Дар шароити афзоиши низоъҳо ва ҷангҳо байни бархе аз давлатҳо, инчунин таъсири рӯзафзуни тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камшавии захираҳои об, обшавии босуръати пиряхҳо ва шиддат гирифтани мушкилоти экологӣ, масъалаи идоракунии устувори захираҳои обӣ ба яке аз самтҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари масъул ва ғамхор нисбат ба насли имрӯза ва ояндаи башарият дар ду даҳсолаи охир тавонистааст мавқеи худро ҳамчун ташаббускори фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад.
Тағйирёбии иқлим то ҳол яке аз муҳимтарин ва мубрамтарин мушкилоти ҷаҳони муосир боқӣ мемонад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони оби тоза ва манбаи асосии ташаккули пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, тайи ду даҳсолаи охир як қатор ташаббусҳои муҳим ва саривақтиро дар соҳаи об роҳандозӣ намудааст. Ин ташаббусҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим ҷалб намуда, зарурати ҳамкории дастаҷамъонаро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ даъват менамояд. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мусоидат намудаанд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар соли 2026 идомаи мантиқии сиёсати хориҷии кишвар дар самти пешбурди дипломатияи об ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт арзёбӣ мегардад. Ҷоизаи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи саҳми арзандаи шахсиятҳо, олимон, коршиносон, ташкилотҳо ва муассисаҳое мебошад, ки дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об, ҳифзи муҳити зист ва ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим нақши муассир доранд, равона мегардад.
Таъсиси ҷоиза дар заминаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки дар он масъалаҳои об ва иқлим ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои сершумореро пешбарӣ намудааст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ гардидаанд. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи байналмилалӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, ки ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бахшида шудаанд. Ин ташаббусҳо Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об табдил дод.
Дипломатияи об «қудрати нарм»-и кишвари мо ба ҳисоб меравад. Тавассути дипломатияи об Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист нуфуз ва эътибори байналмилалии худро афзоиш диҳад ва худро ҳамчун кишвари масъулиятшинос дар ҳалли мушкилоти глобалӣ муаррифӣ намояд. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад ҳамчун як воситаи нави институтсионалии дипломатияи об арзёбӣ гардад. Агар қатъномаҳои СММ ба ташаккули меъёрҳо ва рӯзномаи байналмилалӣ мусоидат карда бошад, ҷоизаи мазкур ҳамчун механизми ҳавасмандсозӣ ва қадрдонии шахсиятҳое, ки дар татбиқи ин рӯзнома саҳми назаррас мегузоранд, равона карда шудааст. Мутобиқи фармони таъсиси ҷоиза, номзадҳои эҳтимолии он метавонанд чунин гурӯҳҳоро дар бар гиранд:
¾ сиёсатмадороне, ки сиёсати онҳо ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд;
¾ олимон ва коршиносони байналмилалӣ дар масъалаҳои об ва иқлим;
¾ ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
¾ муассисаҳо ва шахсоне, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалии об саҳми назаррас гузоштаанд;
¾ ташаббускорони ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об.
Аз ин нуқтаи назар, ҷоиза на танҳо воситаи қадрдонӣ, балки майдони нави ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи дониш дар соҳаи об ва иқлим мебошад. Таъсиси ҷоиза натиҷаи мантиқии силсилаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об мебошад. Ин ташаббусҳо дар тӯли беш аз бист сол асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии дипломатияи оби Тоҷикистонро ташаккул додаанд.
1. Соли байналмилалии оби тоза (2003)
Соли 1999 Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Қабули ин ташаббус аз ҷониби СММ аввалин дастоварди бузурги байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об гардид.
2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015)
Ин ташаббус ба беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ равона гардида, аз ҷониби зиёда аз 140 давлат дастгирӣ шуд.
3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)
Ин иқдом барои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самти идоракунии захираҳои оби фаромарзӣ ва пешгирии ихтилофҳои вобаста ба об аҳамияти калон дошт.
4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028)
Ин ташаббус ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори СММ, махсусан ҳадафи 6 (таъмини дастрасӣ ба об ва беҳдошт), мусоидат мекунад.
5. Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025)
Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва захираҳои обӣ равона шудааст.
6. Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Муайян гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи манбаъҳои обро ба сатҳи нави сиёсати байналмилалӣ баровардааст.
Дар ин замина, таъсиси ҷоиза қадами навбатӣ дар рушди дипломатияи об ба ҳисоб меравад, ки ба қадрдонӣ ва ҳавасмандсозии фаъолиятҳои байналмилалӣ дар соҳаи об нигаронида шуда, ба рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ дар самтҳои гидрология, тағйирёбии иқлим, сиёсати экологӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ мусоидат намояд. Ҷалби олимон ва муассисаҳои илмӣ ба раванди рақобат барои дарёфти ҷоиза метавонад фаъолияти тадқиқотиро дар масъалаҳои об густариш диҳад ва имконият фароҳам меорад, ки таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти идоракунии об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо муайян ва тарғиб карда шаванд. Ин раванд ба татбиқи самараноки сиёсати экологӣ ва рушди устувор дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об яке аз муҳимтарин иқдомҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сиёсати байналмилалии об ба шумор меравад. Ин ҷоиза на танҳо воситаи қадрдонии дастовардҳои илмӣ ва сиёсӣ дар соҳаи об мебошад, балки ҳамчун модели нави дипломатияи об барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ хизмат мекунад.
Дар маҷмӯъ, ҷоиза идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли байналмилалии оби тоза (2003) оғоз гардида, то соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва таъсиси ин ҷоиза дар соли 2026 идома ёфтааст. Маҳз, ҳамин силсилаи ташаббусҳо боиси ташаккули мафҳуми «Раванди оби Душанбе» гардида, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз марказҳои муҳими дипломатияи ҷаҳонии об муаррифӣ намудааст. Дар оянда, ин ҷоиза метавонад ба яке аз бонуфузтарин мукофотҳои байналмилалӣ дар соҳаи об табдил ёфта, нақши муҳимро дар сафарбар намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим иҷро намояд.
Соҳиби Баҳруло,
ходими калони илмии
шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ