×

КОНСТИТУТСИЯ - МУҚАДДАСОТЕ, КИ ДАР АСОСИ ҒОЯИ ОЛИИ СИЁСӢ ЭҶОД ГАШТААСТ!

Бозгашт ба мавод

КОНСТИТУТСИЯ - МУҚАДДАСОТЕ, КИ ДАР АСОСИ ҒОЯИ ОЛИИ СИЁСӢ ЭҶОД ГАШТААСТ!

ИОМДОА Сиёсат 04-11-2026 ш.Душанбе
КОНСТИТУТСИЯ - МУҚАДДАСОТЕ, КИ  ДАР АСОСИ ҒОЯИ ОЛИИ СИЁСӢ  ЭҶОД ГАШТААСТ!

Дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири миллии тоҷикон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нақши меҳвариро мебозад. Қабули Конститутсияи соли 1994 на танҳо заминаҳои ҳуқуқии кишварро муайян намуд, балки ҳамчун рамзи муқаддаси соҳибихтиёрӣ, бахтномаи миллат ва ифодакунандаи ғояи олии сиёсии ҷомеа эътироф гардид. Муайян намудани моҳияти мафкуравӣ ва сиёсию ҳуқуқии ин санади тақдирсоз дар шароити глобализатсия дорои аҳамияти хоси илмӣ ва амалӣ мебошад.

Қабули Қонуни асосии соли 1994 дар шароити ниҳоят ҳассос ва буҳрони амиқи сиёсӣ сурат гирифт. Набардҳои дохилӣ ва таҳдиди парокандашавии давлат зарурати фаврии таъсиси як заминаи устувори сиёсиро ба миён овард. Таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи кории Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони барҷастаи кишвар ва бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ду лоиҳаи Конститутсияро (яке бо шакли идораи президентӣ ва дигаре парламентӣ) таҳия намуда, ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод намуд. Халқи Тоҷикистон шакли идораи президентиро интихоб намуд, ки ин омили асосии наҷоти давлат ва мутамарказкунии ҳокимият барои таъмини сулҳ гардид. Яке аз бузургтарин ҷасоратҳои сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ӯ тавонист дар вазъияти буҳронии соли 1994, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, муҳокимаи умумихалқии лоиҳаро (аз 13 апрел то 1 июли соли 1994) ва баргузории раъйпурсиро таъмин кунад. Бо пешниҳоди ӯ, лоиҳа ба масъулияти хадқ вогузор шуд ва 6 ноябри соли 1994 мардум онро бо овоздиҳии умумӣ қабул карданд, ки ин нишонаи баланди манбаи ҳокимият будани хадқ ва эътимоди халқ ба роҳбари худ буд. Сарвари давлат ҳанӯз 30 сентябри соли 1993 дар Иҷлосияи 48-уми Маҷмаи Умумии СММ ба ҷаҳониён эълон дошта буд, ки Тоҷикистон дар роҳи таҳияи Конститутсияи нави худ қарор дорад, ки он тамоми дастовардҳои башариятро дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаро мегирад. Ин иқдом боис шуд, ки созмонҳои бонуфузи дунё (аз ҷумла САҲА) Конститутсияи Тоҷикистонро ҳамчун яке аз демократитарин қонунҳои асосӣ эътироф намоянд.

Ғояи олии сиёсии Конститутсияи Тоҷикистон дар моддаи аввали он таҷассум ёфтааст, ки кишварро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон медорад. Ин панҷ рукни асосӣ на танҳо шакли идоракуниро муайян мекунанд, балки самти рушди стратегии миллатро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳанд. Асоси сиёсии ин ғоя дар он аст, ки халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, ҳуқуқи муайян кардани тақдири худро дорад.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Конститутсияи Тоҷикистон — ин ба низоми башардӯстона (гуманистӣ) нигаронида шудани он аст. Тибқи меъёрҳои конститутсионӣ, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ҳисобида мешаванд. Давлат вазифадор аст, ки ин ҳуқуқҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ин усул ба консепсияҳои муосири ҳуқуқи байналмилалӣ комилан мувофиқат намуда, заминаи рушди ҷомеаи шаҳрвандиро мегузорад. Агар дар низоми ҳуқуқии шӯравӣ манфиатҳои давлат ва идеологияи ҳизбӣ аз манфиатҳои шахс баландтар гузошта шуда бошанд, Конститутсияи соли 1994 ин принсипро комилан тағйир дод. Моддаи 5-уми Қонуни асосӣ эълон медорад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои табиии инсон дахлнопазиранд». Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки давлати Тоҷикистон мақсади фаъолияти худро дар хизмат ба инсон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда мебинад.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ тақсими ҳокимияти давлатӣ ба се шохаи мустақил — қонунгузор, иҷроия ва судӣ — кафолат ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад. Низоми «боздошт ва мувозинат», ки дар сохтори конститутсионии Тоҷикистон амал мекунад, устувории сиёсӣ ва фаъолияти самараноки институтҳои давлатиро кафолат медиҳад.

Конститутсия на танҳо маҷмӯи меъёрҳои хушку холӣ, балки як ниҳоди муқаддаси идеологӣ ва фарҳангист, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро ҳифз мекунад. Эҳтиром ва риояи қатъии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ин робитаи дуҷониба — кафолати ҳуқуқҳо аз ҷониби давлат ва иҷрои вазифаҳо аз ҷониби шаҳрванд — асоси суботи конститутсиониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии сиёсию ҳуқуқиест, ки тавонист дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ соҳибихтиёрии давлатро ҳифз намуда, роҳи рушди устувори онро муайян созад. Ғояи олии сиёсии он, ки дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд инъикос ёфтааст, ҳамчун роҳнамои стратегӣ барои насли имрӯз ва оянда хизмат мекунад. Ҳифз ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ кафолати асосии пешрафти минбаъдаи кишвар мебошад.

РАҲИМОВ Дилшод,

ходими хурди илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши маъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ