×

ДАРСИ СУЛҲ-ТАТБИҚКУНАНДАИ “ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА”

Бозгашт ба мавод

ДАРСИ СУЛҲ-ТАТБИҚКУНАНДАИ “ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА”

ИОМДОА Сиёсат 20-08-2026 ш.Душанбе
ДАРСИ СУЛҲ-ТАТБИҚКУНАНДАИ “ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА”

        Ҳар сол 1-сентябр дар тамоми гушаву канори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна оғози соли нави таҳсил бо гиромидошт кардани  “Рузи дониш” ва “Дарси сулҳ” истиқбол гирифта мешавад.  Анъанаи таҷлили рӯзҳоизикршуда, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1-уми сентябр ҳамчун рӯзи оғози соли таҳсил муқаррар гардида аст. Ҳар сол ин рӯзи муқаддас бо номи «Дарси Сулҳ» таҷлил мегардад, ки аҳамияти он дар таъмини амният ва рушду шукуфоии ҷомеа ниҳоят бузург аст. Ҳамчун анъана рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яке дониш ва дигаре  сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар робитаи мустаҳкам ва ҷудонашаванда  доранд. Агар дар кишвари азаизамон сулҳу оромӣ пойдор намебуд, баргузории “Рузи дониш” ва оғози соли нави таҳсил ғайриимкон мегардид. Дарси сулҳ насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу суббот даъват менамояд.

    Сулҳ фақат  як калима    як  сухани оддӣ  як мафҳуми сиёсӣ нест, ки  танҳо талаффуз  карда шавад вай  як мафҳуми васеъ ва  пурмуҳтавоеро ифода  мекунад,  сулҳ  як эҳсос, як муносибат ва як рафтор аст. Аз ин рӯ,    калимаи сулҳ танҳо маънои оромӣ ва набудани ҷангро надорад, он беҳтарин неъмати бузурги  зиндагӣ  аст, он рамзи амонӣ, оштиву фарзонагӣ, таҷассумгари шодию нишот, осудагӣ, амният, оштӣ, дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи  мардумон  мебошад.   Сулҳ бояд пеш аз ҳама дар оила, мактаб  ва ҷомеа ҷойгоҳи сазовори худро  пайдо намояд, зеро маҳз аз муҳити солиму осоишта, ҳурмату эҳтироми ҳамдигар, меҳрубонӣ ва фарҳанги сулҳ  ташаккул меёбад.  Дар фазои чунин иқдомҳои пеш гирифта, дар амалигардонии ташаббусҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Хишти аввал гар ниҳад  мемор каҷ,

                                    То ба охир меравад девор каҷ.

   Дар ҳамин маврид, нафақат нақши омузгор балки  нақши волидайн  низ аҳамияти хосса пайдо мекунад, зеро онҳо дар тарбияи фарзандон ва бунёди ҷаҳонбинии онҳо нақши муҳим мебозанд. Шоирону донишмандон беҳуда нагуфтаанд, ки ҳама гуна тарбия ва одобу ахлоқи инсон аз оила оғоз меёбад.  Чун аввалин дарси инсондустӣ, меҳрубонӣ, таҳамулгароӣ ва эҳтиром маҳз аввалини тарбия, одобу ахлоқ дар муҳити оила ибтидо мегирад, зеро оила нахустин мактаби инсон ба шумор меравад.  Нақши зан  дар тарбияи насли сулҳпарвар  ҳимоятгари арзишҳои сулҳу субот ва ҷонибдорӣ ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта хеле муҳим аст.

           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати  омузгоронро ҳамеша  қадрдонӣ карда, дар суханҳои худ ба  мақоми волои омӯзгор эҳтироми хосса зоҳир мекунад. “Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд”.

  Мафҳуми сулҳро ҳар як касбдон   метавонад ба донишу таҷрибаи худ   шарҳ диҳад, омӯзгор маърифат меафзояд, равшанфикр  бо андешаи созанда тарғиб мекунад,  роҳбар бо сухан мардумро муттаҳид месозад,  аҳли қалам эҷодкорон  бо қалам ғояҳои сулҳро инъикос менамоянд, таърихшиносон  такя ба воқеаҳо ва таҷрибаи таърихи, падару модар бошад бо тарбияи фарзандонашон.

Дар ин рӯз ҳазорон нафар кӯдакон бори аввал барои таҳсил дар синфи якум ба остонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – боргоҳи илму маърифат қадам мегузоранд. Дарси якум барои хонандагоне, ки соли аввал дар саҳни мактаб қадам мемонанд як рузи фаромушнашаванда ва оғози ҳаёти нав, қадами аввал ба ҳаёти мустақил мебошад.

  Ҳамин тариқ,    омузгори ҳақиқӣ дарси аввали “Рузи дониш”-ро бо дарси сулҳ оғоз мекунад, бояд кӯшиш кунад, ки ин эҳсосро дар қалби ҳар як хонанда  бедор созад,  ин    шарти муҳими зиндагии шоистаи ҳар як хонанда  мебошад. То дар қалби ҳамагон  эҳтиром ба сулҳу ваҳдат, дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандустӣ   ҷой гирад.  Дарси сулҳ меҳру муҳаббат, дустӣ ва эҳтироми кудаконро нисбат ба ядигар таҳким бахшида, онҳоро муттаҳид месозад  ва дар як фазои кушоди сулҳу ваҳдат чун як оилаи бузург дуст  сарҷамъ ба ҳам меорад, дар дили кудакон ҳисси бародари ва самимиятро парвариш медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар муассисаҳои гуногуни кишвар иштирок ва суханронӣ намуда, насли наврасу ҷавонро ба донишомӯзи ва сулҳу ваҳдати миллӣ даъват менамояд.

ДОДХУДОЕВА Зинатмо,

мудири коргузори

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ