×

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ХИРАДСОЛОР, СОЗАНДА ВА ОБОДКОР!

Бозгашт ба мавод

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ХИРАДСОЛОР, СОЗАНДА ВА ОБОДКОР!

ИОМДОА Дигар 06-11-2026 ш.Душанбе
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ХИРАДСОЛОР, СОЗАНДА ВА ОБОДКОР!

Ҳар сол 16 - уми ноябрро мардуми бофарҳанг, созанда, ободкор ва озодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент бошукуҳу шаҳомати беандоза ва дастовардҳои меҳнатии хеш ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат, мардуми саховатпеша ва бонангу номуси Тоҷикистон ҳам дар маҳалҳо ва ҳам дар ноҳияҳову вилоятҳо ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ даст ба корҳои ободониву созандагӣ зада, бо дили гарм гӯшае аз диёри ҷаннатосои ватанамонро ободу зебо мегардонанд. Онҳо бо такя ба роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ташкили зиндагии осуда, ором ва ободонии макони зисти худ, ҷамоа, ноҳия ва вилояти хеш, дар маҷмуъ ба хотири ободонии Ватани азизамон- Тоҷикистон саъю кўшиш менамоянд. Дар умум, масъалаи ободу зебо гардонидани кишвар, зебову кабудизор ва гулзор гардонидани боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо ба як њаракат, љумбиш ва ё мусобиќаи умумимиллӣ табдил ёфтааст. Њар як нафаре, ки имконият дорад, кўшиш ба харљ медињад, ки гўшае аз дења, љамоа, ноњия ва шањри хешро ободу зебо гардонад. Дар натиљаи дилсўзї ба Ватан ва эњтиром ба Пешвои миллат, мардум дар мањалњои зисташон ба сохтмони пулњо, мактабҳо, њаммомҳо, каналу љўйборњо, њамвору ќирпўш кардани роњњо, ташкили боѓњо ва парвариши нињолњои мевадору сояафкан, кабудизоркунї, сохтмони манзилњои зисти њозиразамон ва тозаву озода нигоњ доштани хонаву мањалњои зисташон аз тањти дил мењнат мекунанд. Дар раъси ин Њаракат худи Љаноби Олї - Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалї Рањмон истодаанд.

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми сафарҳояшон ба хориҷи кишвар, ба давлатҳову ҷумҳуриҳои гуногун дар бозгашт ба Ватан ҳатман бордони ҳавопаймояшонро аз гулу гиёҳҳои камёб ва ниҳолҳои гуногуни ороишотии нодиру зебо ва мутобиқ ба обу ҳавои Тоҷикистон пур карда ба Ватан меоваранд. Ин иқдомҳо нишони онанд, ки Пешвои миллат ба рушди муҳити зист, зебогии шаҳрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зебоипарастии ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд.

Имрўз ин сарсабзӣ ва зебоии шаҳри Душанбе, гулкории чаманистонҳо, боғҳои истироҳатӣ, сабзу хуррам гардидани хиёбонҳо ва майдонҳои атрофи идораҳою муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ худ ба худ ба вуҷуд наомадаанд. Ҳамаи ин натиҷаи саъю кӯшиши зиёд, роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз шаҳри Душанбе, шаҳри гулҳо ва сабзаҳои зебо гардидааст. Ҳамаи ин ободониву сарсабзӣ, созандагиву зебоии пойтахт аз завқи баланди эстетикӣ ва зебоиипарастии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки зери сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ба самти зиндагии зебо, муҳити тоза ва меъмории муосир қадамҳои устувор мегузорад.

         Асосгузори сулњу вањдат, Пешвои миллат дар бисёре аз суханронињояшон мардумро ба ободу зебо гардонидани ватани аљдодияшон, мањалли зисташон даъват намуда, борњо фармудаанд, ки мо бояд барои ояндагони худамон як Ватани ободу зебо ва сарсабзу озода ба мерос гузорем ва ин ватани мањбубро, ки номаш Тољикистон аст, сидќан дўст дорем.

Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳоти кишвар - ин башорат ва ибтикори ободкорист, ки дар он сохтмони мактабҳо, роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, идораҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, музейҳо, тӯйхонаҳо ва боғҳо, инчунин обод гардонидани гӯшае аз минтақаҳои камободӣ ба амал меояд. Ин сафарҳо имконият медиҳанд, ки бо чашми дигар ба шароити хонаву дар ва маҳалли зист назар карда, мушкилоти мардумро бевосита дарёфт ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо чораҳо андешида шаванд. Дар маҷмуъ, ин раванд ба монанд ва наздик кардани деҳот ба шаҳрҳо мусоидат намуда, рушди ҳамгиро ва муътадили ҳамаи минтақаҳои кишварро таъмин мекунад.

Минҷумла, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвари мо моҳи ҷашнҳо буд. Ҳануз ҳам ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаву муассисаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35 солагии Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти оморӣ, дар панҷ соли гузашта, бо заҳмату талош, ташаббусҳои хайрхоҳонаи шаҳрвандон, соҳибкорони эҳсонкору ватандӯсту боҳиммати Тоҷикистон бештар аз 36 ҳазор иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд. Агар мо иншооти сохташударо ба соҳаҳо тақсим намоем, чунин сурат пайдо мешавад: корхонаву коргоҳҳои саноатӣ-1200, дар соҳаи маориф-зиёда аз 3100 иншоот, соҳаи тандурустӣ-1050 иншоот, майдончаҳои варзишӣ-960 иншоот, соҳаҳои хизматрасонӣ-2275 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Умуман, дар 35 соли Истиқлол аз тарафи соҳибкорону ашхоси саховатманди мамлакат бештар аз 3300 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёда аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 2080 иншооти варзишӣ ва 5100 иншооти хизматрасонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Чорабиниҳое, ки ба ифтихори ин ҷашни бузург дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе доир карда шуданд, натанҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буда, обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоштанд.

Рӯзи 2 октябри соли 2026 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашн гирифтани 40 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Дар Фармон омадааст:

 Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон 9 сентябри соли 2031 баргузор карда шавад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, истиқлолу озодӣ, инчунин, равияи ватансозиву давлатсозӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва дар шароити орому осуда зиндагӣ кардани аҳолиро аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлату Ҳукумат муайян кардаанд.

Дар пайи чунин талошҳои бардавом, ҳоло шаҳри Душанбе дигар шинохта намешавад. Дар тамоми гӯшаю канор ва маркази пойтахт сохтмонҳо ва корҳои ободонию созандагӣ бо суръати баланд ҷараён доранд. Касоне, ки чанд сол пеш, бар асари нооромии солҳои навадум, кишварро тарк карда буданд ва ҳоло барои дидорбинӣ бо хешу табор ё бо кори дигар ба Душанбе меоянд, ҳайрон ва ҳатто роҳгумзада мешаванд. Ин таҷдид ва ободонӣ нишон медиҳад, ки пойтахти кишвар бо шарофати роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба шаҳри муосир, зебо ва обод табдил гаштааст.

Боз як масъалаи муҳими дигари ҷомеа ин амнияти шаҳри Душанбе ва фазои суботи тамоми кишвар як падидае ноёбу нодир дар минтақа мебошад. Се-чор сол пеш, шаҳри Душанбе аз ҷониби созмонҳои муътабари умумиҷаҳонӣ дар қатори аввали шаҳри дорои амнияти комил ворид гардида буд. Дар асл ҳам ҳолат чунин аст. Агар солҳои 90-умро бо имрӯз муқоиса намоем, фарқ аз замин то осмон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар таъмини амният низ нақши асосиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидаанд. Дар муддати кӯтоҳ амнияти умумӣ на танҳо дар Душанбе, балки дар тамоми қаламрави кишвар таъмин гардид. Ин дастоварди бузург нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар заминаи Истиқлол ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба як кишваре бо амнияти комил ва суботи пойдор табдил ёфтааст.

 Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст, ки чорабиниҳои бузургтар ва сермеҳмонтарро дар сатҳи олӣ бо муваффақият баргузор намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Ба ин гуфтаҳо телеграммаҳои табрикотӣ, дар рӯзи мавлуди эшон, ки дар саҳифаҳои рӯзомаҳо ба табъ расидаанд гувоҳ шуда метавонанд. Ба хусус, баъди аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳодоти Президенти муҳтарами мо сол аз сол обруву эътибори Пешвои миллати мо боло рафта истодааст. Чун пешниҳоди навбтияшон ба сулҳ вобаста буд ва онро тақрибан тамоми дунё пазируфтааст, Созмони Милали Муттаҳид метавонад, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дорои “Мактаби сулҳофаринӣ” ва таҷрибаи – ғанӣ мебошанд “Раиси сулҳи умумиҷаҳонӣ “таъйин” (интихоб) намояд.

Мо, ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадорем, ки дастовардҳои истиқлолияти давлатиамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста барои созандагӣ, ободкорӣ ва зебову сарсабз гардонидани кишварамон кӯшиш намоем. Аз ҷумла, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи меҳвари ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои Сарвари давлат буда, моро водор менамояд, ки бо самимияту эҳтиром ва содиқона ба Пешвои муаззами миллат арҷ гузорем.

Рӯзи Президенти кишварро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯем.

ХОЛНАЗАРОВ Назар,

ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои - и АМИТ