×

ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАМГИРОИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бозгашт ба мавод

ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАМГИРОИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИОМДОА Сиёсат 09-10-2026
ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ  ҲАМГИРОИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар ҳошияи  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон,

8- 9 октябри 2026

Маврид ба зикр аст, ки санаи 8 октябр соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.

Зимни суханронӣ Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.Захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.

Зиёда аз 35 сол мешавад, ки панҷ кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон-и Осиёи Марказӣ  ба истиқлолияти комил ноил гардидаанд. Ин  давраи  таърихӣ барои рушд додани ҳамкориҳои минтақавӣ ва ба вуҷуд овардани ҳамгироӣ заминаҳои хубро фароҳам овард. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо шумули  Озарҷойбон  дар ин даврон ба мисли  далатҳои бузурги ҷаҳон тавонистанд роҳу ташаббусшҳои созандаро, ки ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҷаҳон пайвастагӣ дорад ба  амал оварда,  муаррифӣ намоянд. Раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии ҳар кадоми онҳо оғоз гардида, марҳилаи аввали талошҳо барои ҳамгироӣ дар доираи созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ шуд, дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли 1993 дар Ишқобод ва Тошкент   ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа бештар таъкид гардид, ки  дар заминаи он соли 1993 Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ дар замони 35 соли истиқлолияти давлатҳо таъсис ёфт. Дар доира ҳамаи он  беш аз панҷоҳ лоиҳаи муштарак таҳия шуданд, ки дар доираи форуму ҷалаҳои пайвастаи муштараки кишварҳо Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказиро аз  самти  ҳамгироии иқтисодӣ ба ҳамгироии сиёсӣ роҳнамоӣ намуд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мураккабшавии масоили сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, кишварҳои минтақаро ногузиранд, ки чунин пайвандҳоро нигоҳ дошта, равнақу рифҳои зиндагии мардумони худро дар доираи сулҳу субот ва дӯстиву ҳамсоягӣ беҳтару бештар ҳифз намуда, заминаҳоро барои  бо ҳам наздиктар монданро таҳкиму тавсеа бахшанд. Дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон  дар Туркманистон ин ҷо  мехоҳем ба чанд  руйдоду нуктаи муҳими зерин ишора  намоем, ки  дурнамои пайвандҳои муштараки ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро беҳтару хубтар таҳким мебахшад:

–барои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Озарбойҷон  истиқлоли геополитикӣ маънои доштани қобилияти мустақилонаи қабули қарорҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, бидуни вобастагии шадид аз қудратҳои хориҷӣ буда, пайваста  ба ҳифзу ҳимояи  истиқлоли минтақа такя мекунад;

–мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ  дар доираи тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии саммитҳои «С5+1» ва Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал заминаҳои хубро  дар  пайдо кардани раванди ҳамгироӣ фароҳам  намудааст;

–кишварҳои минтақа дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал муштаракона кору фаъолият карда, барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз»-и минтақаро, ки дар чаҳорчӯби мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ата тасдиқ шудааст, амалӣ мекунанд;

–дар санаи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон  аввалин нишасти сетарафаи се давлати Осиёи Миёна барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа ва рушди саноативу сайҳатӣ миёни мардумони он  баргузор гардид, ки  аҳамияти сиёсиву амниятӣ, падидаи таърихӣ буда, як қадами устувор дар раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пайки равшан аз истиқлоли геополитикӣ мебошад;

–кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо нигоҳ доштани истиқолият, таъмини амният ва рушди устувор ҳамчун давлатҳои таърихӣ зери номи “Мовароуннаҳр “ дар миёни Шарқу Ғарб ва Осиёи Ҷанубӣ нақшу аҳамияти геополитикӣ ва геостратегии минтақаро нишон медиҳад;

–ҳамаи кишварҳои минтақа сиёсатеро пеш гирифтанд, ки байни Русия, Чин, Амрико ва Аврупо мувозинатро нигоҳ дошта, зери сиёсати «дарҳои кушода» ва «мутавозин» мувозинатро бо тамоми кишварҳо ва қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкорӣ доранд;

–сиёсати чандвекторӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаи ҷаҳонӣ самараноктарин роҳбурди сиёсӣ собит шудааст;

–ҳамгироӣ аз оғози истиқлолияти сиёсии кишварҳои минтақа ҳамчун зарурати таъхирнопазири идомаи ҳамкориҳои таърихӣ дошта, Осиёи Марказӣ дорои  бостонӣ  доранд, ки дар қисми шимолии минтақа нахустин одамон  пайдо шудаанд;

–кишварҳои минтақа дар як минтақаи ҷуғрофӣ қарор дошта, пайваста зарурат ба истифодаи сарвақтии муштараки захираҳои табиӣ ва иқтисодӣ  ба коркарду корбурдҳои хуб  дорад;

–кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои фаровон буда, мероси хоҷагии халқи шӯравӣ, вобастагии иқтисодӣ, коммуникатсияҳои умумӣ, роҳҳои нақлиётӣ, низоми ягонаи энергетикӣ, қубурҳои нафту газ низ кишварҳоро дар пайванди муштарак нигоҳ медорад;

–дар гузашта ҳамаи кишварҳои муосири Осиёи Марказиро ба таври пурра ва ё қисман ба Аморати Бухоро ва хонигарии Қуқанд ва империяи Россия шомил буданд;

–Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода, Президенти кишвар ба  “Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст” ҳамеша таъкид менамояд;

–Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев қайд менамояд, ки: “Муносибатҳои мутақобилаи зич бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мо ниҳоят заруранд, ки ба сарҳадҳои умумӣ, алоқаҳои бавуҷудомадаи хоҷагидорӣ, пурракунӣ ва вобастагии мутақобилаи иқтисодӣ, умумияти таърихӣ ва қавмӣ-фарҳангӣ вобастаанд”;

–кишварҳои Осиёи Марказӣ узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд, ки  дар он  барномаҳои инфрасохторӣ боиси эҷоди робитаҳои нав ва инчунин бунёди иншооти нави низомӣ гардидаанд;

–фарҳанг ва таърихи муштараки Осиёи Марказӣ «яке аз камтар муттаҳидшудатарин минтақаҳои ҷаҳон» ба шумор меравад;

–дипломатияи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Ҳиндустону Покистон  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ гардида, «муҳити стратегӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон, таъмини амният дар минтақаҳои ҳамсояи Ҳиндустон, рушди ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва пойдории субот аз самтҳои  калидӣ мебошанд;

–роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия, инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд;

Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки дар доираи модели мактаби  сулҳу созандагии  Тоҷикистон ва  чунин корбурду  амалҳои мақсаднок ва ҳамоишҳои гуногун ба хусус сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон заминаи воқеии рушди ҳамгироии минтақавӣ гашта, инъикосгари манфиати мутақобила, ҳалли дастаҷамъонаи мушкилиҳои умумӣ, афзоиши мубодилаи иқтисодию фарҳангӣ ва болоравии сатҳи зиндагии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад гашт.

РАҲМОНОВ Мирсаид,

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон