×

КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бозгашт ба мавод

КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ИОМДОА Дигар 04-11-2026 ш.Душанбе
КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин асосҳои мавҷудият ва фаъолияти давлати миллӣ мебошад. Он ҳуқуқ ва имконияти давлатро барои мустақилона муайян кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро ифода менамояд.

Конститутсия дар низоми давлатдории муосир мақоми махсус дошта,  ҳамчун асоси ташаккули ҳокимияти давлатӣ, муайянкунандаи самтҳои асоси сиёсати давлат ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф мегардад. Таърихи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки устувории давлат танҳо бо мавҷудияти ҳудуд, аҳолӣ, мақомоти давлатӣ ва истиқлоли сиёсӣ маҳдуд намешавад. Барои фаъолияти муназзам ва қонунии  давлат зарур аст, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии он муайян гардида, муносибатҳои байни давлат, ҷомеа ва шахс дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда шаванд. Маҳз Конститутсия чунин заминаи бунёдиро фароҳам меорад.

Дар шароити давлати соҳибистиқлол Конститутсия аҳаммияти  хосса касб менамояд, зеро он иродаи сиёсии халқро дар шакли меъёрҳои олии ҳуқуқӣ таҷассум намуда, асосҳои истиқлоли давлатӣ, сохтори ҳокимият, низоми фаъолияти мақомоти давлатӣ ва принсипҳои муносибати давлатро бо инсон муайян месозад.

Аҳаммияти Конститутсия, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он асосҳои ҳуқуқии соҳибихтиёрии давлатро муқаррар  намуда, ҳудуди салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва принсипҳои ташкили фаъолияти онҳоро муайян менамояд. Дар баробари ин, Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзишҳои олӣ эътироф намуда, барои ҳифзи шаъну шараф, озодӣ, амният ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи меъёрӣ фароҳам месозад.

Қобили зикр аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ масъалаи таъмини волоияти Конститутсия аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Давлати соҳибистиқлол бояд на танҳо истиқлолияти сиёсию ҳудудии худро ҳифз намояд, инчунин қобилияти мустақилона ва мутобиқи Конститутсия танзим кардани ҳаёти дохилӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худро низ таъмин созад.

Дар мавриди мафҳум ва моҳияти ҳуқуқии Конститутсия метавон қайд намуд, ки истилоҳи “Конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносии муосир барои ифодаи санади асосии давлат истифода шуда, сохтори конститутсионии давлат, принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байни давлат ва шахс, инчунин асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян менамояд. Дар давлатҳои муосир Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, тамоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба муқаррароти он мутобиқат дошта бошанд.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Конститутсия маҷмӯи меъёрҳои бунёдӣ буда, барои ташкили давлат, муайян намудани  ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои асосии инсон аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Меъёрҳои конститутсионӣ аз дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва хусусияти бунёдӣ, устувории нисбӣ ва таъсири фарогири худ фарқ мекунанд.

Дар ин замина, моҳияти Конститутсияро метавон бо нуқоти зерин дарҷ намуд:

-       Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим мекунад. Он асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тартиби таъсиси онҳо, ваколатҳои асосӣ ва принсипҳои муносибатҳои байни онро муқаррар менамояд.

-       Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ шакли таъсиси ҳокимият ва усулҳои иштироки халқро дар идоракунии давлат муайян мекунад. Дар он муносибати байни ҷомеа ва давлат, инчунин асосҳои намояндагӣ ва шаклҳои ифодаи иродаи мардум инъикос меёбанд.

-       Конститутсия ҳамчун санади иҷтимоӣ арзишҳои асосии ҷомеа, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарӣ, адолат, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва масъулияти давлатро таҷассум менамояд.

-       Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсати ҳуқуқӣ самтҳои асосии такмили қонунгузорӣ ва рушди ниҳодҳои давлатиро муайян мекунад. Қонунгузор ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо бояд ба принсипҳо ва муқаррароти конститутсионӣ такя намояд.

Аз ин рӯ, моҳияти воқеии Конститутсия на танҳо бо мазмуни матни он, балки бо дараҷаи риоя, иҷро ва ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ муайян карда мешавад.

Боиси зикр аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 эълон гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ташаккули давлатдории мустақил ва низоми ҳуқуқии миллӣ заминаи устувор гузошт. Дар шароити нав зарурати таҳияи санади асосие ба миён омад, ки мақсадҳо, принсипҳо ва механизмҳои ҳуқуқии фаъолияти давлати соҳибистиқлолро муайян намояд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раванди ҳуқуқии таҳкими истиқлоли давлатӣ аҳаммияти махсус касб намуд.  Санади мазкур асосҳои нави давлатдориро муқаррар намуда, самтҳои рушди минбаъдаи сохтори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кишварро муайян сохт. Иловатан, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси райъпурсиҳои умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ҳамчун омили муттаҳидсозандаи ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти махсус дорад. Он ба ташаккули низоми ягонаи ҳуқуқӣ, рушди муносибатҳои иҷтисодӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд бояд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Зеро, маҳз Конститутсия соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, Ваҳдати миллӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти давлатро кафолат медиҳад. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омӯзиши Конститутсия ва эҳтироми меъёрҳои он яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори  соҳибихтиёрии давлатӣ, низоми конститутсионӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз, эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи на танҳо мақомоти давлатӣ, инчунин ҳар як шарҳванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар қадар сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ баланд бошад, ҳамон қадар пояҳои давлати соҳибистиқлол устувор мегарданд.

Ҳамин тавр, Конститутсияро метавон на танҳо қонуни асосии давлат, инчунин рамзи соҳибихтиёрӣ, Ваҳдати миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва ояндаи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон низ арзёбӣ намуд.

САЛИМОВ Акбар,

ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ