ СИЁСАТШИНОСӢ КАРОМАТУЛЛОҲ ҚАЛАНДАРЗОДА «САРВАРШИНОСӢ .ДАР АСОСИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

Бозгашт ба мавод

ТАҲЛИЛИ ИЛМИИ КИТОБИ ДАРСИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА ВА НОМЗАДИ ИЛМҲОИ СИЁСАТШИНОСӢ КАРОМАТУЛЛОҲ ҚАЛАНДАРЗОДА «САРВАРШИНОСӢ .ДАР АСОСИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

ИОМДОА Сиёсат 18-11-2026 ш.Душанбе
ТАҲЛИЛИ ИЛМИИ КИТОБИ ДАРСИИ АКАДЕМИК ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТЗОДА ВА НОМЗАДИ ИЛМҲОИ СИЁСАТШИНОСӢ КАРОМАТУЛЛОҲ ҚАЛАНДАРЗОДА «САРВАРШИНОСӢ .ДАР АСОСИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

Дар шароити мураккаб гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои геополитикӣ ва зарурати таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ масъалаи нақши сарварии сиёсӣ дар таъмини суботи ҷомеа, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ аҳаммияти хоссаи илмӣ ва амалӣ пайдо менамояд. Дар чунин шароит омӯзиши сарварии сиёсӣ танҳо дар доираи назарияи сиёсатшиносӣ ва давлатшиносӣ маҳдуд намегардад, балки бо масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ, дипломатия, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сулҳ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин нуқтаи назар, китоби дарсии академик Қобилҷон Хушвахтзода ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Кароматуллоҳ Қаландарзода «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст, ҳамчун асари дорои аҳаммияти муҳими илмӣ-таълимӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Мазмуни асар, махсусан дар робита бо масъалаҳои давлатдорӣ, сарварии сиёсӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва нақши шахсият дар равандҳои сиёсӣ, имкониятҳои васеи таҳлили байнисоҳавиро фароҳам меорад.

Дар китоби мазкур ниҳоди сарварии сиёсӣ дар мисоли мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтааст, ки аз лиҳози назариявӣ ва амалӣ аҳаммияти муҳим дорад. Зеро омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат имкон фароҳам меорад, ки хусусиятҳои ташаккул ва рушди сарварии сиёсӣ, нақши роҳбарияти сиёсӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии кишвар мавриди дарки амиқ қарор дода шаванд. Ҳамзамон, таҳлили мактаби давлатдории Пешвои миллат барои муайян намудани робитаи сарварии сиёсӣ бо арзишҳои конститутсионӣ, волоияти қонун, сулҳофарӣ, рушди дипломатия ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоиди илмӣ ва маърифатӣ фароҳам меорад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимми илмии мавзӯи китоб робитаи сарварии сиёсӣ бо ҳуқуқи байналмилалӣ ва низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар воқеияти имрӯза сарварии сиёсӣ на танҳо бо қобилияти ташкили идоракунии дохилии давлат, балки бо масъулияти иштирок дар муносибатҳои байналмилалӣ, эҳтиром ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ низ арзёбӣ мегардад.

Дар ин замина, боби 15-уми китоб таҳти унвони «Сарвари давлат - Асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аҳаммияти махсус касб менамояд. Мавҷудияти ин боб имкон медиҳад, ки нақши сарварии сиёсӣ дар ташаккул ва пешбурди сиёсати хориҷии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор гирад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсати хориҷии давлат бояд дар асоси эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии онҳо, ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ амалӣ карда шавад. Аз ин лиҳоз, баррасии масъалаҳои сиёсати хориҷӣ дар робита бо сарварии сиёсӣ барои дарки робитаи мутақобилаи давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Омӯзиши мактаби давлатдории муосири Тоҷикистон дар партави меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳаммияти махсус дорад. Аз ҷумла, принсипҳои баробарҳуқуқии соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ, ҳамкории байнидавлатӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷумлаи меъёрҳои бунёдие мебошанд, ки барои дарки хусусияти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти сарварии сиёсӣ заминаи назариявӣ фароҳам меоранд.

Дар ин замина, маводи китобро метавон аз нуқтаи назари робитаи мутақобилаи сарварии сиёсӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ низ арзёбӣ намуд. Зеро фаъолияти сарварони сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо масъалаҳои таъмини амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, густариши дипломатияи бисёрҷониба, ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ ва ташаккули муносибатҳои созандаи байни давлатҳо алоқаманд мебошад.

Ҷанбаи дигари муҳимми арзиши илмӣ ва иҷтимоии мавзӯи мазкур робитаи сарварии сиёсӣ бо сулҳофарӣ ва фарҳанги сулҳ мебошад. Таҷрибаи давлатсозӣ дар шароити муноқишаҳои сиёсӣ ва зарурати барқарор намудани суботи ҷомеа нишон медиҳад, ки сулҳ танҳо набудани низоъ нест, балки раванди мураккаби ташаккули эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими институтҳои давлатдорӣ мебошад.

Дар ин робита, зербанди 5.3-и китоб таҳти унвони «Сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат ҳамчун заминаи бамиёноии ниҳоди сарварӣ ва мактаби  давлатдории Пешвои миллат дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар» аҳаммияти хоссаи илмӣ ва маърифатӣ дорад. Ин бахш барои баррасии масъалаи сулҳофарӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сарварии сиёсӣ ва арзёбии нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа замина фароҳам меорад. Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи сулҳофарӣ дар Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти дохилидавлатӣ, балки дорои арзиши муайяни байналмилалӣ низ мебошад, зеро он аҳаммияти муколама, гуфтушунид, созиш ва истифодаи воситаҳои осоиштаи ҳалли ихтилофотро дар пешгирӣ ва бартараф намудани низоъҳо инъикос менамояд.

Аз ин ҷиҳат, омӯзиши таҷрибаи сулҳофарӣ ва нақши сарварии сиёсӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ метавонад барои дарки аҳаммияти механизмҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатии пешгирии низоъҳо мусоидат намояд. Дар шароити муосир ин масъала на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки арзиши байналмилалӣ низ дорад, зеро таъмини сулҳу субот, пешгирии низоъҳои мусаллаҳона ва рушди ҳамкориҳои созанда аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо назардошти ин, масъалаҳои дар китоб баррасишавандаи сарварӣ ва давлатдориро метавон бо консепсияи сулҳи устувор, фарҳанги муколама, дипломатияи пешгирикунанда ва масъулияти давлатҳо дар назди ҷомеаи байналмилалӣ пайванд дод. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки таҷрибаи давлатдории миллӣ на танҳо аз нигоҳи дохилидавлатӣ, балки ҳамчун заминаи омӯзиши механизмҳои сулҳофарӣ ва ҳамзистии осоиштаи давлатҳо низ мавриди таҳлил қарор гирад.

Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ низ яке аз самтҳои муҳимми таҳлили илмии мавзӯи мазкур мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги умумии ҷомеа дар ташаккули эҳтиром ба қонун, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими волоияти қонун нақши муҳим дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин мафҳум доираи васеътар пайдо намуда, на танҳо донистани қонунгузории миллӣ, балки шиносоӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, арзишҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон ва механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳоро низ дар бар мегирад.

Аз ин нуқтаи назар, аҳаммияти таълимию тарбиявии китоби мазкур дар он ифода меёбад, ки масъалаҳои сарварии сиёсӣ ва давлатдорӣ метавонанд ҳамчун заминаи мусоид барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ хизмат намоянд. Хусусан, дар замони муосир, ки ҷомеа бо таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои фаромиллӣ ва мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ рӯ ба рӯ мебошад, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Ҳамзамон, робитаи байни маърифати ҳуқуқӣ ва сулҳофарӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ҷомеае, ки дар он эҳтиром ба қонун, ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги муколама ташаккул ёфтааст, барои пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳалли осоиштаи ихтилофот ва таҳкими суботи ҷамъиятӣ имкониятҳои бештар дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши сарварии сиёсӣ  бо тарбияи ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги сулҳ пайванди устувор дорад.

Ҷанбаи сеюми муҳимми арзёбии китоб нақши сарварии сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷаҳони муосир бо маҷмӯи мушкилоте рӯ ба рӯ гардидааст, ки ҳалли онҳо аз имкониятҳои як давлат берун буда, ҳамкории муштараки ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамоянд. Тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои об, таъмини амнияти озуқаворӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии муноқишаҳо, муҳоҷирати байналмилалӣ, таъмини рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд.

Дар ин раванд сарварии сиёсӣ ҳамчун яке аз омилҳои ташаккул ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳо ва ҷалби имкониятҳои дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти умумибашарӣ баромад менамояд. Самаранокии чунин фаъолият дар заминаи эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ, принсипҳои ҳамкории баробарҳуқуқона ва масъулияти муштараки давлатҳо арзёбӣ мегардад.

Дар ин замина, боби 16-уми китоб  «Пешвои миллат — поягузори дипломатияи муосир ва ҳимоятгари манфиатҳои геополитикию геостратегии кишвар»  идомаи мантиқии баррасии масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дипломатия яке аз воситаҳои асосии татбиқи сиёсати хориҷии давлат буда, дар ҳалли осоиштаи баҳсҳо, пешгирии низоъҳо, густариши робитаҳои байнидавлатӣ ва таҳкими эътимоди байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ворид намудани масъалаи ташаккул ва рушди дипломатияи муосир ба мазмуни китоб барои амиқтар дарк намудани робитаи сарварии сиёсӣ, сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аҳаммияти назаррас дорад.

Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими фарҳанги сулҳ барои омӯзиши робитаи сарварии сиёсӣ бо дипломатияи байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад. Ин самтҳо нишон медиҳанд, ки масъалаҳои марбут ба сарварии сиёсӣ метавонанд берун аз доираи манфиатҳои маҳдуди миллӣ баромада, бо ҳадафҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои ҷомеаи байналмилалӣ пайванд пайдо намоянд.

Аз ин лиҳоз, арзиши илмии мавзӯи китобро метавон дар имконияти омӯзиши нақши сарварӣ дар ташаккули фарҳанги ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва пешбурди рӯзномаи масъалаҳои глобалӣ низ мушоҳида намуд. Чунин муносибат барои фаҳмиши муосири сарварии сиёсӣ, ки дар он ҷанбаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бо ҳам алоқаманданд, аҳаммияти назаррас дорад.

Ҷанбаи дигари қобили таваҷҷуҳ робитаи сарварии сиёсӣ бо ташаккули низоми устувори муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар шароите, ки ҳалли масъалаҳои муосир истифодаи механизмҳои дипломатӣ, гуфтушунидҳо, созишномаҳои байналмилалӣ ва институтҳои бисёрҷонибаро талаб менамояд, нақши роҳбарияти сиёсӣ дар ташаккули фазои эътимод ва ҳамкории байнидавлатӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиши сарварӣ дар робита бо ҳуқуқи байналмилалӣ метавонад барои таҳияи равишҳои нави илмӣ дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намояд.

Аз ҷиҳати методологӣ, бартарии чунин муносибати байнисоҳавӣ дар он аст, ки падидаи сарварии сиёсӣ ҳамзамон аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва давлатшиносӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад. Ин равиш барои васеъ намудани доираи таҳқиқоти илмӣ ва амиқтар дарк намудани робитаи байни давлатдорӣ, ҳуқуқ, дипломатия ва сулҳу амнияти байналмилалӣ имконият фароҳам меорад.

Дар баробари ин, китоб дорои аҳаммияти муҳими таълимӣ ва тарбиявӣ буда, бешак дар баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқшиносӣ саҳми арзанда мегузорад. Маводи он инчунин барои омӯзиши масъалаҳои сарварии сиёсӣ, идоракунии давлатӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва фарҳанги сулҳ заминаи муфиди таълимӣ фароҳам меорад.

Ба андешаи мо, аҳаммияти махсуси асар дар он ифода меёбад, ки он имконият медиҳад, масъалаи сарварии сиёсӣ на танҳо ҳамчун падидаи дохилидавлатӣ, балки дар доираи равандҳои мураккаби ҷаҳони муосир ва муносибатҳои байналмилалӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирад. Маҳз чунин фаҳмиши васеъ барои ташаккули мутахассисони дорои ҷаҳонбинии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ, ки қобилияти таҳлили равандҳои муосир ва дарки масъулияти давлату ҷомеаро доранд, аҳаммияти калон дорад.

Дар маҷмӯъ, китоби дарсии академик Қобилҷон Хушвахтзода ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Кароматуллоҳ Қаландарзода «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат» аз ҷиҳати мавзӯъ, фарогирии масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва имкониятҳои таҳлили илмии сарварии сиёсӣ дорои арзиши назарраси таълимию маърифатӣ мебошад. Махсусан, баррасии сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат, нақши сарварӣ дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди дипломатияи муосир, инчунин омӯзиши ин масъалаҳо дар робита бо ҳуқуқи байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ аҳаммияти байнисоҳавӣ ва байналмилалии асарро бештар равшан менамояд.

Хулоса, китоби дарсии мазкур барои омӯзиши масъалаҳои сарварии сиёсӣ ва давлатдории муосир ҳамчун сарчашмаи муфиди илмӣ-таълимӣ маҳсуб мешавад.  Аҳаммияти он дар шароити имрӯза, пеш аз ҳама, дар фароҳам овардани замина барои дарки робитаи сарварии сиёсӣ бо арзишҳои ҳуқуқӣ, масъулияти байналмилалӣ, сулҳофарӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва зарурати ҳамкории муштараки давлатҳо дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ифода меёбад. Махсусан, фарогирии масъалаҳои сиёсати сулҳпарварона, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосир дар сохтори китоб имкон медиҳад, ки нақши сарварии сиёсӣ дар таҳкими сулҳу субот ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад.

Бо назардошти аҳаммияти назариявӣ, таълимӣ ва иҷтимоии мавзӯи асар, он барои истифода дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, раванди таълими фанҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқони соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, давлатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ муфид аст

МАҲМАДУЛЛОЗОДА Нурулло Раҳматулло,

муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва  Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ