×

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ: ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ИНСТИТУТСИОНАЛИЗАТСИЯИ ПЕШСАФИИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Бозгашт ба мавод

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ: ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ИНСТИТУТСИОНАЛИЗАТСИЯИ ПЕШСАФИИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

ИОМДОА Сиёсат 17-06-2026 ш.Душанбе
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ: ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ИНСТИТУТСИОНАЛИЗАТСИЯИ ПЕШСАФИИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Муқаддима

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июни соли 2026 таҳти №1184 «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» на танҳо як санади нави ҳуқуқӣ, балки як рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи таҳаввулоти муосири сиёсати ҷаҳонии об, афзоиши таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об маъно ва аҳамияти махсус касб мекунад.

Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ таъсиси чунин ҷоиза ба марҳалаи нави институтсионализатсияи дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора мекунад. Агар ибтикороти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир бештар дар шакли пешниҳодҳо, қатъномаҳо ва корпояҳои (платформаҳои) муколама амалӣ мегардиданд, акнун созукори (механизми) нави ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд, ки метавонад ба рушди дониш, навоварӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об такони ҷиддӣ бахшад.

Об ҳамчун масъалаи марказии амнияти глобалӣ

Дар қарни XXI масъалаи об тадриҷан аз доираи як захираи табиӣ ба сатҳи яке аз омилҳои калидии амнияти байналмилалӣ баромад. Созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои пешрафтаи таҳлилӣ борҳо таъкид намудаанд, ки дар даҳсолаҳои наздик рақобат барои захираҳои об метавонад ба яке аз омилҳои асосии ташаннуҷи геополитикӣ табдил ёбад.

Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолии тӯлонӣ, афзоиши аҳолӣ ва рушди саноатӣ ба захираҳои об фишори бесобиқа ворид мекунанд. Дар чунин шароит зарурати пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ ва ҷалби иқтидори илмӣ беш аз пеш эҳсос мегардад.

Маҳз дар ҳамин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти глобалӣ пайдо мекунад. Ҷоизаи нав ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии беҳтарин таҷрибаҳо, дастовардҳои илмӣ ва ибтикороти байналмилалӣ метавонад ба ташаккули фарҳанги нави ҳамкорӣ дар масъалаҳои об мусоидат намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субекти фаъоли дипломатияи об

Дар чанд даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун яке аз пешоҳангони дипломатияи байналмилалии об муаррифӣ намудааст. Силсилаи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид масъалаи обро ба яке аз самтҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ табдил дод.

Дар натиҷа Тоҷикистон аз кишвари танҳо дорои захираҳои бузурги об ба кишвари ташаббускор ва ташаккулдиҳандаи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об табдил ёфт.

Аз ин ҷиҳат таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ҳамин сиёсати хориҷӣ мебошад. Агар пештар Тоҷикистон барои ба вуҷуд овардани рӯзномаи байналмилалии об талош мекард, имрӯз барои ташаккули элитаи ҷаҳонии дониш ва амалияи соҳаи об низ саҳм мегирад.

Моҳияти илмӣ ва институтсионалии ҷоиза

Матни фармон чор самти асосии фаъолияти ояндаи ҷоизаро муайян менамояд:

1.     рушди ҳамкории байналмилалӣ;

2.     таҳқиқоти илмӣ;

3.     сиёсати устувор;

4.     ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим.

Ин рӯйхат нишон медиҳад, ки ҷоиза танҳо ба дастовардҳои техникӣ ё муҳандисӣ маҳдуд намешавад. Баръакс, он тамоми занҷираи дониш ва амалро фаро мегирад: аз илм ва навоварӣ то дипломатия ва сиёсатгузорӣ.

Аз нигоҳи назарияи институтсионалӣ чунин ҷоиза метавонад ба созукори (механизми) тавлиди «неруи нарм» (soft power) табдил ёбад. Кишварҳое, ки ҷоизаҳои байналмилалии сатҳи баландро таъсис медиҳанд, тадриҷан ба марказҳои маънавӣ ва зеҳнии соҳаҳои муайян мубаддал мегарданд. Чунон ки ҷоизаҳои маъруфи байналмилалӣ дар бахшҳои илм, сулҳ ва рушди устувор ба ташаккули шабакаҳои ҷаҳонии дониш мусоидат намудаанд, ҷоизаи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад дар соҳаи об чунин нақшро иҷро кунад.

Пайванди об ва тағйирёбии иқлим

Ҷанбаи муҳими фармон дар он аст, ки масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим ҳамчун як маҷмуи ягона баррасӣ шудаанд.

Ин равиш комилан ба контсепсияҳои муосири илмӣ мувофиқат мекунад. Имрӯз аксари таъсироти тағйирёбии иқлим маҳз тавассути об зоҳир мешаванд:

-обшавии босуръати пиряхҳо;

-тағйирёбии режими дарёҳо;

-зиёдшавии селу обхезиҳо;

-камшавии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ;

-хушксолии шадид;

-таҳдид ба амнияти озуқаворӣ.

Барои Тоҷикистон, ки қисми зиёди захираҳои оби минтақа аз ҳудуди он сарчашма мегирад ва пиряхҳои он ҳамчун «манораҳои оби Осиёи Марказӣ» хизмат мекунанд, ин робита аҳамияти вижа дорад.

Аз ин ру ҷоиза метавонад ба яке аз корпояҳои (платформаҳои) асосии байналмилалӣ барои пуштибонии тадқиқот ва ташаббусҳое табдил ёбад, ки робитаи байни об ва иқлимро меомӯзанд.

Ҷоиза ба сифати сармоягузорӣ ба ояндаи илм

Яке аз паҳлуҳои муҳимтарини ин иқдом таъсири он ба рушди илм мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавии дониш ҷоизаҳои байналмилалӣ танҳо воситаи қадрдонӣ нестанд. Онҳо созукори (механизмҳои) ташаккули мактабҳои илмӣ, шабакаҳои тадқиқотӣ ва контсорсиумҳои байналмилалӣ мебошанд.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад:

-муҳаққиқони ҷавонро ба омӯзиши масъалаҳои об ҷалб намояд;

-ҳамкории донишгоҳҳо ва марказҳои илмиро густариш диҳад;

-тадқиқоти байнисоҳавиро ташвиқ кунад;

-навовариҳои технологиро дар соҳаи истифодаи оқилонаи об дастгирӣ намояд;

-робитаи илм ва сиёсатгузориро тақвият бахшад.

Бо мурури замон ин ҷоиза метавонад ба яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини эътирофи байналмилалӣ дар соҳаи об мубаддал гардад.

Миқёси геополитикии ташаббус

Дар муносибатҳои байналмилалии муосир кишварҳо бештар тавассути эҷоди идеяҳо ва густариши арзишҳо рақобат мекунанд.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳамин гурӯҳи абзорҳои стратегӣ мебошад. Он метавонад мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун:

-кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об;

-маркази муколамаи байналмилалӣ;

-ҷонибдори рушди устувор;

-пешоҳанги дипломатияи иқлимӣ

тақвият бахшад.

Дар шароите ки масъалаҳои об тадриҷан ба яке аз меҳварҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил меёбанд, чунин иқдом барои таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар аҳамияти дарозмуддат дорад.

Хулоса

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июни соли 2026 дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро метавон ҳамчун марҳалаи нави рушди сиёсати байналмилалии оби кишвар арзёбӣ кард.

Ин ҷоиза аз доираи як созукори (механизми) мукофотонӣ хеле фаротар меравад. Он рамзи гузариш аз ташаббускорӣ ба институтсионализатсияи пешсафии байналмилалӣ дар соҳаи об мебошад. Агар ибтикорҳои пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об мусоидат карда бошанд, ҷоизаи нав метавонад ба ташаккули ҷомеаи ҷаҳонии дониш, навоварӣ ва ҳамкорӣ дар ин арса саҳми муассир гузорад.

Дар давраи афзоиши хатарҳои иқлимӣ ва норасоии захираҳои об чунин иқдом на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти назаррас дорад. Аз ин рӯ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро метавон ҳамчун саҳми нави кишвар дар эъмори идоракунии глобалии об ва рушди устувори башарият арзёбӣ намуд.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ

мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

фиристодаи фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих