×

ИСТИҚЛОЛ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

Бозгашт ба мавод

ИСТИҚЛОЛ - НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ!

ИОМДОА Таърих 15-09-2026 ш.Душанбе
ИСТИҚЛОЛ - НЕЪМАТИ  БЕБАҲОСТ!

         Сивупанҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввалҳои моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

        Истиқлолият ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

       Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Шукри ободии ин Ватан, шукронаи ин сарзамин, шукри ин Сарвару ин марди хирадманди саховатпеша мекунем, ки бо ташаббуси бевоситаи он кас ба сохтумони як қатор неругоҳҳои хурду бузург, аз қабили Сангтӯда 1, Сангтӯда 2, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма – Қароқурум, нақби Анзоб, Шар-Шар ва ғ. шурӯъ карда шуда буд, ки айни ҳол мавриди истифода қарор доранд.

         Мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва бояд дарк намоем, ки 30 соли Истиқлолият чун зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон намуд ва меваҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба бор оварад. Мо метавонем доир ба пешрафтҳои миллати тоҷик дар тамоми соҳа ҳарф занем, ки зури қалам ба ҳамаи он намерасад. Дар даврони истиқлол миллати тоҷик, шаҳрҳои қадимаи худро дар робита бо тасдиқи археологҳои франсавӣ ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ дар ЮНЕСКО дохил намуд. Бо ибтикор ва мақсадҳои некбинонаи Пешвои миллати тоҷикон тамоми роҳҳои Тоҷикистон мумфарш, роҳҳои зеризаминӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон, истгоҳҳои хурду бузурги обӣ-барқӣ, заводу фабрикаҳо ба кор андохта шуд. Ҳамзамон, соҳаи хоҷагии қишлоқ ва саноат рушду нуму ёфт.

       Дар замони истиқлолият халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир мушарраф гардидааст. Бунёди як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқию обӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати озод ва мустақил аст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддун мебошанд. Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунандаи гуфтаҳои болост. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёнажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳони Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносанд, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф мебошад.

         Таърих собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ бидуни соҳибистиқлолии комил арзишҳои бунёдӣ надорад. Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои халқу мамлакати тоҷикон аз муттаҳидӣ ва меҳандӯстии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки миллати сулҳпарвари мо пас аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои фарҳанги баланд, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат буданд, ҳастанд ва мемонанд.

         Сокинони кишвари озоду азизи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор доранд, ки сию як сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода,  аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Имрӯз ҳифзи Истиқлол танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Вазифаи насли имрӯза аз он иборат мебошад, ки бо дониш, меҳнати созанда, худшиносии миллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дастовардҳои 35-соларо таҳким бахшида, барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистон заминаи устувор гузорад.  Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

 

ТАҒОЕВА А.С.

ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ